Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саид Каримиён – мудири GEM TV – дар Истанбул кушта шуд


Саид Каримиён
Саид Каримиён

Саид Каримиён – мудири шабакаҳои телевизионии GEM TV – дар як сӯиқасди мусаллаҳона дар шаҳри Истанбули Туркия кушта шудааст. Ин телевизион, ки филмҳои туркиро бо тарҷумаи форсӣ пешниҳод мекунад, дар Тоҷикистон низ аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Худи Каримиён дар оғози соли ҷорӣ аз сӯи Додгоҳи инқилоби исломии Эрон дар ғайбаш ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд.

Яке аз наздикони Саид Каримиён рӯзи 30 апрел дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, хабари кушта шудани ӯро тасдиқ кард. Ба қавли наздикони Саид Каримиён, вай баъд аз чанд лаҳзаи аз кор берун шуданаш дар дохили мошини худ ҳадафи тир қарор гирифтааст.

Онҳо гуфтанд, мошини ҳамлаварон дар наздикии ҳодиса, дар ҳоле ки сӯхта шуда буд, пайдо гардидааст. Ҳанӯз ҳеҷ фард ё гуруҳе аз тарафи мақомоти Туркия ба унвони муттаҳами ин қатл муаррифӣ нашуд. Бино ба гузоришҳои расида, пулиси Туркия таҳқиқотро дар бораи ин ҳодиса оғоз кардааст. Расонаҳои Туркия тасвирҳои худрави Каримиён ва худрави сӯхтаи ҳамлаваронро нишон доданд.

Хабаргузории "Анадолу"-и Туркия навишт, Саид Каримиён ҳамроҳи яке аз шарикони кувайтиаш буд ва ӯ низ дар ин ҳамла ҷон бохтааст. "Анадолу" мегӯяд, сӯиқасди мусаллаҳона ба Саид Каримиён ва шарики кувайтиаш соати 9-и шаби 29 апрел рух додааст.

Гуруҳи шабакаҳои телевизионии GEM TV аз 50 шабака иборат аст, ки бештари онҳо ба забони форсӣ барномаву филм пахш мекунанд. Бархе аз шабакаҳои он бо забони курдӣ, туркӣ ва арабӣ низ ҳаст. GEM TV дар Тоҷикистон ҳам яке аз шабакаҳои пурбинанда ба ҳисоб меравад. Бархе аз сокинон мегӯянд, онҳо асосан филмҳои нави туркиро бо тарҷумаи форсиаш аз тариқи ин шабакаи моҳвораӣ пайгирӣ мекунанд.

Додгоҳи инқилоби исломии Эрон дар оғози соли ҷорӣ Саид Каримиёнро дар ғайбаш ба шаш соли зиндон маҳкум карда буд. Ҳамроҳи ӯ Фоиқа Оташин, маъруф ба Гугуш – овозхони машҳури эронӣ – низ ба 16 соли зиндон маҳкум гардид. Онҳо асосан ба фаъолиятҳои таблиғотӣ алайҳи низому амнияти миллии кишвар ва тавҳин ба бархе аз мақомҳои Эрон муттаҳам дониста шуданд.

Шабакаи телевизионии "Ал-Олам", мутааллиқ ба ҳукумати Эрон аз сӯиқасди мусаллаҳона ба Саид Каримиён ва кушта шудани ӯ хабар дода, ин ҳодисаро "террор" номид.

XS
SM
MD
LG