Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Исфара ба рӯйи судя тезоб пошиданд


Дар Исфара сокини норозӣ аз адолатӣ додгоҳӣ ба рӯйи додгустар тезоб (кислота) пошид.

Зиёуддин Ҷӯраев, сокини 77-солаи шаҳри Исфара, рӯзи шанбеи 21 июл ба нишони эътироз ба рӯйи додгустари Додгоҳи маҳалӣ Абдуҳамид Давронов тезоб ё кислота пошид. Дар натиҷа чеҳра, чашми чап ва дигар узвҳои додгустар Абдуҳамид Давронов месӯзад ва ӯ бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ мешавад. Дар ин бора ба радиои «Озодӣ» ҳуқуқшинос аз вилояти Суғд, Файзиниссо Воҳидова хабар дод.

Вай гуфт, З. Ҷӯраев аз соли 2003 то ба ин ҷониб дар додгоҳи шаҳри Исфара баҳси соҳибмулкӣ ва истифодаи қитъаи замин дорад. Ба гуфти ҳуқуқшинос 9 сол қабл додгоҳ масъаларо ба манфиати З. Ҷӯраев ҳал мекунад ва аммо бо муроҷиати дубораи тарафи ҷавобгар ба додгоҳ, ҳалномаи аввал, имсол бекор гардида баҳс ба зарари пирамард анҷом меёбад. Ба гуфти Файзиниссо Воҳидова З. Ҷӯраев ба қавле сари худро ба сад дар мезанад, аммо талошҳояш бенатиҷа анҷом меёбад:

«Ин пирамарди даъвогар аз ҳалномаи судӣ розӣ
нашуд, дидаву дониста, ки додгоҳ адолатро таъмин накард ба ғазаб омада, рӯзи шанбе ҳамроҳи худ дар зарфе тезоб мегирад ва ба утоқи кории Абдуҳамид Давронов омада онро ба рӯяш мепошад. Пирамардро боздошт мекунанд ва нисбати ӯ бо модаи 356 ин «барои таҳдид ва зӯровари нисбати онҳое, ки барои адолати судӣ талош мекунанд» парвандаи ҷиноӣ боз намуданд. Ба фикри шахсии ман ин муйсафед дарк кард, ки имрӯз дар кишвар дигар роҳи мубориза барои адолат нест, аз ин рӯ ба ин амал дастзад. Ба рӯйи додгустар пошидани кислота ин нишони эътирози мардум ба мақомоти судӣ аст, ки аз ӯҳдаи таъмини адолати судӣ намебароянд. Ин амали ноҷо аст ва ман инро маҳкум мекунам, лекин косаи сабри мардум лабрез мешавад. Бубинед ҳоло аз рӯйи ҳумкҳои ноодилона чӣ қадар ба президент менависанд ва мардум мебинад, ки муроҷиат ба раисҷумҳур ҳам ба нафъи онҳо нест, бо ин шакл эътироз мекунанд. Пошидани тезоб ба туф кардан ба адолати судӣ баробар аст».

Файзиниссо Воҳидова афзуд, ин ҳодисаи ваҳшатнок бояд барои низоми додгоҳҳои дигар дарси ибрат шавад, зеро сатҳи дониши ҳуқуқии мардум ба фарқ аз 20 соли пеш боло рафтааст ва аксарият барои барқарорсозии ҳуқуқҳои худ мубориза мебаранд.

Ҳуқуқшинос гуфт, қаблан сокинон норизоии худро ба ҳукми ноодилонаи додгоҳҳо бо ҷангу ҷанҷол ва дашномҳо иброз медоштанд, аммо бо ин васила эътироз кардан дар таҷрибаи вай бесобиқа аст.
Феълан парвандаи З. Ҷӯраев мавриди омӯзиш қарор дорад ва вазъи солимии ҳолати равонии ӯ низ муайян нашудааст.
XS
SM
MD
LG