Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Саидаи 9-сола: «Мехоҳам Маликаи ҳусни Челни шавам»


Тоҷикдухтари 9-сола, ки дар озмуни «Маликаи ҳусни Челни-2014» пешсаф аст дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, ки умед дорад, бо кумаку дастгирии ҳамватанонаш дар ин озмун ғолиб хоҳад омад.

Саида Юлдошева, хонандаи синфи 3-и мактаби шумораи 40-и шаҳри Челнии ҷумҳурии Тотористони Русия ва яке аз 17 иштирокчии озмуни ниҳоии "Мисс Набережные Челны 2014" аст. Саида ягона тоҷикдухтар аст, ки дар ин озмуни шаҳрии маликаи сол иштирок мекунад.

Рӯзи 5-уми март дар як сӯҳбати телефонӣ аз Саида пусидем, ки муносибати мутасадиёни озмун ва дигар атрофиён бо шумо чигуна аст, чун аз шумо дар онҷо тоҷик ном бурда мешавад?

Саида: -Салом алейкум. Муносибати онҳо бо ман хуб аст. Маро дастгирӣ мекунанд. Муаллимонам аз ин хушҳоланд. Ба ҳамаи онҳое ки маро дастгирӣ мекунанд ташаккур мегӯям.

Озодӣ: Аслан Шумо ба ин озмун чигуна роҳ ёфтед?

Саида: -Ман дар мактаб фаъолам ва дар озмунҳо иштирок мекунам. Имсол ба ин озмун иштирок кардам ва аз чанд даври озмун гузашмтам ва ҳоло дар озмуни ниҳоиям.

Озодӣ: Шумо боварӣ доред, ки дар озмун ғолиб меоед?

Саида: -Бале ман боварӣ дорам, ки дар озмун ҷой мегирам. Ё ҷои якумро мегирам ё ҷои дувумро.

Озодӣ: Шумо боре дар ватани падарият - Тоҷикистон будед ва дар Тоҷикистон дӯстон доред?

Саида: -Бале ман ду маротиба дар Тоҷикистон будам. Ман Тоҷикистонро зиёд дӯст медорам. Дар онҷо бобо, амакҳоям ва хешу табори падарам ҳастанд. Боз ба ман оши палав аз ҳама зиёд писанд аст, барои онки ман палавро зиёд дӯст медорам.

Озодӣ: Боз кай ба Тоҷикистон меоед?

Саида: -Дар таътили тобистона ҳамроҳи падару модарам ба Тоҷикистон меравем.

Муродҷон Юлдошев, падари Саида мегӯяд, 33-сола аст ва Саида аввалин ва ягона фарзанди онҳост. Вай 17-сол пеш аз ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ба Русия рафтааст ва баъди чанд соли мардикорӣ бо Илсияр Юлдошева, хонадор мешавад. Илсияр Юлдошева миллаташ тотор буда, дар ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия зиндагӣ мекунанд.

Муродҷон Юлдошев мегӯяд, 17-сол қабл бо сабаби кам будани маош ба мардикорӣ рӯ оварда ба Русия рафтааст. Ҳоло шаҳрванди ин кишвар буда, дар яке аз корхонаҳои Тотористон кор мекунад.

Илсияр Юлдошева, модари Саида мегӯяд аз онки духтараш дар озмун иштирок карда аз давраҳои қаблӣ гузаштаву ҳоло яке аз пешсафон аст хушҳол аст. Илсияр мегӯяд Саида ҳам дар мактаби варзишии КАРАТЭ тамрин мекунад ва то ба ҳол миёни ҳамсолони худ миёнбанди кабудро соҳиб шудаву сертификати ин навъи варзишро ба даст овардааст.

Рӯзи 4-уми март Саида дар саҳифа худ (http://vk.com/id242756692) дар сомонаи иҷтимоӣ навиштааст, ки то рӯзи ҷамъбасти озмун рӯзҳои кам мондааст ва ӯро дастгирӣ кунанд.

«Ассалому алайкум!
Ман якумин духтари тоҷикам, ки дар Русия дар мусобиқаи "Мисс Набережные Челны 2014" иштирок мекунам. Маро дастгирӣ кунед, лайк дар ин сайт монед http://vk.com/id186153178?z=photo-37981844_322247194/. Ман мехоҳам ба ҳама тасдиқ кунам, ки тоҷикон ҳам олиҷанобанд! Раҳмат!» -
навиштааст Саида.

То лаҳзаи омода шудани ин матлаб аз рӯи овозҳо Саидаи Юлдошева бо гирифтани 2122 овоз дар ҷои якум қарор дорад. Дар ҷои дувум Лина Шукина бо 1205 ва Азалия Шакурова бо 1116 овоз дар ҷои сеюм қарор доранд. Аз ҳама овози кам - 142 раъй - дар ҳоли ҳозир Марина Сиз, яъне 145 овоз гирифтааст.

Озмуни "Мисс Набережные Челны 2014" рӯзи 7-уми март ҷамъбаст мешавад ва маросими ҷоизасупорӣ дар бинои фарҳанги ҳукумати шаҳри Набережние Челни баргузор мешавад.

Хонаводаи Саида Юлдошева ҳоло дар ҳамин шаҳри Набержние Челнии Ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия ба сар мебаранд. Бо пайдо шудани маълумоти бештар дар бораи хонаводаи Саида хонандагонро огоҳ хоҳем кард.

Бо онки то ҷамъбасти озмун 3 рӯзи дигар мондааст, дар гурӯҳҳои тоҷикии шабакаҳои иҷтимоии Интернет дар бораи иштироки Саида баҳсҳо зиёд аст. Аксари корбарони сомонаҳои иҷтимоӣ ба дастгирӣ аз Саида даъват мекунанд. Аз ҷумла дар гурӯҳи «Ҷавонони Тоҷикистон» дар шабакаи одноклассники зери навиштаҷоти «Ба тоҷикдухтар овоз медиҳем» акси Саида ва линки озмунро гузоштаанд. Вале як бахши корбарон, бахусус диндорон, ширкати як духтари мусалмон дар чунин озмунҳоро мухолифи арзишҳои исломӣ меноманд.

Дар марҳилаи охирини озмуни зебогии Челни 17 нафари аз 6 то 12-сола иштирок дорад. Озмун дар шакли овоздиҳи тариқи сомонаи нашрияи «Челни известия» http://m.chelny-izvest.ru/competition/59 ҷараён дорад ва он то соати 18-и рӯзи 6-уми март давом мекунад. Ғолиби озмунро ҷоизаи «Маликаи Челни» ва тӯҳфаҳои молӣ интизор аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG