Пайвандҳои дастрасӣ

Бозори гарми Бобои Барфиву Барфак дар Душанбе (ВИДЕО)


Акс аз саҳифаи Фейсбуки ширкати “О’Бале” гирифта шудааст.

Акс аз саҳифаи Фейсбуки ширкати “О’Бале” гирифта шудааст.

Ширкатҳои арзакунандаи хадамоти тафреҳӣ мегӯянд, ин шабу рӯз бозори кирои Бобои Барфиву Барфак хеле гарм шуда, мардум омодаанд, барои ташкили маъракаи хурсандии оилаашон маблағҳои зиёд сарф кунанд.

Як ширкати арзакунандаи хадамоти тафреҳӣ мегӯяд, ин шабу рӯз бозори кирои Бобои Барфиву Барфак хеле гарм шуда, мардум омодаанд, пулҳои калонро барои ташкили маъракаи хурсандии оилаашон сарф кунанд. Раҳбари ширкати “О’Бале” Мунира Исомова дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин шабу рӯз дархости зиёди муштариёнро барои даъвати гурӯҳи тафреҳии иборат аз Бобои Барфӣ, Барфак ва баъзе қаҳрамонҳои филмҳои дӯстдоштаи бачагон қабул мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз барои даъвати ин гурӯҳ ба манзилҳояшон дар рӯзи 31 декабр дасти кам 20 хонавода муроҷиат кардаанд. Ҳар як барномаи табрикотӣ аз 15 то 30 дақиқа идома карда, арзиши як барнома аз 400 сомонӣ шурӯъ мешавад.

Ба гуфтаи хонуми Исомова, ҳарчанд дар назари аввал ин нарх гарон менамояд, вале мушоҳидаҳои онҳо дар давоми чаҳор соли охири фаъолияти ширкат нишон медиҳад, ки сокинони Тоҷикистон ба чунин харҷҳо омодаанд. “Яъне мо мебинем, ки мардум барои хурсандии фарзандон ва ташкили як иди хуби танзимшуда омода ҳастанд пул харҷ кунанд. Мутаассифона, мардуми мо ҳанӯз ёд нагирифтаанд, ки кору нақшаҳо, аз ҷумла ташкили идро аз пеш танзим кунанд. Аксарият дар охирин лаҳза занг зада мегӯянд, омодаанд, пули калон бидиҳанд, вале ҳатман бояд ин барнома шаби Соли нав дар хонаи онҳо иҷро шавад”, мегӯяд Мунира Исомова. Зимнан, ба гуфтаи ӯ, нақши Бобои Барфиву Барфакро ҳунарпешаҳои касбии театрҳои маҳаллӣ иҷро мекунанд ва вобаста аз хоҳиши муштарӣ, барнома ба забони русӣ ё тоҷикӣ анҷом мешавад.

Ба гуфтаи Мунира Исомова, ҳоло дигар ширкатҳои ҳамсон ҳам саргарми ташкили маъракаҳои солинавӣ мебошанд ва бо вуҷуди сару садоҳо дар бораи бегона будани иди Соли нав барои фарҳанги миллӣ, идро бисёриҳо ҷашн мегиранд ва қаҳрамонҳои онро ҳам бегона намебинанд.

XS
SM
MD
LG