Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони эълони қисме аз натоиҷи интихоботи Афғонистон дар рӯзи шанбе


Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон мегӯяд, ки бахше аз натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва шӯроҳои вилоятӣ дар ин кишвар, имрӯз, 12-уми апрел эълон мешаванд.

Нурмуҳаммад Нур, сухангӯи Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи ҷумъа ба Радиои Озодӣ гуфт, ба пояи қонуни комиссияи интихобот, барои эълони натиҷаҳо, бояд орои бештар аз 20 вилоят шумурда шавад. Вай афзуд: "Фикр мекунам ки сар аз рӯзи шанбе мо метавонем дарсадии натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро эълон кунем ва пас аз он дар 24-уми апрел дарсадии бештар ва билохира дар 14-уми май натиҷаҳои ниҳоӣ эълон хоҳад шуд."

Ба гуфтаи Нурмуҳаммади Нур, онҳо тибқи дастурамал ва механизми тартибшуда, тақрибан ҳар рӯз ва ё ҳадди ақал ҳар ҳафта якбор дарсадии натоиҷро эълон мекунанд то мардум бидонанд, ки кадоме аз номзадҳо дар сабқат барои мақоми президентии он кишвар пешгом мебошанд.

Масъулони Комиссияи мустақили интихобот мегӯянд, ки онҳо омодаи эълони натоиҷи бархе аз интихобот ҳастанд, аммо бояд бештар аз 50 дарсади маводи интихоботи вориди система шавад, то битавонанд бар пояи он бархе аз натиҷаҳоро эълон кунанд.

Нурмуҳаммади Нур гуфтааст, ки орои 13 вилоят ба таври пурра ба марказ интиқол дода шуда ва ҳамчунон қисмати зиёди варақаҳои раъйдиҳӣ аз вилоятҳои боқимондаи вилоятҳо низ ба маркази ҷамъоварии натиҷаҳо расидааст. Вай афзуд, ки ҳоло ҳудуди 20 то 25 дарсади маводи интихоботи вориди система шудааст. Бар иттилои Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон, раванди интиқоли сандуқҳо аз вилоятҳо ба дафтари марказии ин ниҳод дар Кобул, ҳанӯз ҳам идома дорад.

Дар ҳоле, ки то кунун натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон эълон нашудаанд, аммо дар чанд рӯзи баъд аз интихобот, бархе аз номзадҳо даъвои пештозӣ карданд. Аммо ин Комиссияи мустақили интхоботи Афғонистон аст, ки натиҷаҳои расмиро эълон хоҳад кард ва баранда ва бозандаи ин сабқати таърихӣ дар ҳаёти сиёсии Афғонисторон маълум хоҳад намуд.

Интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 5-уми апрел баргузор шуд ва дар он беш аз 7 миллион нафар раъйдиҳанда ширкат карданд. Барои ин мақом ҳашт нафар сабқат карданд ва тибқи назарсанҷиҳо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, аз ёрони фармондеҳи шаҳир Аҳмадшоҳи Масъуд, аз пуштибонии бештари мардумӣ бархӯрдор будааст. Аз Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Зулмай Расул низ ба унвони номзадҳои матраҳ ном бурда мешавад.
XS
SM
MD
LG