Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Шоҳзодагони ҷангталаб" болои нардбони қудрат дар Саудӣ


Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ.

Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ.

Дар кишваре, ки расонаҳои ғарбӣ онро "муҳофизакори радикал" мехонанд, подшоҳ рӯзи чаҳоршанбе бархе аз нозирони байналмилалиро шигифтзада кард.

Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ рӯзи чаҳоршанбеи 29 апрел бо судури як фармон, Муҳаммад бин Ноиф, вазири умури дохилиро ба унвони валиаҳди нав, ҷойнишини бародари худ (аз модар ҷудо) Муқрин бин Абдулазиз кард ва ба ин тартиб, барои нахустин бор дар таърихи 83-солаи ин кишвар, яке аз набераҳои Ибни Саъуд, (Малик Абдулазиз), дар роҳи расидан бар тахти салтанат қарор гирифт.

Аз замони марги бунёдгузори Арабистони Саудӣ то бо имрӯз, танҳо писарони ӯ дар ин кишвар ба подшоҳӣ расидаанд. Аммо Муҳаммад бин Ноиф ҳамонгуна, ки аз номаш маълум мешавад, фарзанди Ноиф ибни Абдулазиз аст. Шоҳзодае, ки худ як вақт валиаҳд буд, аммо пеш аз подшоҳӣ даргузашт. Малик Салмон ҳамчунин писари хабарсозаш Муҳаммад бин Салмонро, ки қаблан ба мақоми калидии вазорати дифоъ расонида буд, ба унвони ҷойнишини валиаҳд муаррифӣ кард.

Саъуд Ал-Файсал барои чиҳил сол вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ буд.

Саъуд Ал-Файсал барои чиҳил сол вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ буд.

Ва дар савумин тағйири калидӣ, Саъуд Ал-Файсал, шоҳзодае, ки 40 сол вазорати умури хориҷии Арабистони Саудиро дар даст дошт, ин мақомро ба Одил Ал-Ҷубайр, сафири Арабистон дар Амрико дод.

Муҳимтарин вижагии муштараки ҳар се тағйир, сину соли ин се нафар аст: Муҳаммад бин Ноиф 55-сола аст, Муҳаммад бин Салмон 34-сола ва Одил Ал-Ҷубайр 53-сола. Ҳар се аз бисёре бузургони хонаводаи Оли Сауд ҷавонтаранд.

Ба гуфтаи коршиносони умури Ховари Миёни Масъуд Алфак, ҷобаҷоиҳои нав, дамидани хуни ҷавон дар рагҳои кобина ва раҳбарии Арабистони Саудӣ аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ, ба ҷуз масъалаи сину сол, интиқоли мусолиматомези қудрат ба набераҳои Малик Абдулазиз, бунёдгузори Арабистони Саудӣ аз масъалаҳои дигар дар ин таҳаввулоти ахир мебошанд.

Ӯ мегӯяд, ки "нахустин масъала дастовардҳои Муҳаммад бин Ноиф дар мубориза бо Ал-Қоида ва Давлати исломӣ дар Арабистони Саудӣ аст. Дувумин нукта ҳам масъалаи ҷанги Яман ва нақши Муҳаммад бин Салмон дар ин ҷанг. "

Дар воқеъ бархе нозирон, Муҳаммад бин Салмонро яке аз тарроҳони мудохилаи низомии Арабистони Саудӣ дар Яман медонанд. Яке аз афрод Носир Ар-Рубейъӣ аст. Рӯзноманигор ва коршиноси нимҷазираи Арабистон дар Санъо, ки бовар дорад таҳаввулоти ахир дар раҳбарии Арабистони Саудӣ ба маънои қудрат гирифтани касоне аст, ки тарафдори ҳамлаи ин кишвар ба шӯришиёни ҳусӣ дар Яман ҳастанд.

Муҳаммад бин Салмон аз тарроҳони ҳамлаи ахир ба Яман гуфта мешавад.

Муҳаммад бин Салмон аз тарроҳони ҳамлаи ахир ба Яман гуфта мешавад.

Вай мегӯяд, ки "маънои вазорати умури хориҷии Одил Ал-Ҷубайр барои ман бисёр рӯшан аст. Ӯ касе аст, ки ҷанг алайҳи Яманро аз Вошингтон эълон кард. Ин вазири хориҷии нав комилан тарафдори ҷанг аст. Писари подшоҳ, яъне Муҳаммад бин Салмон, ки вазири дифоъ аст ва ҳоло ҷойнишин валиаҳд шуд, ҳам тарроҳи аслии ин ҷанг аст. Ба назарам метавон пешбинӣ кард, ки бо ин тағйирот, онҳо сиёсати минтақаии таҳоҷумро пеш бигиранд."

Илова бар ин, Муҳаммад бин Ноиф, ки ҳоло валиаҳд аст, фармондеҳи низомии амалиёти муштараки нерӯҳои эътилоф ба раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ дар Яман ба шумор меравад. Ҳамзамон ӯ ки дер ё зуд ба мақоми калидии подшоҳӣ дар Арабистони Саудӣ даст пайдо мекунад, аз ҷумлаи сиёсатмадорони он кишвар аст, ки мӯътақид мебошад, дар баробари афзоиши рӯзафзуни нуфузи Эрон дар Ховари Миёна, нақши фаъоле бозӣ кунад.

Дар замоне, ки бӯҳронҳои амиқ монанди ҷанги дохилӣ дар Сурия, заъфи ҳукумати марказӣ дар Ироқ, зуҳури гурӯҳи Давлати исломӣ ва шӯришиёни ҳусӣ дар Яман Ховари Миёнаро ҳар рӯз дар сархати хабарҳои ҷаҳон қарор медиҳад, афзоиши нуфуз ва қудрати сиёсатмадороне чун Муҳаммад бин Ноиф ё Муҳаммад бин Салмон дар Арабистони Саудӣ, чӣ маъное метавонад барои минтақа дошта бошад?

Масъуд Алфак дар посух ба ин суол мегӯяд, "дар умум метавонем бигӯем, ки Арабистони Саудӣ ба сиёсати мушти оҳанин дар Яман идома хоҳад дод. Бидуни шак мо шоҳиди бархӯрдҳои бештаре байни Эрон ва Арабистони Саудӣ хоҳем буд, магар ин ки роҳи ҳалле дар зудтарин фурсат барои ин бӯҳрон пайдо бишавад."

Дар ҳоли ҳозир бино бар бархе аз гузоришҳо, Малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ ба бемориҳои гуногун мубтало мебошад. Подшоҳи Арабистони дар ҳоли ҳозир 80-сола мебошад. Ӯ соли гузашта пас аз даргузашти бародараш Малик Абдуллоҳ бин Абдулазиз подшоҳи Арабистони Саудӣ шуд.

XS
SM
MD
LG