Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Низоми нафақаи Тоҷикистонро фурӯпошӣ интизор аст


Бар асоси қонуни нави нафақа, онҳое, ки андозу пули ҳифзи иҷтимоӣ намесупоранд, ба гурӯҳи бознишастаҳои "камбағал" шомил хоҳанд шуд. Ин хатар бештар ба муҳоҷирон таҳдид мекардааст.

Як пажӯҳиш нишон додааст, ки низоми нафақа дар Тоҷикистон, ноустувор аст ва эҳтимол дорад, дар ояндаи наздик дучори бӯҳрон шавад. Аз ин рӯ, ҳукумати Тоҷикистон дар низоми нафақадиҳӣ ислоҳот ҷорӣ карданист, ки бояд то соли 2017 мавриди иҷро қарор гирад.

Назирмат Юсуфов, сокини 40-солаи пойтахт аст, ки ҳанӯз барои бознишстагӣ фурсат дорад, аммо дар ягон коргоҳ расман фаъолият накардааст. Ӯ муҳоҷири меҳнатӣ аст ва аз даромаде, ки дар Русия ба даст меорад, на андоз пардохт мекунад ва на ҳиссаи фонди иҷтимоиро месупорад. Вай мегӯяд, то ҳолдар бораи он фикр накардааст, ки замони бознишастагӣ аз кадом ҳисоб нафақа хоҳад гирифт.

Ин фориғболии мусоҳиби мо дар ҳолест, ки нафақаи суғуртавӣ тибқи ислоҳоти низоми нафақа аз рӯи саҳми гузоштаи коргар таъин хоҳад шуд.

Вале Константин Бондаренко, раҳбари “Маркази бозори озоди Тоҷикистон”, ки тайи чанд моҳ низоми нафақаро дар кишвар таҳлил кардааст, муваффақияти ислоҳоти рӯи дастгирифтаи давлатро то андозае зери суол мебарад. Чунки ба таъкиди Бондаренко, то иҷрои қонуни нав дар бораи нафақа камтар аз ду сол боқӣ мондааст, аммо сокинони кишвар дар мавриди он қариб итиллое надоранд.

Низоми нафақаи Тоҷикистон дар рӯбарӯи бӯҳрон?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Назарсанҷии мазкур, ки дар минтақаҳои мухталифи кишвар сокинони аз 20-сола болоро фаро гирифт, маълум кард, ки 64 дарсади пурсидашудаҳоба қонуни нави нафақа таваҷҷӯҳ накардаанд. Ба таъкиди мубтакирони пажӯҳиш, набуди маълумот дар ин бора ва нагузарондани назарсанҷиҳои афкори умум боис ба он мешавад, ки гузариш ба низоми нав теъдоди муайяни сокинони кишварро, ки ба нафақа мебароянд, ба гурӯҳи “камбағал” дохил хоҳад кард. Ба чунин қишри осебпазир пеш аз ҳама муҳоҷирон ва афроде, ки ҷойи кори доимӣ надоранд, шомил мегарданд.

Тафовути қонуни нав аз қонуни қаблӣ дар он аст, ки андозаи нафақа на аз рӯи музди миёнаи ду соли ахир ва ё панҷ соли давраи интихобӣ таъин карда мешавад, балки аз рӯи саҳмҳои суғуртавие, ки шаҳрванд дар тамоми давраи фаъолияташ пардохт кардааст ва он дар мақомоти ваколатдор сабт гардидааст, муайян мегардад. Ба ҳамин тартиб, тибқи талаботи қонуни нав, афроди қобили кор, ки дар пардохти андоз ва ворид кардани пул ба бунёди иҷтимоӣ саҳм намегузоранд, танҳо нафақаи иҷтимоӣ хоҳанд гирифт.

Константин Бондаренко афзуд, “хатари калон ин аст, ки ҳоло эҳтимол беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон берун аз кишвар кор мекунанд ва дар Тоҷикистон ягон навъи андозро намесупорад ва собиқаи суғуртавӣ ҳам надорад. Яъне ин ба он маънист, ки онҳо дар оянда метавонанд танҳо ба нафақаи иҷтимоӣ умед банданд, ки ҳоло ҳамагӣ 78 сомониро ташкил медиҳад.”

Мувофиқи қонуни қаблӣ, ки то соли 2017 амал мекунад, нафақа аз рӯи собиқаи корӣ ва ҳаҷми маош таъин мегардад, ки ҳаҷми он на камтар аз 130 сомонӣ ва на зиёдтар аз 624 сомонӣ аст. Аммо аз рӯи қонуни нав ҳар қадаре ҳаҷми маоши корманд боло бошад, дар оянда нафақаи вай ҳам зиёд мешавад ва ҳадди болоии нафақапулӣ мисли қонуни қаблӣ вуҷуд надорад. Барои ин, танҳо лозим аст, ки коргар ҳар моҳ як фоизи маошашро ба фонди нафақа равона сохта, кордеҳ бошад, 25 дарсади ҳаҷми маоши ӯро чун андози иҷтимоӣ ба давлат супурад.

Абдураҳмон Ҳакимов, сардори Раёсати таъмини сиёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қонуни нав пеш аз ҳама ба он мусоидат мекунад, ки шаҳрванд дар давраи фаъолияти меҳнатияш дар мавриди таъмини ояндааш андеша кунад. “Яъне, ҳангоми дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор доштан ба таври расмӣ фаъолияти меҳнатияшро ба роҳ монад ва корфарморо водор ба он намояд, ки аз музди маошаш саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ пардохт намояд. Ба суғуртаи иҷтимоӣ ҷалб намудани муҳоҷирони меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳим аст ва ҳоло дар ин замина ҳукумати Тоҷикистон ба ҷониби Русия як лоиҳаи созишномаро пешниҳод намуд ва Русия низ дар навбати худ ба Тоҷикистон лоиҳаи шартномаро дар ин масъала пешниҳод кардааст. Ин санадҳо дар ҳоли баррасист ва дар оянда ҳалли таъминоти нафақаи онҳо бевосита дар сатҳи гуфтушунид қарор дорад,” – афзуд ӯ.

Иқтисодшиносони тоҷик низ мегӯянд, агар мушкили таъмини муҳоҷирони тоҷик бо нафақа тариқи гуфтушунид бо ҷониби Русия ҳал нашавад, қонуни нави нафақа наметавонад муваффақ шавад. Собир Вазиров, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, дар ин замина гуфт, “бояд роҳи ҳалли ин мушкилот ҳатман пайдо шавад, зеро саҳми онҳо дар иқтисодиёти кишвар воқеӣ аст. Онҳо, ки кори вазнин мекунанд, эҳтимол дар 50 ё 55-солагӣ ба нафақа мебароянд ва барои таъмини ин теъдод муҳоҷирон Тоҷикистонро лозим меояд миллиардҳо сомониро дар назар дошта бошад.”

Бо ин ҳама таҳлилагарони масоили иқтисодӣ гузариш ба низоми нави нафақаро дар Тоҷикистон ногузир медонанд. Зеро новобаста ба зиёд будани мизони таваллуд фишори нафақагирон ба коргарон хеле зиёд аст. Чунки қисмати зиёди аҳолии қобили меҳнат дар хориҷ ҳастанд ва аз ин рӯ ба ҳисоби миёна ба ду коргар як нафақагир рост меояд, ки ин сарбории зиёд низоми нафақаро ноустувор нигаҳ медорад.

Бар асоси омори расмӣ, ҳоло дар Тоҷикистон 621 ҳазор нафақахӯр ба сар мебаранд, ки барои таъмини онҳо бо нафақа 1-ним миллион нафар кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG