Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди махфии Саудия ва Исроил зидди Эрон ошкор шуд


Аз аввали соли 2014 намояндагони Исроил ва Арабистони Саудӣ барои баррасии шеваҳои бархӯрд ба душмани муштараки худ – Эрон панҷ мулоқоти махфӣ баргузор карданд.

Ин дипломатияи пасипардагӣ рӯзи панҷшанбеи 4 июн дар Шӯрои равобити хориҷии ИМА дар Вашингтон ошкор гашт. Таҳлилгароне, ки солҳост, вазъи Ховари Миёнаро дунбол мекунанд, чунин шубҳае доштанд, ки ду кишвар барои хунсо кардани Эрон аз як "дипломатияи махсус" кор мегиранд, вале акнун ин раванд дигар махфӣ нест.

Аммо то рӯзи панҷшанбе гуфтушунидҳои Исроил ва Арабистони Саудӣ ошкор карда намешуд. Арабистони Саудӣ ҳамоно расман Исроилро нашинохтааст ва Исроил тарҳи Саудияро барои таъсиси давлати Фаластин напазируфтааст.

Ин як нишасти маъмулии табодули андеша буд. Ба ҳеч гуна суол иҷоза дода нашуд. Баъд аз муаррифӣ Анвар Маҷид Ешки, генерали бознишастаи саудӣ ва мушвоири пешини шоҳзода Бандар бин Султон ва сафири собиқи Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳида ба арабӣ сӯҳбат кард. Сипас, сафири пешини Исроил дар Созмони Милал Дор Голд, ки гуфта мешавад мудири нави кулли Вазорати умури хориҷии Исроил хоҳад шуд, ба англисӣ ҳарф зад.

Ҳарчанд ин ду мард аз ду кишвари таърихан бо ҳам душман намояндагӣ мекарданд, паёмашон яксон буд: Эрон талош дорад, дар Ховари Миёна ҳоким гардад ва бояд пеши роҳи онро гирифт.

Паёми Ешкӣ махсусан пуризтироб буд. Вай ба таври кӯтоҳ таърихи Эронро баъд аз инқилоби исломӣ дар соли 1979 ёдовар шуд ва аъмоли террористӣ, гаравгонгирӣ ва таҷовузгариҳои ин кишварро зикр кард. Вай паёмашро бо як тарҳи иборат аз ҳафт банд ба поён расонд. Банди аввали он расидан ба сулҳ байни арабҳо ва Исроил буд. Дувум – тағйири режими дар Эрон, ваҳдати бештари кишварҳои араб, таъсиси нерӯҳои минтақаии ҳарбии арабӣ ва даъват барои Курдистони мустақил бо додани қаламравҳои курдии Ироқ, Туркия ва Эрон ба он.

Паёми Голд чунин азаматро надошт. Вай ҳамчунин аз ҷоҳталабиҳои минтақаии Эрон ҳушдор дод, аммо ба сарнагун кардани ҳукумати Теҳрон даъват накард. Дар робита ба Арабистони Саудӣ Голд гуфт:“Имрӯз рӯйи як саҳна истодани мо ба он маънӣ нест, ки мо ҳамаи тафовутҳои байни кишварҳоямонродар як сол ҳал кардаем, вале умедворем, дар солҳои оянда ба ҳалли пурраи ин мушкилҳо хоҳем расид.”

Элӣ Лейк, таҳлилгари Bloomberg View менависад, тасодуфӣ нест, ки мулоқоти Голд, Ешкӣ ва чанд мансабдори дигари пешини ду кишвар дар пасманзари гуфтушуниди ҳастаӣ бо Эрон ва наздик омадани он ба созишномаи ниҳоӣ рӯй медиҳад. Исроил ва Арабистони Саудӣ, ҳарду мегӯянд, ҳадафи таҳдиди барномаи ҳастаии Эрон қарор гирифтаанд, аммо дар паси мизи гуфтушуниди ҳастаӣ бо Эрон, ки охири июн ба поён мерасанд, барояшон ҷое дода нашудааст.

Дар ин байн онҳо бо ҳам гуфтушунид доштанд, то сиёсати муштаракеро дар баробари музокироти барномаи ҳастаии Эрон ташаккул диҳанд. Дар 17 моҳи гузашта намояндагони Арабистони Саудӣ ва Исроил дар Ҳиндустон, Итолиё ва Ҷумҳурии Чех панҷ даври гуфтугӯро паси сар кардаанд.

Яке аз ширкаткунандагони ин музокирот, генерали бознишастаи Исроил ва коршиноси умури гурӯҳи Ҳизбуллоҳи Лубнон, Шимон Шапиро гуфтааст: “Мо ошкор кардем, ки мушкилот, таҳдидҳо ва роҳи ҳалҳои ҳамсон дорем.” Дар ин замина ду тараф василаҳои сиёсӣ ва иқтисодии ҳалли мушкили худ бо Эронро тарҳрезӣ кардаанд, аммо ҷаноби Шапиро аз додани ҳама гуна ҷузъиёт худдорӣ намудааст.

Ешкӣ ба таҳлилгари Bloomberg View гуфтааст, то замоне ки сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу пешниҳоди Саудиро дар ҳалли масъалаи Фаластин напазирад, ҳеч гуна ҳамкории воқеӣ дар байни Арабистони Саудӣ ва Исроил ба миён нахоҳад омад.

Муносибатҳои махфии Исроил бо кишварҳои арабии Халиҷи Форс аз солҳои 1990 сар шудааст. Он вақт бархе аз кишварҳои арабӣ, ба монанди Қатар ба Исроил имкон доданд, намояндагиҳои тиҷоратӣ боз кунад. Бархи дигар, монанди Абу Забӣба хадамоти ҷосусии Исроил иҷозаи ҳузур доданд. Тадриҷан ин равобит сари Эрон қарор гирифт.

Дар якеа аз барқияҳои нашркардаи WikiLeaks дар соли 2010, вазир вақти умури хориҷии Исроил Якоб Ҳадас гуфтааст, яке аз сабабҳои наздикӣ ин буд, ки арабҳо фикр мекунанд, Исроил метавонад, манфиатҳои онҳоро дар муқобили Эрон дар Вашингтон пеш барад.

Вале шояд хостҳову орзуҳои он замон акнун ҷомаи амал мепӯшанд. Голд мегӯяд, ин як дигаргунии бузург аст. Вай дар соли 2003 бо номи “Шоҳигарии нафрат” дар бораи нақши Арабистони Саудӣ дар сармоягузории терроризм ва тундгароии исломӣ китоб нашр карда буд. Ҳоло ӯ мегӯяд, ки ин китобро дар авҷи ошӯби дувуми фаластиниҳо навишта буд. Ин ошӯбро, ба ақидаи вай, Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ мекард. Имрӯз, ба андешаи Голд, Эрон бештар ба он гурӯҳҳои фаластинӣ, ки террорро интихоб мекунанд, кӯмак мерасонад.

Чанд сол пеш асосан Исроил аз ҷоҳталабии Эрон дар Ховари Миёна изҳори нигаронӣ мекард. Бо пайванд шудани Арабистони Саудӣ ба маъракаи зиддиэронии Исроил фазо тағйир мекунад. Он дар ҳоле ки Арабистони Саудӣ аз соли 1948 ба ин нобудии Исроилро орзу мекард.

Ҳарду кишвар имрӯз аз талошҳои президенти Иёлоти Муттаҳида Барак Обама ба сулҳ бо Эрон барои он нигаронанд, ки, ба ақидаи онҳо, Эрон баъд аз ин сулҳ дар таҷовузи зидди онҳо ҷасуртар мешавад. Рӯшан нест, ки Обама ба созиши ҳастаӣ бо Эрон даст хоҳад ёфт ё на, аммо шояд дастовард, ба гуфтаи Элӣ Лейк, “бузургтари дипломатӣ”-и ӯ ин хоҳад буд, ки бо майл ба сӯи Эрон шароити ҳампаймонии Саудӣ ва Исроилро зидди он ба вуҷуд овард.

XS
SM
MD
LG