Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Савченко: Омодаам барои Украина ҷон диҳам


Ukraine -- Ukrainian President Petro Poroshenko (L) meets with freed Ukrainian pilot Nadia Savchenko in Kyiv, May 25, 2016

Ukraine -- Ukrainian President Petro Poroshenko (L) meets with freed Ukrainian pilot Nadia Savchenko in Kyiv, May 25, 2016

Халабони украинӣ Надежда Савченко баъди тахминан ду соли зиндон дар Русия озод шуд ва ба Киев баргашт.

Халабони украинӣ Надежда Савченко баъди тахминан ду соли зиндон дар Русия озод ва ба Киев баргашт. Савченко дар тамоми муддати боздошташ ба як қаҳрамои миллии Украина табдил шуд ва рӯзи 25 май ӯро аз шаҳри Ростов бо ҳавопаймои президент Петро Порошенко ба Киев оварданд. Тибқи гузоришҳои матбуотӣ, Савченкоро бо ду низомии рӯ ба Маскави рус, ки дар ҷангҳои шарқи Украина боздошт карда буданд, иваз карданд. Ҳоло ҷузъиёти ин муомила пинҳон нигоҳ дошта мешавад.

Надежда Савченкои 35-сола дар баробари тарафдоронаш, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Борисполи канори Киев пешвоз мегирифтанд, гуфт, омода аст барои Украина ҷони худро фидо кунад. Дар миёни пешвозгирандаҳо модар ва хоҳари ӯ ҳам буданд. Савченко гуфт: “Ман озод шудам. Мехоҳам ба тамоми модароне, ки фарзандонашон аз майдони ҷанг барнагаштанд, барои он ки ман зинда мондам, узрхоҳӣ кунам. Аз модароне, ки фарзандонашон дар зиндонанд, барои озод шуданам узр мехоҳам.

Вале мехоҳам бигӯям ва ин ҳам ҳақиқат аст, ки ман мурдаҳоро баргардонида наметавонам, вале омода ҳастам ҳамеша барои Украина дар майдони ҷанг ҷон диҳам. Тамоми талошамро ба харҷ медиҳам, ки ҳар як фарзанде, ки дар зиндон аст, озод шавад. На ҳамаи қаҳрамонҳои Украинаро зарур аст, ки бимиранд. Вақте қаҳрамоне мемирад, ин як масъала аст, вале қаҳрамони зинда – барои дигарҳо боиси обрӯрезӣ мешавад”.

Дар маросиме бахшида ба истиқболи Савченко, президент Петро Порошенко гуфт, “ҳамон тавре ки Савченкоро баргардонидем, аз дасти ҷудоиталабон дубора назоратро бар қаламравҳои шарқии Украина ва ҳам нимҷазираи Қрим ба даст хоҳем овард”.

Савченко мегӯяд, ки аз ҷониби ҷудоиталабони рӯ ба Кремлин дар шарқи Украина моҳи июни соли 2014 рабуда шуд ва ба таври қочоқӣ ба қаламрави Русия интиқол ёфт. Додгоҳе дар Русия моҳи март Савченкоро ба 22 соли зиндон маҳкум кард ва ӯро дар куштори ду журналисти рус дар минтақаи ҷангӣ гунаҳгор кард. Худи Савченко аз оғоз тамоми иттиҳомотро рад кард.

Мурофиаи додгоҳии Савченкоро Киев ва ҳукуматҳои ғарбӣ интиқод карданд. Русия дар давоми ду соли ҷангҳо дар шарқи Украина нимҷазираи Қримро тасарруф кард ва, ба бовари ҳукуматҳои ғарбӣ, пайваста ҷудоиталабони украиниро бо силоҳҳои қавӣ ва ҳама гуна кӯмаки дигар таъмин кард. Дар ин ҷангҳо на камтар аз 9300 нафар кушта шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG