Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Алмаато "Роғун"-ро баррасӣ мекунанд


Нишасти саввуми машваратӣ оид ба масъалаи нерӯгоҳи «Роғун», рӯзи сешанбеи 12-уми феврал дар шаҳри Алмаато баргузор мешавад.

Дафтари матбуоти Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми феврал ба "Озодӣ" гуфт, ки нишасти саввуми машваратӣ оид ба масъалаи нерӯгоҳи «Роғун» фардо дар Алмааато баргузор хоҳад шуд.

Нишасти машваратӣ зери сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ доир мешавад ва қарор аст дар он намояндагони ҳудуди 50 кишвар ва созмонҳои ҷаҳонӣ ширкат кунанд. Дар ин нишасти машваратӣ табодули маълумот оид ба масъалаи танзими захоири об ва масъалаи амнияти обанбори неругоҳи "Роғун" баррасӣ хоҳад шуд.

Ҷаласаи дуввуми намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна дар масъалаи тарҳи "Роғун" дар моҳи ноябри соли гузашта баргузор шуда буд.

Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ки барои кишварҳои минтақа дар намояндагиҳои ин Бонк дар Ишқобод, Бишкек, Остона, Душанбе, Кобул ва Тошканд пахши видеоии ҷараёни нишасти машваратӣ ва иртиботи телефонӣ барқарор карда мешавад.

Намояндагии Бонки ҷаҳонӣ аз алоқамадони масъалаи нерӯгоҳи "Роғун" даъват кардаанд, ки барои ширкат дар ин нишасти машваратӣ, ҳамчун шунаванда метавонанд ба намояндагиҳои Бонки ҷаҳонӣ муроҷиат кунанд.

Душанбе дар пайи чанд соли талошҳои ноком барои пайдо кардани сармоя ба тарҳи Роғун, аз ҷумла ду созишномаи иҷроношуда бо давлати Русия дар соли 1994 ва бо ширкати русии РусАл дар соли 204, билохира дар соли 2010 талош кард, сохтмони ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро бо сармояи дохилӣ шурӯъ кунад. Ба ин манзур, дар оғози соли 2010 як маъракаи нимаиҷбории фурӯши саҳмияҳои Роғунро ҳам ба роҳ андохтанд, ки дар зарфи 3 моҳ аз мардум ва корхонаҳои маҳаллӣ барои ин сохтмон наздики 200 миллион доллар ҷамъ овард.

Вале мухолифати кишварҳои поёноб, бахусус Тошканд боис шуд, ки Душанбе баъди ҳамагӣ 3 моҳ ин маъракаи саҳмияфурӯширо қатъ кунад ва аз Бонки ҷаҳонӣ анҷоми ташхиси фанниву иқтисодии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дархост кунад. Ин ташхис мебоист ҳанӯз дар поёни соли 2011 анҷом меёфт, вале ба таъхир уфтод ва дар ҳоли ҳозир гуфта мешавад, ки натиҷаҳои ташхиси Бонки ҷаҳонӣ эҳтимолан дар соли 2013 нашр хоҳанд шуд.

Дар моҳи сентябри соли гузашта Русия дар ивази қарордоди пойгоҳи низомиаш барои бунёди нирӯгоҳи якуми Қамбар-Отаи Қирғизистон, ки низ ба мухолифати шадиди Узбакистон рӯбарӯ буд, ваъдаи сармоя дод. Дар Тоҷикистон ба дунбол умедвор буданд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни боздидаш аз Душанбе дар баҳои тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия айни чунин ваъдаро дар қиболи нирӯгоҳи Роғун низ хоҳад дод. Аммо бо вуҷуди то соли 2042 тамдид шудани замони ҳузури пойгоҳи 201, дар ҷараёни сафари рӯзи 5 октябр Путин дар мавзӯъи Роғун байни Маскаву Душанбе ҳатто як ёддошти тафоҳум ҳам ба имзо нарасид.
XS
SM
MD
LG