Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Михаил Саакашвилӣ, раиси ҷумҳурии собиқи Гурҷистон аз мақоми раиси вилояти Одессаи Украина истеъфо дод. Саакашвилӣ рӯзи 7 ноябр дар баробари хабарнигорон гуфт, "охирин қатраи тоқати ӯ баъди он тоқ шуд, ки мақомоти украинӣ эъломияҳои даромади расмии худро пахш карданд". Дар ин гузоришҳо тафовути қобили мулоҳизаи миёни даромадҳои воқеӣ ва расмии сиёсатмадорони амалкунандаи Украина ба намоиш гузошта шуд.

Саакашвилӣ солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд ва аз моҳи маи соли 2015 ба мақоми раҳбари вилояти Одесса баргузида шуд.

Гузоришҳои матбуотӣ президент Петро Порошенко ва бархе аъзои ҳизби “Ҳамраъйӣ”-и ӯро дар миёни сарватмандтарин афроди Украина ҷо дод. Даромад ва арзиши сарвати ғайриманқули ҳар яки онҳо миллионҳо долларро ташкил додааст.

Саакашвилӣ мақомоти Украинаро дар фасод айбдор кард ва гуфт, ки Порошенко "шахсан дар ҳимояи" гурӯҳҳои фасодзада дар минтақаи Одесса мебошад. Саакашвилӣ гуфт, баъди аз мақом рафтанаш ҳам муборизи беамони коррупсия дар Украина мешавад ва дар қатори нерӯҳои “ҷавон ва поктинат” қарор мегирад. Саакашвилӣ солҳои 2004 то 2013 президенти Гурҷистон буд ва аз моҳи маи соли 2015 ба мақоми раҳбари вилояти Одесса баргузида шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG