Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дилшод Раҳимов, бародарзодаи Зайд Саидовро, ки субҳи 18 ноябр ҳангоми бозгашт аз Эрон дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуда буд, шоми 18 ноябр раҳо карданд.

Дилшод Раҳимов дар як тамоси кӯтоҳ ба Озодӣ гуфт, бо шунидани хаабари марги модараш, ки як руз пеш даргузашт, аз Теҳрон баргаштааст. Наздикони Дилшод Раҳимов вале мегӯянд, шиносномаи вайро ҳанӯз барнагардондаанд.

Шӯҳрат Қудратов, яке аз 3 вакили дифоъи Зайд Саидов рӯзи 18 ноябр ба Озодӣ гуфт, Дилшод Раҳимовро шоми 18 ноябр, ҳатто барои бозпурсӣ ба Ожонсии мубориза бо фасод набурда, аз бинои раёсати милисаи нақлиёт дар фурудгоҳи Душанбе раҳо кардаанд.

Оқои Қудратов, ки субҳи душанбе хабари боздошти Дилшод Раҳимовро ба Озодӣ дод, гуфта буд, ки азбаски баррасии парвандаи вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав ба поён расид ва аз фардо, баъди анҷоми омӯзиши маводи тафтишот пурсиши шоҳидони тарафҳо шурӯъ мешавад, вакилони Саидов Дилшод Раҳимовро ба ҳайси яке аз шоҳидони асосӣ дар ҷараёни пурсиши шоҳидони иловагии тарафҳо ба Душанбе даъват карданд.

Шӯҳрат Қудратов дар сӯҳбати аввалиаш бо Озодӣ гуфта буд, ки “азбаски Дилшод Раҳимов яке аз шоҳидони асосӣ ба шумор меравад, мо ӯро даъват кардем, ки омада дар ҷараёни мурофиа шоҳидӣ диҳад. Ва ӯ имрӯз аз Ҷумҳурии исломии Эрон шахсан омад барои додани нишондод дар мурофиа. Вале Дилшод Раҳимовро алакай дар сарҳад дастгир карданд ва ба дасти маъмурони раёсати нақлиёти вазорати умури дохила супурданд. Ӯ феълан дар бинои ҳамин раёсат дар фурудгоҳ дар боздошт қарор дорад ва тибқи иттилоъе ки мо дорем, бояд ба мақомоти Ожонси мубориза бо фасод, ки тафтиши парвандаҳои Зайд Саидовро бар ӯҳда дорад, бисупоранд.”


Дилшод Раҳимов дар мурофиаи парвандаҳои вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав яке аз шоҳидони калидӣ мешуд. Вале Дилшод Раҳимов, ки яке аз шоҳидони асосӣ дар қазияи харидуфурӯши машкуки корхонаи “Тоҷикатлас” ба шумор мерафт, аз замони боздошти амакаш Зайд Саидов дар таърихи 19 май дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сар мебурд.

Мақомот вазири собиқи саноат ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони навро дар 10 ҷиноят, ҳангоми вазириаш аз соҳибкор Низомхон Ҷӯраев гирифтани “Тоҷикатлас” айбдор мекунанд. Аммо Дилшод Раҳимов дар моҳи июн дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт буд, ки дар асл ин корхонаро ӯ хариду буд ва он ҳам на аз Низомхон Ҷӯраев, балки аз нафаре бо исми Абдусамад Саидов. Баъдан маълум шуд, ки ӯ ронандаи Низомхон Ҷӯраев будааст. Дилшод Раҳимов гуфта буд, Низомхон Ҷӯраев қазияи харидуфурӯши корхонаи “Тоҷикатлас”-ро нодуруст тафсир мекунад.

Дилшод Раҳимов дар мусоҳибаи ним сол пешаш бо Радиои Озодӣ гуфта буд, нақши амакаш дар муомилоти атрофи “Тоҷикатлас” танҳо ин буда, ки Здар харидан ва баъдан дар фурӯхтани ин корхона ба ӯ кумак кардааст.

Дилшод Раҳимов дар посух ба ин суол, ки дар сурати вуҷуди замонати амнияташ оё омода аст, ба Душанбе баргардад ва дар назди мақомот посух диҳад, гуфта буд: "Ба шарте ки (тафтиш )одилона бошад, меравам, чаро не? Меравам ва шоҳидӣ медиҳам, ки ин моли ман буд. Агар як чизро харидану фурӯхтан ҷиноят бошад, ман ҷавобамро медиҳам. Вале чизеро харидан ё фурӯхтан дар Тоҷикистон магар ҷиноят аст? Ман дар ин ҷинояте намебинам."

Нахустин дастури ҳабси Зайд Саидов дар таърихи 22 май аз сӯи додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ маҳз бар асоси шаҳодати мудири собиқи корхонаи кимиёвии Исфара Низомхон Ҷӯраев содир шуда буд. Бар асоси гуфтаҳои Ҷӯраев, гӯё Зайд Саидов ҳангоми вазири саноат буданаш корхонаи “Тоҷикатлас”-ро аз ӯ гирифт ва ӯ ҳамчун зердаст илоҷи дигаре ба ҷуз аз додани ин корхонаро надошт. Бино ба гузорише, ки телевизиони давлатии Тоҷикистон нашр кард, феълан ба ҷои корхонаи “Тоҷикатлас” “Хонаи Эрон” амал мекунад, ки ба Шеърдӯст ном як шаҳрванди Эрон тааллуқ доштааст.

Аммо Зайд Саидов иттиҳоми даст доштани ӯ дар ғасби “Тоҷикатлас” ва иттиҳомоти дигари алайҳаш эълоншударо радд карда мегуфт, таъқибу боздошти ӯ ба азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад. Зайд Саидов рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ин ҳизби марказгаро хабар дод, вале дар моҳи май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, алайҳаш якбора чанд парванда кушоданд.

Дар ҳоли ҳозир, алайҳи Зайд Саидов бар асоси 10 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номуси ноболиғе ки ба синни 14 нарасидааст(моддаи 138), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, ва боздошти ғайриқонунӣ парвандаҳои ҷиноӣ кушодаанд. Мурофиаи парвандаҳои Зайд Саидов, соҳибкори маъруф ва раҳбари гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав аз 12 сентябр дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ пушти дарҳои баста идома дорад.

Зайд Саидов 54 сол дошта, соли 1999 тибқи саҳмияи сифоизаи мухолифин раиси Кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сипас аз соли 2001 то оғози соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт ва ширкатҳояш дар соҳоте, чун саноати мармар, ҷавоҳирот ва сохтмони манзилҳои баландошёна дар пойтахти Тоҷикистон пешгом буданд.

Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли ҷорӣ бо ҷамъе аз ҳамфикронаш аз таъсиси як гурӯҳи ташаббускор барои сохтани ҳизби нав хабар дод. Аммо моҳе баъд мақомот аз шурӯъи чандин парванда алайҳи ин соҳибкор хабар доданд ва ӯ рӯзи 19 май баробари баргаштанаш аз сафари Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе, дастгир шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG