Пайвандҳои дастрасӣ

Гурҷистон Михаил Сакашвилиро аз шаҳрвандӣ маҳрум кард


Георгия Маргвелашвили, раиси ҷумҳури Гурҷистон тайи як фармон, тобеият ё шаҳрвандии Михаил Сакашвилӣ, президенти пешини он кишварро бекор кард. Бар асоси қонунҳои Гурҷистон, як нафар наметавонад шаҳрванди ду кишвар бошад.

Раиси ҷумҳури Гурҷистон Георгия Марвелашвили рӯзи ҷумъаи 4-уми декабр бо судури як фармон шаҳрвандӣ ё тобеияти Михаил Сакашвилӣ, президенти пешини он кишварро лағв кард. Михаил Сакашвили ҳоло раиси вилояти Оддесаи Украина мебошад.

Раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко, дар моҳи майи соли ҷорӣ Михаил Сакашвилиро раиси вилояти Оддесса таъйин кард ва ба ӯ шаҳрвандии кишварашро дода буд.

Михаил Сакашвили дар вокуниш ба тасмими раиси ҷумҳури Гурҷистон дар мавриди бекори кардани тобеияташ гуфтааст, ки мақомоти Тифлис мехоҳанд, ки бо ин кор монеи номзад шудани ӯ дар интихобот шаванд. Сакашвилӣ, ки аз соли 2004 то соли 2013 раиси ҷумҳури Гурҷистон буд, охири соли 2013 баъд аз поёни давраи раёсати ҷумҳуриаш, Гурҷистонро тарк кард.

Додгоҳи Гурҷистон дар ғиёби Михаил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури пешини ин кишвар дастур содир кард, ки вайро дар марҳилаи қабл аз мурофиа ба боздошт гиранд.

Вайро барои пароканда кардани тазоҳуроти зиддиҳукуматии моҳи ноябри соли 2007 дар Тифлис ва фиристодани неру ба маркази телевизионии Имедӣ, фасоди молӣ ва сӯистифода аз амволи давлатӣ, гунаҳгор медонанд. Аммо Саакашвилӣ ин иттиҳомотро қабул надорад. .

Саакашвилӣ дар давраи ҷанги мухтасари Русия бо Гурҷистон дар соли 2008 барои Осетияи Ҷанубӣ раиси ҷумҳури Гурҷистон буд. Ӯ аз мунтақидони ошкор ва нотарси Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба шумор меравад.

XS
SM
MD
LG