Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Арабистони Саудӣ дар Бадахшон роҳ месозад


Кумакҳои башардӯстонаи Маркази хайрияи "Шоҳ Салмон" ба осебдидагони вилояти Бадахшон

Кумакҳои башардӯстонаи Маркази хайрияи "Шоҳ Салмон" ба осебдидагони вилояти Бадахшон

Маркази хайрияи “Шоҳ Салмон”-и Арабистони Саудӣ гуфтааст, дар бозсозии навоҳии офатзадаи Рӯшон ва Шуғнони вилояти Бадахшон кумак хоҳад кард.

Намояндагони Маркази хайрияи “Шоҳ Салмон”-и Арабистони Саудӣ пас аз сафар ба ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон, ки бар асари офатҳои табии соли гузашта осеб дида буданд, аз ширкати худ дар бозсозии ин манотиқ хабар додаанд.

Бино ба иттилои расмӣ, рӯзи 26 феврал намояндагони Маркази хайрияи “Шоҳ Салмон” дар ҳайати гурӯҳи корӣ нахуст ба водии Бартанг рафта ва бо миқёси осебе, ки бар асари заминларзаи соли гузашта ба ин минтақа ворид шудааст, ошно шудаанд.

Дар пайи заминларзаи шадиди рӯзи 7-уми декабри соли 2015 қисмати зиёди манзилҳои истиқоматии сокинони деҳоти Ғудара, Нисур, Рухчи ноҳияи Рӯшон тахриб шуда, ҳамчунин дар маркази ноҳия низ деҳоти Дерзуд, Баррӯшон, Деррӯшон ва Вамд хонаҳои мардум зиён дидаанд. Дар маҷмӯъ, дар қаламрави ноҳия беш аз 200 манзил комилан хароб ва 832 хонаи дигар қисман хароб шудаанд.

Ин гурӯҳи корӣ дар ҳайати вазири нақлиёт, муовини вазири энергетика ва захираҳои об ва муовини раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба водии Бартанг сафар карда ва бо вазъи зиндагии мардуми аз офати табиӣ зарардида шинос шудаанд.

Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ аз мавзеъи офатзадаи ноҳияи Шуғнон низ дидан карда ва ба коршиносони Арабистони Саудӣ се нақшаи бозсозии роҳи мошингард пешниҳод гардидааст, кандани нақб ба масофаи 800 метр ва васеъю бетонпӯш кардани роҳи мошингард дар назар гирифта шудааст.

Ин қитъаи роҳест, ки Тоҷикистонро бо Чин пайваст карда ва бо таваҷҷҷӯҳ ба шароити кӯҳистон, резиши сангу шағал ва офтаҳои табиӣ пешниҳод шудааст, ки дар ин қисмати роҳ нақби 800 метрӣ бунёд шавад.

Маркази хайрияи “Шоҳ Салмон” дар рӯзҳои 28 ва 30 декабри соли гузашта ва 7 январи соли ҷорӣ ба 1500 хонаводаи аз офатҳои табиӣ осебдидаи вилояти Бадахшон ва водии Рашт, дар маҷмӯъ ба 7,5 ҳазор нафар печка ё бухорӣ, кӯрпа, маводи ғизоӣ ва ангишттавзеъ карда буд.

Маркази хайрияи “Шоҳ Салмон” (“King Salmon humanitarian aid & relief centre”)-и Арабистони Саудӣ 13 майи соли 2015 бо ташаббуси шоҳи ин кишвар ба манзури кумакҳои хайрияи байналмилалӣ ба ниёзмандон ва осебдидагони офатҳои табиӣ таъсис гардидааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG