Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таърих дар мавриди ӯ қазоват мекунад". АКС


Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба
Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба

Раҳбарони кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла президенти Тоҷикистон, ба даргузашти Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба, вокуниш нишон доданд. Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико – ба хонаводаи Кастро таслият гуфта ва афзудааст, "таърих дар мавриди ӯ қазоват хоҳад кард". Обама, ки дар замони раёсати ҷумҳурии ӯ равобити Куба ва Амрико баъди даҳсолаҳо эҳё шуд, гуфтааст, "дар ин замон ки Кастро даргузашт, Амрико дасти дӯстӣ ба сӯи мардуми Куба дароз мекунад". Ба қавли Обама, ӯ худ талош кард, то ду кишвар гузаштаҳоро паси сар гузошта ва ба сӯи ҳамкорӣ дар оянда қадам бардоранд.

Фидел Кастро, ки соли 1959 бо шикасти режими Фулгенсио Батиста ба қудрат расид ва коммунизмро ҷорӣ кард, шаби 25 ноябр дар 90-солагӣ даргузашт.

Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, раҳбари инқилоби Кубаро "диктаторе бераҳм" тасвир кардааст, ки, ба гуфтаи ӯ, "наздик ба шаш даҳа мардуми худро саркӯб намуд". Ба қавли раҳбари ояндаи Амрико, "мероси Кастро дуздӣ, ранҷу дарди ғайри қобили тасвир, фақр ва нодида гирифтани усули аввалияи ҳуқуқи башар аст".

Барак Обама бо Раул Кастро, бародари Фидел Кастро ва раҳбари кунунии Куба
Барак Обама бо Раул Кастро, бародари Фидел Кастро ва раҳбари кунунии Куба

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, даргузашти Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба ва, ба қавли ӯ, "сиёсатмадори сатҳи ҷаҳониро", ки тақрибан панҷоҳ сол идораи ин кишвар дар дасташ буд, "мусибати сангину ҳузнангез" донистааст. Ин номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Раул Кастро, раҳбари феълии Куба ирсол ва дар он аз ҷумла таъкид шудааст, "хотироти Фидел Кастро ба ҳайси шахсияти бузурги давлатие, ки хислату мӯҳтавои як давраи комили рушди кишварро муайян намудааст, дар таърихи муосири Куба ба ҳамешагӣ боқӣ хоҳад монд."

Владимир Путин, президенти Русия мегӯяд, "Фидел Кастро ва рафиқонаш Кубаи озод ва мустақилро сохтанд. Табдил ба унсури таъсиргузор дар арсаи ҷаҳонӣ шуданд ва бар бисёре аз мардуми ҷаҳон таъсир доштанд. Кастро як дӯсти воқеӣ ва содиқ барои мардуми Русия буд."

Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия, дар паёме Кубаро дӯсти кишвараш тавсиф карда ва гуфтааст, “дар замони раҳбарӣ Фидел Кастро муваффақ шуд аз таҳримҳои шадид бигузарад ва ба чароғи роҳе барои озодии дигар мардуми Амрикои Ҷанубӣ ва ҳама ҷаҳон табдил шавад”. Си Ҷинпинг, раиси ҷумҳури Чин, дар баёнияе гуфт, мардуми кишвараш “дӯсти самимӣ ва рафиқи наздикро” аз даст доданд. Ӯ дар айни ҳол аз талошҳои Фидел Кастро барои бунёд гузоштани коммунизм дар Куба ва диагр гӯшаҳои ҷаҳон ситоиш кардааст.

Франсуа Олланд
Франсуа Олланд

Франсуа Олланд, президенти Фаронса, даргузашти “як шахсияти муҳими арсаи ҷаҳонро” таслият гуфта, аз кушоиши равобити Ҳавана ва Вашингтон ва Кубаву Фаронса истиқбол кардааст. Дар айни ҳол ӯ нигаронии худро дар мавриди вазъияти ҳуқуқи башар дар ҳукумати он кишвар иброз доштааст.

Вазорати умури хориҷии Туркия мегӯяд, Фидел Кастро “меросе аз арзишҳо ва идеалҳо аз худ ба ёдгор гузошт. Меросе, ки рӯшангари роҳи наслҳои ҷавон дар Куба хоҳад шуд.” Ба гуфтаи Вазорати умури хориҷии Туркия, талошҳое ки ӯ зиндагии худро сарфи он кард, дар миёни корзорҳои сиёсии мухталифе дар саросари ҷаҳон муҳтарам шумурда шуд.

Фидел Кастро
Фидел Кастро

Фидел Кастро, ки соли 1959 бо шикасти режими Фулгенсио Батиста дар Куба ба қудрат расид ва коммунизмро ҷорӣ кард, шаби 25 ноябр дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги Фидел Кастроро бародараш ва раҳбари кунунии Куба Раул Кастро ба мардум расонд ва гуфт, ки бино ба васияташ ҷасади ӯ сӯзонда мешавад.

То рӯзи 4 декабр дар Куба ба хотири даргузашти раҳбари пешини ин кишвар мотами миллӣ эълон шудааст. Аммо дар кӯчаҳои Майами дар аёлати Флоридаи Амрио бархе аз муҳоҷирони Куба, ки хонаводаашон дар замони раҳбарии Фидел Кастро ба тарки ватан маҷбур шуда буданд, аз марги раҳбари кишвари худ изҳори хушҳолӣ карданд.

XS
SM
MD
LG