Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вакилони Зайд Саидов: "Иттиҳоми таҷовуз беоқибат нест"


Исҳоқ Табаров

Исҳоқ Табаров

Вакилони дифои Зайд Саидов мегӯянд, ки мақомот то ҳол "қурбонии таҷовуз"-ро бо зерҳимояи онҳо рӯ ба рӯ накардаанд.

Исҳоқ Табаров, яке аз вакилони Зайд Саидов рӯзи сешанбе дар нишасти матбуотӣ бо радд кардани иттиҳоми раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар мавриди таҷовуз ба номус гуфт, ки "ҳанӯз рӯзи 16 июни соли ҷорӣ ариза аз сӯи духтарак ва модар ворид шуда ва парванда низ ба ҳамин таърих боз шудааст, аммо то кунун на мо ва на Зайд Саидов он духтаракро надидем."

Ҷаноби Табаров афзуд, ки "танҳо модари ин духтари ноболиғро бо Зайд Саидов рӯ ба рӯ карданд ва мо ҳам ӯро дидем. Ин зан ба ҳангоми рӯбарӯкунӣ танҳо ба як нукта нигоҳ мекард."

Ин вакили дифоъ гуфт, ки "шиносоии Зайд Саидов гӯё дар муҳоҷират дар яке аз шаҳрҳои Русия сурат гирифтааст, аммо Зайд Саидов мегӯяд, ки шаҳре, ки онҳо номбар кардаанд, аслан дар он ҷо набудааст."

Фахриддин Зокиров, яке дигар аз вакилони дифоъи Зайд Саидов сабаби ин ҳама иттиҳомоти нав ба нав, аз ҷумла порагирӣ, таҷовуз ба номус ва ғайраро ба он рабт медиҳанд, ки "Зайд Саидов хеле марди ҳассос аст ва ин айбномаҳоро сахт қабул мекунад, яъне руҳияи ӯро коста кардан аст."

Бо ин ҳама иттиҳоми таҷовуз, ба ақидаи вакилони Зайд Саидов, бе оқибатҳои ҳуқуқӣ нест, балки қадами хеле санҷидашудае аз сӯи Ожонсии зиддифасод аст. Зеро, мегӯянд вакилон, азбаски духтари даъвогар намехоҳад, ки исмаш ошкор шавад, бо ин баҳона метавонанд додгоҳи Саидовро пушти дарҳои баста ва табъан аз чашми ҷомаи пинҳон доир кунанд.


Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров

Фахриддин Зокиров дар нишасти хабарии рӯзи 30 июл гуфт, ки "он чӣ дар нишасти хабарӣ Фаттоҳ Саидов гуфт, ки санҷиши фаъолиятҳои Зайд Саидов 1, 5 соли пеш оғоз шуда бошад, ин нодуруст аст ва ҳатто худи Зайд Саидов хабар надорад."

Ҷаноби Зокиров мегӯяд, тибқи қонун дар сурати оғози парвандаи ҷиноятӣ бояд ҷавобгар огоҳ бошад. Барои ҳамин ин вакили мудофеъ мегӯуяд, ин иддаоҳо "нофаҳмо" боқӣ мемонанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи оқои Зокиров, Зайд Саидов дар якуним соли пеш вакили маҷлиси шаҳрӣ буд ва чӣ тавр мақомот парвандаи боз мекунад, ки вай аз он огаҳӣ надошт? Ӯ ҳамчунин иттиҳоми раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар мавриди хусусӣ шудани 15 иншоот тавассути Зайд Саидовро рад кард.

Фахриддин Зокиров гуфт, ки дар бархе аз ин иншоот теъдоди ками саҳмияҳо, 5 дарсади саҳмияҳо, ба Зайд Саидов ва ё пайвандони вай марбут мегирад. Вай дар ин росто аз "Тоҷиказот" ном бурд, ки дар қаламрави шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон воқеъ аст.

Вай гуфт, «дар рӯйхати ироакардаи мақомоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар бораи иншооти воқеъ дар бинои вазорати фарҳанг сухан меравад, ки гӯё аз сӯи Зайд Саидов хусусӣ карда шуда бошад, аммо дар асл бар асоси сӯҳбате, ки бо Хайрулло Саидов, писари Зайд доштем, ин на ба Зайд ва на ба ҳеҷ як аз пайвандони вай таааллуқ надорад.»

Вакили дифоъ дар бораи корхонаи коркарди санги мармар, ки ба Латофат, хонуми Зайд Саидов тааллуқ дорад, гуфт, ки дар воқеъ ин корхона ҳоло ҳам фаъолият дорад ва ҳеҷ гуна даъвое нисбати он нест. Аммо дар бораи корхонаи муштараки "Апрелевка", ки ба Зайд нисбат дода шудааст, "саҳеҳ" нест ва аслан Зайд ба он иртибот надорад.

Ҳамин тавр, ин вакили дифоъ иттиҳоми раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсияро дар маврид хусусӣ шудани 15 иншоот тавассути Зайд Саидов "нофаҳмо" арзёбӣ кард ва гуфт, ки худи Зайд Саидов дар бораи аксарияти ин корхонаҳо иттилоъ надорад.

Хусусисозии иншоот

Ҷаноби Зокиров мегӯяд, чун раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар бораи хусусисозии иншоотҳо сухан мекунад, ки додгоҳ ин хусусисозиро бекор накардааст. Аз сӯи дигар вай афзуд, ки раиси Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар бораи имзои вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ суҳбат мекунад ва мегӯяд, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, дар ҳоле, ки ҳеҷ гуна санаде тартиб дода нашудааст ва "муаммо" низ он аст, ки бо гузашти 6 - 7 сол ҳамакнун дар ин бора сӯҳбат мешавад.

Дар бораи истифодаи маҳсулоти пастсифат дар "Душанбе - Плаза"


Зайд Саидов

Зайд Саидов

Фахриддин Зокиров иддаои раиси Оҷонсии мубориза бо корупсия дар бораи истифода шудани маҳсулоти пастсифат дар "Душанбе - Плаза" аз сӯи ширкати "Тоҷсохтмон байналмилал"-ро, ки ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, низ рад кард. Зеро ҷаноби Зокиров мегӯяд, раиси Оҷонсӣ дар ҳоле дар бораи истифодаи маҳсулоти пастсифат сӯҳбат мекунад, ки қабл аз сохтмони иншоот маҳсулот аз сӯи комиссияи вижа қабул шуда буд ва сохтмонро низ комиссия қабул карда буд ва корҳои сохтмонӣ низ ба умури сохтмонӣ ва меъморӣ мувофиқат мекард ва риоя шудаааст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин, ин вакили дифоъ мегӯяд, «иддао дар бораи изофанависӣ дар ин сохтмон ба воқеият мувофиқат намекунад ва мо мушаххас кардем, ки ҳеҷ гуна корҳои изофанависӣ дар истифодаи маҳсулот, корҳои фаршӣ ва зербиноӣ сурат нагирифтааст.»

Аз сӯи дигар вакили дифоъ мегӯяд, "Тоҷсохтмон байналмилал" як ҷамъият аст ва истифодаи маблағҳо ба будҷа рабте надорад. Дар ҳоле, ки мақомоти Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар бораи изофанавиии маблағҳои будҷа сӯҳбат мекунанд, маблағи 38 миллион изофанависӣ низ "муаммо" аст ва аз куҷо пайдо шудани он зери суол мебошад.

Фахриддин Зокиров, дар мавриди таъмирталаб шудани бинои "Душанбе - Плаза" гуфт, ки ин иншоот аз сӯи комиссияи давлатӣ қабул шуда буд ва муддати як сол боз фаъолият дорад ва маҳфилҳову чорабиниҳои байналмилалӣ дар ин иншоот низ барпо мешавад, чӣ тавр мешавад, гуфт, ки ин бино таъмирталаб шудааст.

Вакилони дифоъ мегӯянд, ки то кунун алайҳи Зайд Саидов бо модаҳои 319 - порагирӣ, 247 - қаллобӣ. 250 - тамаъҷӯӣ, 137 - таҷовуз ба номус, 170 - бисёрзанӣ, 124 - исқоти ҳамл ва 141 - алоқаи ҷинсӣ боз шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG