Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷанҷоли нав дар марзи Узбакистону Қирғизистон


Мавҷгирҳои инҷо барои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бисёр муҳиманд.

Мавҷгирҳои инҷо барои вилояти Ҷалолободи Қирғизистон бисёр муҳиманд.

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки марзбонҳои Узбакистон ба як минтақаи марзии баҳсбарангез дар вилояти ҷанубии Ҷалолобод ворид шудаанд.

Кумитаи марзбонии Қирғизистон рӯзи 22-юми август гуфт, ки нерӯҳои Узбакистон 7 марзбонашонро бо чархбол дар минтақаи марзии "Карбен" дар кӯҳҳои Унгар-Тоо фуруд овардаанд, ки онҷо як мавҷгири муҳим гузошта шудааст. Ба гуфтаи дафтари матбуоти Кумита, мақомот бо марзбонони узбак дар бораи ҳалли масъала телефонӣ гуфтӯгу мекунанд.

Раёсати умури дохилии вилояти Ҷалолобод гуфтааст, ба маҳалли марзие, ки мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст, нерӯҳои иловагиро сафарбар мекунад.

Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, бо даъвати раҳбарони мақомоти марбута аз онҳо дар бораи тадбирҳо ҷиҳати тақвияти посбонии марзи кишвараш бо Узбакистон ва ҳам роҳҳои ҳалли баҳсҳои марзӣ пурсидааст. Ба қавли раиси ҷумҳури Қирғизистон, масоили марзӣ бо Узбакистон бояд бо назардошти манофеи миллӣ ҳал шавад.

Алмосбек Отамбоев

Алмосбек Отамбоев

Посухи Узбакистон ба боздошти милисааш

Мақомоти Узбакистон баъд аз он нерӯҳои марзбониро ба минтақаи баҳсбарангези марзӣ фиристоданд, ки 13-уми август дар наздикии обанбори Орто-Тоқай дар ноҳияи Алабукин дар вилояти Ҷалолобод як маъмури милисаи узбакро дастгир карда ва нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, корманди милисаи Узбакистон ғайриқонунӣ аз минтақаи таҳти назорати худаш берун омада ва ба қаламрави он кишвар ворид шудааст.

"Корманди милисаи узбакистонӣ барои он дастгир шуд, ки дар қаламрави Қирғизистон қарор дошт. Ӯ мусаллаҳ буд. Ва таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ дар ин замина идома дорад," - гуфт Жениш Раззоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон.

Ҷанҷол дар минтақаи баҳсбарангези Унгар-Тоо се сол пеш бархост. Моҳи сентябри соли 2013 марзбонони узбак дар ин минтақа фуруд омада ва парчами кишварашонро дар болои кӯҳ барафрохтанд. Вале баъди музокироту эътирози Бишкек онҷоро тарк карданд. Қирғизистон дар инҷо мавҷгире гузоштааст ва Узбакистон мегӯяд, ки ин мавҷгир набояд дар инҷо бошад.

Ҷанҷол дар минтақаи баҳсбарангези Унгар-Тоо се сол пеш бархост. Моҳи сентябри соли 2013 марзбонони узбак дар ин минтақа фуруд омада ва парчами кишварашонро дар болои кӯҳ барафрохтанд.

Бишкек мегӯяд, ки ин минтақа мушаххас ва аломатгузорӣ нашудааст ва иддаои Узбакистон дуруст нест. Вале баҳори соли 2016 вакилони мардумии маҳаллии Карбен гуфтанд, ҳукумат ба онҳо як санадеро барои тасвиб фиристодааст, ки дар он омадааст, мавҷгир ба ҷойи дигар кӯчонда шавад, зеро кӯҳи Унгарто қаламрави Узбакистон маҳсуб мешавад. Вале баъдан мақомоти Қирғизистон ин гуфтаро рад карданд ва гуфтанд минтақа ҳануз таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Мавҷгири Карбен дар кӯҳи ҷанҷолӣ

Мавҷгири Карбен дар болои кӯҳи Унгар-Тоо 40 сол аст, ки кор мекунад ва аз тариқи он мавҷи барномаҳои радиову телевизионӣ ва телефонӣ мегузарад. Дар инҷо, инчунин, мавҷгирҳои ширкатҳои телефони мобилӣ гузошта шудаанд, ки иртибот бо вилояти Ҷалолободро таъмин мекунанд.

Дар сурати қатъ кардани кори мавҷгир, пахши барномаҳои радиову телевизион ва ҳам иртиботи телефонӣ номумкин мешавад. Узбакистону Қирғизистон 1000 километр марзи муштарак доранд ва бо вуҷуди гузашти 25 сол аз замони суқути Шӯравӣ 300 километри он ҳанӯз таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG