Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлоб. Алайҳи зани "рабудашуда" парванда боз карданд


Бинои Идораи пулиси минтақаи Кӯлоб.
Бинои Идораи пулиси минтақаи Кӯлоб.

Додситонии шаҳри Кӯлоб нисбат ба Мушкинисо Одинаева, зане, ки ба гуфтаи пайвандонаш шаби 8-уми октябр рабуда шуда буд, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Феълан, бар асоси моддаи 346-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне "дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ" тафтишот оғоз шудааст.

Давлат Наҷмиддинов, сардори Шӯъбачаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаи Кӯлоб гуфт, пас аз тафтиш ва сӯҳбати муфаттишони ШКД бо ин зан маълум шудааст, ки рабуда шудани ӯ овозаи бофта будааст.

-Ӯ мехостааст, бо нопадид шуданаш ва овозаи рабуда шуданаш аз ҷониби ниқобпӯшон диққати ҳукумати маҳаллиро ҷалб кунад, то ба ӯ зудтар замин бидиҳанд. Яъне, бо ин роҳ мехостааст, ба шавҳараш ва ҳукумат паём бидиҳад, ки ӯ дар ҷои хатарнок, яъне посбонхонаи мактаб зиндагӣ мекунад ва бояд аз ин ҷо бикӯчад,-афзуд,ин манбаъ.

Ба гуфтаи Наҷмиддинов, барои амалӣ сохтани ин овоза ӯ бо духтари ноболиғаш машварат кардааст. Худи Мушкиниссо Одинаева аз сӯҳбат бо мо худдорӣ кард, аммо Сӯҳроб Шарипов, шавҳари ӯ гуфт, вазъи рӯҳии ҳамсараш чандон хуб нест ва барои аҳли хонадон муҳим солим пайдо шуданаш ҳаст.

Ин зан ҳамроҳ бо 6 кӯдакаш дар посбонхонаи мактаби рақами 3-и шаҳри Кӯлоб зиндагӣ мекунад ва ба гуфтаи наздиконаш, даҳҳо бор барои соҳиб шудан ба қитъаи замин ба хотири бунёди манзили зист ба ҳукумати маҳаллӣ ариза навиштааст, вале то ҳол ба ӯ замин надодаанд. Ҳамсояҳои зиндагии ӯро дар посбонхонаи мактаб мушкил унвон мекунанд.

Ин зан шаби 8-уми октябр ғайб зада буд, аммо Барно Шарипова, духтараш, ки дар синфи 8-ум мехонад, гуфт, модарашро 5 ниқобпӯш ҳангоми ба саҳни мактаб баромадан бо худ бурдаанд. Пас аз ду шаби гум шудан, ин занро аз ноҳияи Данғара пайдо карда буданд.
XS
SM
MD
LG