Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулияти ҳамла ба додгоҳи Покистонро Толибон бар дӯш гирифт


Покистон - Ходимони пулис дар назди бинои додгоҳ баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Чорсада. 21 феврали соли 2017
Покистон - Ходимони пулис дар назди бинои додгоҳ баъд аз ҳамлаи интиҳорӣ дар Чорсада. 21 феврали соли 2017

Ҳамлаи ҷангҷӯёни Толибон ба бинои додгоҳ дар қисмати шимолиғарби Покистон панҷ кушта бар ҷо гузошт. Гуфта мешавад, ки дастикам 15 нафари дигар аз ин ҳамла захм бардоштанд.

Ҳодиса рӯзи 21 феврал дар додгоҳи минтақавии шаҳри Тангӣ рух дод, ки дар наздикии Пешовар ҷойгир аст. Ҷамоат ул-Аҳрор, ҷиноҳи Толибони Покистон, бо пахши як изҳорот масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт. Мақомот мегӯянд, се ҷангии мусаллаҳ, ки дар тан камарбанди интиҳорӣ доштанд, барои ворид шудан ба бинои додгоҳ талош карданд.

Пулис дар ҷараёни тирандозӣ ду нафари онҳоро аз байн бурд, вале нафари сеюм камарбанди ҳомили маводи мунфаҷираро дар даромадгоҳи додгоҳ ба кор андохт.

Ҳамлаи ахир идомаи силсилаи ҳуҷумҳо дар саросари Покистон аст, ки ҳафтаи гузашта беш аз 100 нафарро қурбон кард. Рӯзи 16 феврал як ҷангҷӯ худро дар зиёратгоҳи Сӯфиҳо, воқеъ дар вилояти Синд тарконд ва 90 нафарро кушта ба ҷо гузошт. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" бар дӯш гирифт.

XS
SM
MD
LG