Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Манзили Муҳаммад Солеҳ - таҳти ҳимояи полиси Туркия


Муҳаммад Солеҳ дар маркази акс

Муҳаммад Солеҳ дар маркази акс

Полиси Туркия манзили раҳбари мухолифони Ӯзбакистонро дар шаҳри Истамбул таҳти ҳимоя қарор дод. Дар ин бора ба бахши Ӯзбакии радиои Озодӣ сухангӯи полис хабар додааст.

Ин ҳодиса баъди он рӯй дод, ки Муҳаммад Солеҳ, раҳбари Ҳаракати мардумии Ӯзбакистон ва ҳизби мухолифи “Эрк” ба Озодӣ гуфт, рӯзи 24 август манзили ӯ дар Истамбул мавриди тирборон қарор гирифт. Солеҳ гуфт, ки ин ҳодиса шаби ҷумъа ба шанбеи 24 август рӯй дод. Аз рӯи иттилои аҳли хонавода, аз ҷумла худи Муҳаммад Солеҳ ва писари ӯ, ҳамлагарон ду нафар буданд ва савори мошин омада аз автомат ба ҷониби манзили онҳо тир холӣ карданд. Ба гуфтаи ӯ, тир ба дару девор ва тирезаи сохтмон расидааст. Баъдан, ба гуфтаи онҳо, ҳамлагарон, бидуни ин ки сурати худро пинҳон кунанд, гилзаҳоро ҷамъоварӣ карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.


Ба гуфтаи Муҳаммад Солеҳ, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса осебе надид. Айни ҳол, полиси Истамбул ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Худи Солеҳ дар сӯҳбат бо радиои Озодлик ин ҳодисаро бо фаъолиятҳои сиёсии худ марбут донист:


- Ман дар Туркия ягон душман надорам. Ман сиёсатмадор ҳастам. Ин корро касе мекунад, ки мехоҳад пеши роҳи фаъолиятҳои сиёсии маро бигирад. Феълан, барои ман маълум нест, ки ин кори дасти кист. Ҳатто тахмин зада ҳам наметавонам. Аммо бояд бигӯям, ки вуқӯи ин ҳодиса дар як рӯзи истироҳат метавонад баёнгари махсус ташкил шудани ин амал бошад, - гуфт ӯ.


Муҳаммад Солеҳ раҳбарии Ҳаракати мардумии Ӯзбакистон ва ҳизби “Эрк”-и мухолифи ҳукумати ин кишварро ба ӯҳда дорад. Вай соли 1991 дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар муқобили Ислом Каримов иштирок кард ва аз он замон то имрӯз мухолифи ашаддии режими президенти Ӯзбакистон ба ҳисоб меравад.

Баъди афзоиши фишору таъқиб вай маҷбур шуд соли 1993 хоки Ӯзбакистонро тарк кунад ва аз он замон то имрӯз дар хориҷа зиндагӣ мекунад. Додгоҳи олии Ӯзбакистон вайро масъули таркишҳои соли 1999 Тошканд номид ва дар ғайбаш маҳкум ба зиндон кард.

Дар ин муддат ду бародари ӯ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд, яке аз онҳо соли ҷорӣ ба озодӣ баромад. Бо ин вуҷуд, Солеҳ мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ аз муборизаҳои сиёсии худ бар зидди режими Ислом Каримов даст накашидааст ва дар хориҷ ҳам талош мекунад, бо кӯмаки мухолифони ҳукумати Ӯзбакистон зидди ин ҳукумат мубориза барад.


Радиои Озодӣ
XS
SM
MD
LG