Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоизаи Сахаров барои собиқ ғуломони ҷинсии ДИИШ. 2 ВИДЕО


Парлумони Аврупо исми барандагони ҷоийзаи ба номи Андрей Сахаровро эълон кард. Ҷоиза барои «Озодии баёну андеша» дар соли 2016 ба ду духтари язидӣ тақдим шуд, ки тавонистаанд аз асорати ҷанҷӯёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" фирор кунанд.

Нодия Мурод ва Ломийя Аҷи Башор ҳоло аз ҳуқуқи язидиҳое дифоъ мекунанд, ки қурбонии хушунати ҷиҳодиҳои гурӯҳи "Давлати Исломӣ" шудаанд. Мартин Шултс, раиси Парлумони Аврупо гуфт, "кӯмак ва дастгирии ин ду духтар,ки дар асорат зинда мондаанд ва ба Аврупо фирор кардаанд - тасмими хеле муҳим ва рамзист. Парлумони Аврупо аз муборизаи онҳо истиқбол мекунад. На танҳо ин амал, балки ҷуръати онҳо дар мавриди қисса кардани рӯзҳои сахте, ки пушти сар кардаанд, сазовори таҳсин аст».

Ҷангҷӯёни "Давлати Исломӣ" ба деҳаи Нодия ва Ломийя соли 2014 ҳамла намуда мардонро қатл карданд ва духтаронро ба асорат гирифтанд. Ин ду духтар, ки қурбони бардагии ҷинсӣ шуданд, баъди чанд моҳ тавонистанд аз дасти ҷангиён фирор кунанд. Соли 2015 нерӯҳои курдӣ ин деҳаро озод карда, дар ин минтақа гӯрҳои дастаҷамъии язидиҳоро пайдо намуданд. Ин ду асири собиқ ба ҳимояти ҳуқуқи язидиҳо пардохтанд ва муборизаро барои эътироф шудани наслкушии ҳаммазҳабонашон аз ҷониби ҷангҷӯёни исломӣ шурӯъ карданд. Тобистони имсол СММ ин талошҳои ҳомиёни ҳуқуқро дастгирӣ кард.

Ба ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Сахаров имсол Мустафо Ҷамилов, раҳбари Маҷлиси тоторҳои Қрим, ки дар Русия мамнӯъ элон шудааст ва ҳамчунин рузноманигори мухолифи турк Ҷон Дюндор пешбарӣ шуда буданд.

Ҷоизаи 50 ҳазор евро ба хотири донишманд ва сиёсатмадори номии шӯравӣ Андрей Сахаров сар аз соли 1988 ба нафароне дода мешавад, ки ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосиро ҳимоят мекунанд. Маросими супоридани он 14 декабр баргузор мешавад.

Суханронии таърихии духтари язидӣ дар СММ декабри соли 2015:

XS
SM
MD
LG