Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори тахриби "Саховат"-и Кабирӣ


Раиси шаҳри Турсунзода бо як қарор бозори «Саховат» -и Муҳиддин Кабириро ба мувозинаи ҳукумат гузаронд ва хостори чораандешӣ барои сохтани варзишгоҳ дар ҷои он шуд.

Бино ба қарори раиси шаҳри Турсунзода, бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи ҳокимияти шаҳр барои ба мувозинаи давлат гузаронидани бозори «Саховат» ҳуҷҷатҳои заруриро бояд омода кунад ва қарори онро ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод намояд. Бо амри дигари Бобоалӣ Табарзода бозор ба ихтиёри раҳбарияти нав гузашт.

Бино ба амри ӯ, ки матнаш ба Радиои Озодӣ низ расид, бозор то замоне, ки барояш замин ҷудо мешавад, дар ҷои ҳозирааш – кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Турсунзода фаъолияташро идома медиҳад. Бино ба ин қарор, раҳбарии бозорро Муҳаммад Бодаков, мураббии бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода ба зимма хоҳад дошт.

Амру қарори раиси шаҳри Турсунзода ба хотири амалӣ кардани ҳукми додгоҳи шаҳр аз 18 апрел ва таъиноти Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз 24 июли соли равон содир мешавад, ки бино бар онҳо, бозори «Саховат» тахриб шуда, ба ҷои он варзишгоҳ сохта мешавад ва дар ин ҳол, бояд манфиатҳои соҳибкорони бозор ба назар гирифта шавад.

Додгоҳи Турсунзода 18 апрели соли равон зимни як ҳалнома тамоми санаду ҳуҷҷатҳои хусусигардонӣ дар мавриди бозори «Саховат»-ро бар асоси шикояти Оҷонсии зидди фасод ғайриқонунӣ шумурда, хусусигардонии онро бекор кард. Бар асоси ин ҳалнома, иншоот на ба ҳукумати Турсунзода, балки ба ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамчун клуби варзишӣ тааллуқ доштааст ва он бояд ба ҳолати аввалааш баргардонида шавад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 24 июл шикояти касcатсионии соҳибмулкони бозори «Саховат»-и ноҳияи Турсунзодаро бетағйир гузошт ва аризаи шикоятиро рад кард. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва яке аз соҳибмулкони бозори «Саховат» барои ҳалли мусолиматомези баҳси мазкур пешниҳод карда буд, ки агар маҳалли бозори «Саховат» ба шӯъбаи варзиши ин ноҳия тааллуқ дошта бошад, онҳо метавонанд дар ҷои дигар майдони мувофиқе барои шӯъбаи варзиш дуруст кунанд ва бозор фаъол бимонад. Аммо Додгоҳи олӣ ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Турсунзодаро бетағйир гузошт. Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи соҳибмулкони бозори «Саховат» мегӯяд, алайҳи қарори Додгоҳи олӣ ба Додгоҳи назоратӣ шикоят хоҳад бурд.

Бозори «Саховат» - и шаҳри Турсунзода 670 дӯкон дорад, ки тақрибан 700 нафар дар он кор мекунад. Соҳибмулки он Мастура Раҳматуллоева, ҳамсари Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин бозорро Мастура Раҳматуллоева соли 2009 аз соҳибмулки қаблиаш Лутфия Неъматлулоева ба 836 ҳазор сомонӣ харидааст.

XS
SM
MD
LG