Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи ҳамагӣ 3 моҳ бо кумаки видеокамераҳои барномаи “Шаҳри бехатар” 3 миллион сомонӣ, ё беш аз 600 000 доллар ҷамъ омада, шумори садамаҳо дар пойтахт 50 дарсад коҳиш ёфтааст.

Раёсати бозрасии нақлиёти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷамъ шудани маблағҳои ҳангуфт аз ҳисоби ҷаримаҳо дар пойтахт, шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Бино ба гузориши радиои “Голос России”, видеокамераҳои насбшуда дар ҷодаҳои пойтахти Тоҷикистон аз моҳи ноябр ба ин тараф, дар зарфи ҳамагӣ 3 моҳ беш аз 150 000 мавриди вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатро сабт кардаанд. Ҷамъи маблағе, ки аз ҳисоби ҷаримаи ронандагон тавассути сабти қонуншикании онҳо дар видеокамераҳо ба ҷайби пулиси роҳи Тоҷикистон даромадааст, ба ҳисоби вазорати умури дохила, 3 миллион сомонӣ, муодили 600 000 долларро ташкил медиҳад.

Маҳмадсаид Саидов

Маҳмадсаид Саидов

Радиои “Голос России” дар матлаби алоҳидае таҳти унвони “Ҷаримаи ронандагон хазинаи давлатии Тоҷикистонро ба таври қобили мулоҳиза пур карданд” менависад, маъмурони пулис роҳ чунин босуръат боло рафтани мизони муассирияти кори худро ба насби 855 камераи назорати мустақим дар ҷодаҳои асосии Душанбе рабт медиҳанд. Ин видеокамераҳо дар ҷодаҳои пойтахт дар чорчӯби барномаи “Шаҳри бехатар” насб кардаанд. Ин барнома аз 1 ноябр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Раҳбари раёсати бозрасии нақлиёти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон генерал Маҳмадсаид Саидов ба “Голос России” гуфтааст, “Тарҳи “Шаҳри бехатар” аз нигоҳи таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ дар шаҳри Душанбе барои Тоҷикистон як тарҳи бесобиқа аст. Ин барнома алакай натиҷа дода истодааст. Шумори садамаҳои нақлиётӣ дар пойтахт 50 дарсад коҳиш ёфтааст.”

Қариб 26 000 доллар барои ҳар камера!

Расми ифтитоҳи маркази "Шаҳри бехатар". 01.11.2013

Расми ифтитоҳи маркази "Шаҳри бехатар". 01.11.2013

Тарҳи “Шаҳри бехатар” дар пойтахти Тоҷикистон бар пояи 22 миллион доллар қарзи Чин анҷом шуда, дар чаҳорчӯби он дар ҷодаҳои асосӣ ва маконҳои пуриздиҳоми пойтахти Тоҷикистон аз тарафи ширкати чиноии Ҳуавей технолоҷӣ» - масъули иҷрои ин барнома – дар маҷмӯъ 855 видеокамера насб карда шуд.
Ин барнома расман рӯзи 1 ноябр ба кор сар кард ва алакай дар зарфи 8 соати аввал эълон шуд, ки 17 000 мавриди вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатро сабт кардааст.

Аммо насби видеокамераҳо дар кӯчаҳои шаҳр ба вокунишҳои манфие ҳам дучор шудааст. Як гурӯҳ харҷи ин барномаро беш аз ҳад хонда, гуфтаанд, харҷи 22 миллион доллар барои насби 855 камера ба ин маънист, ки насби ҳар видеокамера барои буҷаи Тоҷикистон қариб 26 000 доллар тамом шудааст.

Мояи дигари интиқодҳо бо насби ин камераҳо фароҳам шудани асбоби нави дахолати мақомот дар ҳарими ҳаёти хусусии мардум аст. Ронандагон ҳамин тавр, шикоят мекунанд, ки ҷаримаҳои сангин дар шароити Тоҷикистон, ки ҳатто тибқи омори расмӣ, сеяки аҳолиаш зери хатти фақр ба сар мебарад, зарбаи сахте ба ҷайби қишри нодор хоҳад шуд. Боз як мояи нигаронӣ эҳтимоли афзоиши фасод дар ниҳодҳои бе он ҳам фасодолудаи пулиси роҳ аст.

Аммо ба сурати умум, шумори ҷонибдорони чунин шеваи назорати ҳаракат дар роҳҳои кишвар бештар ба назар мерасад. Онҳо бахусус бо таваҷҷӯҳ ба шумори зиёди ронандагони фориғболу ба истилоҳ “буқа” дар пушти чанбари фармони мошинҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ин камераҳо бо ҷаримаҳои сангин ин тоифаро маҷбур хоҳад кард, ки ҳангоми ронандагӣ бештар мувозеҳи худу дигарон бошанд.

Мақомоти пулиси роҳ мегӯянд, ки бо насби ин камераҳо шумори садамаҳо дар пойтахт 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест ки ҷодаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла пойтахташ – Душанбе – аз пурсадаматарин ҷодаҳои мошингтар ба шумор мераванд. Танҳо дар 9 моҳи соли 2013 дар Тоҷикистон 1033 садама сабт шуда, гуфта мешавад, дар ин ҳодисаҳо 350 нафар ҷон бохта, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

738 800 қоидавайронкунӣ дар 9 моҳ

Пулиси "чӯббадаст" дигар бекор мемонад"

Пулиси "чӯббадаст" дигар бекор мемонад"

Ҳамин тавр, бино ба итилоъи вазорати корҳои дохилӣ, дар 9 моҳи соли равон дар кӯчаву роҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар маҷмӯъ 738 800 вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 6 945 ҳодисаи идораи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 25 800 ҳолати бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 706 ҳолати истифодаи ғайриқонунии нақлиёти сиёҳшиша, 4 237 ҳолати бе рақамҳои қайди давлатӣ, 6688 ҳодисаи итоат накардан ба корманди милитсия, 11511 ҳодисаи риоя накардани талаботи чароғакҳо, 21 483 ҳолати гуфтугӯи ронанда бо телефони мобилӣ дар пушти чамбараки мошин ошкор шудааст.

Дар ҳамин муддат, ҳамчунин 853 ҳолати истифодабарии нақлиёти давлатӣ ба манфиати шахсӣ, 1696 ҳолати аз меъёр зиёди иштироки воситаҳои нақлиёт дар гузаронидани тӯйю маъракаҳо, 2459 далели истифодабарии воситаҳои нақлиёт бо асбобҳои иловагии баланд садодиҳанда (сирена), ки шабона оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд, ошкор шудааст.

Акнун умедвории бисёриҳо ин аст, ки видеокамераҳои “Шаҳри бехатар” ин омори нохубро имсол хеле дигар хоҳанд кард ва муҳимтар аз ҳама, дарсади маргумир ва маслуқшавии мардум бар асари садамаҳо дар ҷодаҳоро ба таври қобили мулоҳиза поён хоҳанд бурд. Албатта, агар ин ибтикор ҳам тӯъмаи фасоди маъмурони пулиси роҳ ё аз тарафи боз ягон нафари “пушташ бақувват” “монополия” нашавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG