Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дучархаҳо ҷойи мошинҳоро дар Тоҷикистон танг мекунанд? (ВИДЕО)


Дар шаҳри Хуҷанд пиру ҷавон аз дучарха барои рафтан ба кору бозор ва ҳамту барои сайругашт истифода мекунанд. Ҷамшед, яке аз онҳо аст. Вай мегӯяд, аз овони тифлӣ ба дучархасаворӣ шавқ дорад.

“Аз кӯдакӣ то ҳозир, ки ба синни 42 даромадам, дучарха меронам. Якум, ин барои саломатӣ фоиданок. Дуюм, дучарха ҳаворо олуда намекунад.” гуфт Ҷамшед.

Ҷамшед дар идораи об кор мекунад ва ба корхона ва назди корафтодагон бо дучарха ҳозир мешавад. Мисли вай имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозорҳои Тоҷикистон дучархасворони зиёдеро метавон дид.

“Барои ман дучарха - беҳтарин намуди нақлиёт”

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар “Рӯзи ҷаҳонии бидуни мошин”, 22 сентябр дар саҳифаи интерниааш аз ронандаҳо даъват кард, барои “пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва фазо” аз дучарха истифода баранд ё пои пиёда ҳаракат кунанд, ки ба саломатии инсон фоида дорад.

Вале оё дар роҳҳои пурмошини Тоҷикистон аз ҷумла Хуҷанд, барои дучархасаворӣ то куҷо шароит фароҳам аст?

“Дар Тоҷикистон барои дучархасаворон дар роҳҳо пайраҳаи махсус нест. Дар баъзе ҷойҳо аломатҳо дучархасавориро манъ карда мекунад. Барои дучархасаворӣ як шароити хуб нест. Ғайр аз ин ронандаҳо дучархасаворонро писанд намекунанд. Рост болои кас меронанд. Ҳол он ки аз рӯи қоидаҳои ҳаракат бояд ба дучархасавор ҳам роҳ диҳанд” - мегӯяд Ҷамшед Манонов.

Дучархаҳо ҷойи мошинҳоро дар Тоҷикистон танг кардаанд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Ҳалокати дучархасаворон ҳам дар роҳҳои Тоҷикистон кам нест. Масалан охири моҳи август ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ як ронандаи 25-сола дар ноҳияи Панҷ дучархасавори 62-солаи сокини ҷамоати деҳоти Озодагонро пахш кардааст ва ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҷамшед барои таъсиси як ҷамъияти дучархасаворон талош дорад, то хостаҳои худро ба таври дастҷамъӣ назди масъулон матраҳ намоянд. Шумораи дучархасаворон солҳои охир дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Дучархаҳои чинӣ, ки арзон ҳастанд, барои бисёриҳо дастрасанд ва кӯдакон ҳам бисёрӣ дучарха доранд.

“Ҳар ду духтарам, писарчаам, падарам - мо, ҳама аҳли оила, ба ҷуз ҳамсарам дучарха меронем. Ин навори шуморо баъзе шиносҳоям бинанд, аз ман боз шӯхиомез пурсиданашон мумкин ки : “Ако, шумо ба мошинхарӣ ҳоло ҳам пул ҷамъ накардед, ки савори дучарха мегардед.”

Аммо ман ба онҳо боз мегӯям, ки : “Барои ман дучарха - беҳтарин намуди нақлиёт!” - гуфт Ҷамшед.

XS
SM
MD
LG