Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоли таърихии қудрат дар Гурҷистон идома дорад, аммо ба назар мерасад, ки бархе аз мансабдорони ҳукумати пешин поёни корро интизор шуданӣ нестанд.

Баъд аз пирӯзии Эътилофи «Рӯъёи гурҷӣ»-и миллиардер Бидзина Иванишвилӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 1 октябр чанде тан аз раҳбарони воломақом ва мансабдорони собиқи ҳукумати раисиҷумҳур Михаил Саакашвилӣ ба таври асроромез ғайб заданд. Расонаҳои чопи Тифлис ҳадс мезананд, ки онҳо аз тарси мавриди пайгарди қонун қарор гирифтан кишварро тарк кардаанд.

Миёни «ғайбзадагон» вазири адлия Зураб Адеишвилӣ, вазири дифоъ Дмитрий Шашкин ва вазири пешини умури дохилӣ Бачо Ахалая ҳастанд. Бачо Ахалая баъд аз нашри навори видеоии пурсару садои таҳқиру азияти маҳбусон дар маҳбаси канори Тифлис ба истеъфо рафта буд. Макони будубоши бародари ӯ Дата Ахалая, муовини вазири дифоъи Гурҷистон, Хотуна Калмахелидзе, вазири пешини ислоҳоту ҳуқуқ, ки низ баъди моҷарои маҳбас аз мақомаш маҳрум шуда буд ва раиси кулли ширкати роҳи оҳани кишвар Ираклий Езугбая то ҳол маълум нест.

Бар пояи хабарҳо, аввалҳои моҳ раиси кумитаи дифоъ ва амнияти миллии парлумони Гурҷистон аз ҳизби ҳокими Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ Гивӣ Таргамадзе ҳам Гурҷистонро тарк кард.

Бахши гурҷии Радиои Озодӣ бо дафтари кори бештари ин мансабдорон дар тамос шуд ва посух гирифт, ки онҳо дар таътиланд, вале дар куҷо будану кай баргаштанашон маълум нест. Нино Потржебская, сухангӯи вазири дифоъ, гуфт, ки Дмитрий Шашкин дар Амрико барои як сафари корӣ рафтааст, вале дар бораи дар куҷо буданашу рӯзи бозгашташ иттилоъ надорад.

Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон ва нахуствазири феълӣ Вано Мерабишвилӣ сабабҳои ғайбзании мансабдоронро ташреҳ накардаанд.

Баъд аз интихоботи парлумонӣ ҳукумати Гурҷистон ба истеъфо рафт, аммо, бар пояи қонун, вазирон то таъсиси ҳукумати нав бояд корро идома диҳанд.

Рӯзи 15 октябр Михаил Саакашвилӣ ба судури як амр ба садҳо мансабдорони воломақом иҷозаи истифодаи шиносномаҳои дипломатиро ба мӯҳлати то як сол баъд аз тарки мақомашон додааст. Ба феҳристи ин афрод вакилони парлумон, аъзои Додгоҳи Олӣ ва Додгоҳи Қонуни асосӣ, нахуствазиру вазирони давлатӣ, раиси Бонки миллӣ, шаҳрдори Тифлис, раҳбарони бахшҳои дафтари раёсатҷумҳур, парлумон ва ҳукумат шомиланд. Михаил Саакашвилӣ ва хонумаш бошанд, аз ҳаққи то поёни умр истифода кардани шиносномаҳои дипломатӣ бархурдор шуданд.

Теа Сулукианӣ, ки қарор аст дар садри вазорати адлия нишинад, рӯзи 9 октябр аз вазорат дидан кард ва дарёфт, ки баъди ғайб задани вазири адлия Адеишвилӣ касе раҳбарии вазоратро бар ӯҳда надорад.

«Агар ӯ Гурҷистонро тарк накарда бошад ҳам, аммо вазоратро тарк кардааст, - гуфт Сулукианӣ лар мусоҳиба бо телевизиони «Маэстро»,-ӯ як сохтори бузургро бо теъдоди зиёди кормандон тарк кард. Аз ҷой бархосту рафт».

Давид Яндиерӣ, ёвари Сулукианӣ, ки намояндаи эътилофи «Рӯъёи гурҷӣ» дар гурӯҳи муштараки корӣ бо Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ оид ба интиқоли қудрат низ ҳаст, мегӯяд, ки «баъд аз эълони интиқоли қудрат Сулукианӣ ва ман бо муовини вазири адлия Тина Бурҷалианӣ мулоқот кардем. Ӯ хабар дод, ки вазир дар Гурҷистон нест, зеро дар рухсатист. Ӯ билофосила баъд аз интихобот рухсатӣ рафт ва ваколатҳояшро ба ихтиёри муовинаш гузошт. Ин ягона ташреҳе буд, ки мо аз хонум Бурҷалианӣ шунидем».

16 октябр Михаил Саакашвилӣ ба рақибаш Бидзина Иванишвилӣ мақоми шаҳрванди Гурҷистонро баргардонд. Дар ҷараёни омодагиҳо ба интихоботи парлумонӣ сарвари кишвар Иванишвилиро аз шаҳрванди Гурҷистон маҳрум карда буд – он вақт вазорати адлия шарҳ дод, ки Иванишвилӣ шаҳрванди Русия буд ва баъд аз дарёфти шаҳрвандии Гурҷистон боз шаҳрванди Фаронса шуд ва қавонини Гурҷистон сешаҳрвандиро иҷоза намедиҳад. «Эҳё»-и шаҳрвандии Гурҷистон ба Иванишвилӣ имкон медиҳад, ки ӯ рӯзи 20 октябр дар нишасти парлумони нав нахуствазири Гурҷистон таъин шавад.

Дар ҳамин ҳол фазои сиёсии Гурҷистон то ҳол пок нашудааст. Раиси пешини парлумон Нино Бурҷанадзе, ки ба эътилофи «Рӯъёи гурҷӣ» шомил нест, ба хабаргузории Интерфакс гуфт, Саакашвили ва мансабдорони ҳукумати ӯ ҷиноёти зиёд содир кардаанд ва бояд мавриди муҳокимаи одилонаи додгоҳ қарор бигиранду солҳои тулониро пушти панҷараи маҳбас сипарӣ намоянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG