Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раббонӣ аз эҳтимоли афзоиши нирӯҳои амрикоӣ истиқбол кард


Як дипломати баландпояи афғон гуфт, ки Кобул хостори ирсоли нирӯҳои бештари амрикоӣ ба Афғонистон барои мубориза бо Толибон ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошад. Салоҳуддин Раббонӣ, вазири хориҷаи Афғонистон даъвати ахири фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ генерал Ҷон Николсонро истиқбол кард, ки гуфтааст, чандҳазор нирӯи бештари низомии амрикоӣ ва ё низомиёни эътилоф ин кишвари дар ҷанг оғуштаро кӯмак хоҳанд кард. Вале ҳанӯз маъмурияти Трамп дар ин замина изҳори назар накардааст. Ҳоло дар Афғонистон ҳудудан 8400 сарбози амрикоӣ қарор доранд, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ иштирок мекунанд.

XS
SM
MD
LG