Пайвандҳои дастрасӣ

"Варзмол" ба ҷои "Саховат"-и Кабирӣ (ВИДЕО)


Бозори "Саховат" дар шаҳри Турсунзода бо ҳалномаи додгоҳ ғайриқонунӣ ҳисобида шуда буд.

Бозори "Саховат" дар шаҳри Турсунзода бо ҳалномаи додгоҳ ғайриқонунӣ ҳисобида шуда буд.

Ба ҷои бозори "Саховат"-и шаҳри Турсунзода, ки ба наздикони Муҳиддин Кабирӣ тааллуқ дошт ва бо ҳалномаи додгоҳ ғайриқонунӣ ҳисобида шуд, корхонаи воҳиди давлатии "Варзмол" ба фаъолият оғоз кардааст.

Раиси ҳукумати шаҳри Турсунзода дар ҷои бозори «Саховат»-и Кабирӣ, ки додгоҳи Турсунзода рӯзи 18 апрели соли равон зимни як ҳалнома фаъолияти онро бар асоси шикояти Оҷонсии зидди фасод ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардонии онро бекор карда буд, корхонаи воҳиди давлатии «Варзмол» таъсис дод. Котиботи ҳукумати шаҳри Турсунзода имрӯз, 18 август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси шаҳр Бобоалӣ Табарзода дар охирҳои ҳафтаи гузашта бо фармони худ дар ҷои бозори "Саховат" корхонаи воҳиди давлатии«Варзмол»-ро таъсис дод, ки минбаъд дар ҷои бозори мазкур амал хоҳад кард.

КВД «Варзмол» минбаъд фурӯши молҳои варзиширо низ дар ин бозор ба роҳ хоҳад монд ва аллакай тоҷирони бозор чекҳои худро бо нишонаи КВД «Варзмол» пардохт мекунанд. Қаблан раиси шаҳри Турсунзода бо як фармони худ мураббии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода Муҳаммад Бодаковро масъули бозор мансуб карда буд, ки акнун вай раҳбарии «Варзмол»-ро бар дӯш хоҳад дошт.

Дар ҳамин ҳол Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибмулкони бозори «Саховат» мегӯяд, ки онҳо феълан дар Турсунзода қарор доранд ва дар нисбати фармонҳои раиси шаҳр эътироз хоҳанд кард. Вай мегӯяд, ки ҳанӯз фаъолияти бозрои «Саховат»-и наздикони Муҳиддин Кабирӣ расман қатъ кард нашудааст ва бозор бо низоми пештарааш фаъол аст, вале чӣ гуна ба ҷои раиси пешини он раиси нав таъин карда шуда ва дар ҷои он КВД «Варзмол» ба роҳ монда шудааст. Вай мегӯяд, раиси шаҳри Турсунзода бо як қарори худ бозори «Саховат»-ро ба мувозинаи ҳукумат гузаронд ва хостори чораандешӣ барои сохтани варзишгоҳ дар ҷои он шуд, вале ҳамчунон бозор мисли пештара фаъол аст ва ҳудуди 700 нафар соҳибкорон дар он фаъолият доранд.

Раиси пешини бозори "Саховат" Ҷамшед Нарзуллоев мегӯяд, ки ҳанӯз амволи соҳибмулкон дар бозор ҳисоб нашудааст ва роҳҳои баргардондани он машварат нашуда, мақомоти шаҳри Турсунзода дар бозори «Саховат» сармуҳосиби дигар таъин карда, чекҳоро ба номи КВД "Варзмол" ҷамъ мекунанд. Ҷамшед Назруллоев мегӯяд, ки сармояи ибтидоии соҳибмулкон дар ин бозор беш аз 3 миллион сомонӣ аст ва бояд роҳҳои пардохти он баррасӣ шавад.

КВД «Варзмол» дар ҷои бозори "Саховат" дар маҳалли пешинааш дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Турсунзода фаъолият дорад.

Додгоҳи Турсунзода рӯзи 18 апрели соли равон зимни як ҳалнома тамоми санаду ҳуҷҷатҳои хусусигардонӣ дар мавриди бозори «Саховат»-ро бар асоси шикояти Оҷонсии зидди фасод ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардонии онро бекор кард. Бар асоси ин ҳалнома, иншоот на ба ҳукумати Турсунзода, балки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун клуби варзишӣ тааллуқ доштааст ва он бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 24 июл шикояти касcатсионии соҳибмулкони бозори «Саховат»-и ноҳияи Турсунзодаро бетағйир гузошт ва аризаи шикоятиро рад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG