Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДИИШ ва "Ансоруллоҳ" – душманони асосии амнияти Тоҷикистон?


Арзёбии тамоюлҳои терроризм дар ҷаҳон нишон додааст, ки гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ", аз хатарҳои аслие барои амнияти Тоҷикистон боқӣ мемонанд ва мақомот бояд барои муқобила омода бошанд. Дар арзёбии тозаи Маркази Байналмилалии Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм омадааст, ки "Ҷамоати Ансоруллоҳ", як созмони шарики "Ал-Қоида" бо вуҷуди заиф шудан, аз ҳадафаш барои осеб расондан ба Тоҷикистон даст накашидааст.

Нирӯҳои марзбонии мо дар сарҳад дар давоми 11 моҳи соли 2016-ум 296 кило маводи тарканда мусодира карданд. Пештар мисли ин хабар набуд.

Маркази Байналмилалии Таҳқиқи Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм дар Сингапур, ба таҳқиқи умури байналмилалӣ ва аз ҷумла терроризм дар саросари ҷаҳон машғул аст ва таҳқиқи тозаи он дар бораи ин зуҳурот ҳафтаи гузашта нашр шуд.

Нодирбек Солиев, таҳлилгари умури Осиёи Марказӣ дар ин марказ рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ навишт, "Ҷамоати Ансоруллоҳ" соли 2016 дар натиҷаи амалиёти зиддитеррористии Амрико дар Афғонистон талафоти сангин дид. Амриддин Табаров, муассис ва раҳбари гурӯҳро куштанд, теъдоди зиёди ҷангҷӯёнашро дар Афғонистон нобуд карданд ва роҳҳои дастрасиаш ба Тоҷикистон баста шуд. “Вале аъзои гурӯҳ талош доранд, имсол ба раҳбарии Толибон ва бо кумаки молии Ал-Қоида ва Ҳаракати Исломии Узбакистон ба по хеста ва дар марзҳои Тоҷикистон мавқеи худро мустаҳкам кунад”, гуфт ӯ.

Амриддин Табаров, маъруф ба Домулло Амриддин, бино ба хабарҳо соли 2015 дар Афғонистон кушта шудааст
Амриддин Табаров, маъруф ба Домулло Амриддин, бино ба хабарҳо соли 2015 дар Афғонистон кушта шудааст

Маводи тарканда аз куҷо меояд?

Айни замон теъдоди аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки аксаран тоҷикон ҳастанд, аз 100 нафар кам будааст ва гурӯҳи мазкур аз “Ал-Қоида” ва Ҳаракати Исломии Узбакистон кумак мегирифтааст. Нодирбек Солиев мегӯяд, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар соли 2017 низ як мояи нигаронии амниятӣ барои Тоҷикистон боқӣ мемонад, зеро убури тундравон барои харобкорӣ ба Тоҷикистон аз марзи 1344-километрӣ бо Афғонистон осон аст. Аммо ба гуфтаи ӯ ин созмон қодир ба анҷоми амалиёти бузург дар Тоҷикистон нест.

Дар худи Тоҷикистон ҳам бо хулосаҳои Маркази Байналмилалии Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм мувофиқ ҳастанд ва мегӯянд, ки соли 2017 хатари терроризм камтар намешавад. Нигаронии Фаридун Ҳодизода, таҳлилгари тоҷик, низ аз ҳамин аст. “Нирӯҳои марзбонии мо дар сарҳад дар давоми 11 моҳи соли 2016-ум 296 кило маводи тарканда мусодира карданд. Пештар мисли ин хабар набуд. Яъне, ба Тоҷикистон моддаҳои тарканда равон карда мешавад ва ман фикр мекунам, ин барои омода кардани амалиёти бисёр баде дар Тоҷикистон бошад”, – мегӯяд Фаридун Ҳодизода.

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

"Талошҳо барои анҷоми амалҳои террористӣ кам нашудааст"

Мақомоти интизомӣ ҳам пинҳон намедоранд, ки талошҳо барои анҷоми амалҳои террористӣ кам нашудаанд. Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, рӯзи 20 январ гуфт, ки соли 2016 аз 36 амали террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Таҳлилгарони Маркази Байналмилалии Хушунати Сиёсӣ ва Терроризм, гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ”-ро хатари ҷиддии дигаре барои амнияти Тоҷикистон номидаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳарчанд соли 2016 нерӯҳои байналмилалӣ дар Сурияву Ироқ 25 ҳазор ҷангҷӯи гурӯҳро куштанд ва қаламравҳои зиёдеро аз дасти он озод карданд, аммо ин созмон соли 2017 бо тағйири стратегия саъй хоҳад кард, пайравонашро дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба “ҷиҳод” ва ё ҳамлаву хунрезӣ ташвиқ кунад. Аз миёни 1100 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Сурияву Ироқ рафта ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, даҳҳо нафарашон ба Тоҷикистон баргаштаанд ва баъзе аз онҳо дар ақидаҳояшон собитанд. Нодирбек Солиев, ҳамин созмонро як хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон медонад.

Вақте ҷангҷӯён бармегарданд...

Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон
Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

“Баъзе аз тоҷиконе, ки дар Сурия буданд, бо ҳадафи ҷангидан ба Тоҷикистон баргаштаанд. Агар онҳо ба ин кор даст зананд, мақомот дар андешидани чора оҷиз хоҳанд буд”, – гуфт Алина Долбоева, таҳлилгари Гурӯҳи Байналмилалии Пажӯҳиши Бӯҳронҳо ба Радиои Озодӣ.

Танҳо дар ду соли гузашта бештар аз 100 нафар аз Сурия ба Тоҷикистон баргаштанд. Дар воқеъ, ду нафар аз онҳое, ки дар Ироқ дар сафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангида буданд, моҳи июни соли 2016 ҳамроҳ бо як шарикашон, ки дар Покистон тамрин гирифта буд, аз зиндони Хуҷанд фирор карданд ва як посбонро куштанд. Ҳарсеи онҳоро дар ниҳоят аз байн бурданд.

Мактабу масҷид ва ҷойи кор

Ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин гуна ҳамла ва амалҳои террористӣ, таҳлилгарони амниятӣ дар арзёбии худ ба Тоҷикистон тавсия додаанд, барои муқобила ба терроризму тундгароӣ дар соли равон танҳо ба нерӯҳои интизомӣ такя накунад. Ба гуфтаи Нодирбек Солиев, мактабу масҷидҳо ва матбуот минбарҳои хубе барои огоҳ кардани ҷомеа аз хатари терроризму ифротгароӣ аст.

Фаррух Шарифов баъди бозгашт аз Сурия даҳшатҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба дигарон нақл кард
Фаррух Шарифов баъди бозгашт аз Сурия даҳшатҳои гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро ба дигарон нақл кард

Зебо Раҳматова, унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Тоҷикистон, масъалаи пешгирии тундгароиро таҳқиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, решаҳои иҷтимоии тундгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиро ҳам бояд аз байн бурд. “Барои ҷавонон бояд ҷойҳои корӣ муҳайё кард, сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳоро боло бояд бурд, чун усулҳои маъмурӣ самари зиёд намедиҳад”, - гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ.

XS
SM
MD
LG