Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди RWB аз "сонсури оммавӣ"-и интернет дар Тоҷикистон


Созмони хабарнигори бидуни марз ва ё RWB дар гузориши тозаи худ аз сонсури оммавии интернет дар Тоҷикистон интиқод кардааст.

Дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо сензура дар интернет созмони «Хабарнигорони бидуни марз», мақараш дар Порис, гузоришеро дар бораи назорат аз болои интернет дар кишварҳои гуногуни олам нашр кард. Муаллифони гузориш рӯи тарзу усулҳо ва истифодаи фанновариҳо аз сӯи бархе кишварҳо ба хотири зиндонӣ кардани хабарнигорон, дигарандешон ва шаҳрвандони қаторӣ тамаркӯз кардаанд. Айни ҳол тақрибан 180 нафар аз хабарнигорон ва корбарандагони интернет барои нашри хабар ё ибрози андеша дар маҳбас ба сар мебаранд.

Созмони “Хабарнигорони бидуни марз” дар гузориши «Душманони интернет дар соли равон» панҷ кишвар - Чин, Сурия, Эрон, Баҳрайн ва Виетнамро «ҷосусҳое» хондааст, ки пайваста интернетро таҳти назорат доранд ва афроди озодандешро ошкор карда ба маҳкама мекашанд. Ба навиштаи муаллифон, бузургтарин системи назорат аз болои интернет дар Чин амал мекунад. Дар ин кишвар аз ҳама бештар афроде зиндонӣ шудаанд, ки бо ахбори интернетӣ сару кор доранд. Дар гузориш омадааст, дар Сурия бар асари фаъолияти ширкатҳое, ки бо режими Башор Асад дар бахши ҷосусии интернетӣ ҳамкорӣ мекунанд, 22 хабарнигор ва 18 корбарандаи интернет ба зиндон андохта шудаанд. Муаллифон ёдовар шудаанд, ки мақомоти Эрон мехоҳанд шабакаи маҳаллии интернетиро таъсис кунанд ва он таҳти назорати Теҳрон қарор хоҳад дошт.

Ҳомиёни ҳуқуқҳои хабарнигорон мегӯянд, ки режимҳои худкома гумон аст бидуни дастрасӣ ба фанновариҳои пешрафта тавони ҷосусӣ аз болои шаҳрвандони худро дошта бошанд. “Хабарнигорони бидуни марз” барои нахустин бор феҳристи панҷ ширкати хусусиеро нашр кард, ки тавлидоти онҳо аз сӯи ҳукуматҳои худкома барои нақзи ҳуқуқи башар ва маҳдудсозии озодиии дастрасӣ ба иттилоъ истифода мешаванд. Ба ақидаи муаллифони гузориш инҳо – Gamma, Trovicor, Hacking Team, Amesys ва Blue Coat мебошанд. Ба навиштаи муаллифони гузориш, “Баҳори араб” ҳукуматҳои худкомаро мӯътақоид сохт, ки аз фақат тавассути назорати ҷиддии интернет метавонанд қудрати худро ҳифз кунанд.

“Хабарнигорони бидуни марз” навиштааст, ки соли 2012 бархе аз сомонаҳои серхонанда дар Тоҷикистон ҳам ба маҳдудият рӯбарӯ шуданд. Аз ҷумла дар ин гузориш ба баста шудани сомонаҳои Азия Плюс, РИА Новости, Lenta.ru, Fergananews.com, Centrasia.ru, торнамои Би-Би-Си, ва ҳамчунон торнамои Youtube ва шабакаи иҷтимоии Фейсбук ишора шудааст.

Гузориши "Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, ки дастури Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет дар мавриди баста шудани торнамоҳое, ки дар мавзӯҳои ҳассос менависанд, ба як амри маъмулӣ табдил ёфтааст.

Ба дунболи амалиёти нерӯҳои интизомии Тоҷикистон алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта, мақомот бо баҳонаҳое дастрасӣ ба баъзе сомонаҳоро маҳдуд карданд. Аз ҷумла сомонаи “Азия-Плюс” ду бор баста шуд. Дар ин миён дастрасӣ ба чанд расонаи русӣ ва ВВС ҳам муваққатан қатъ шуд.

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" ба дунболи ҳодисаҳои Хоруғ бо пахши изҳороте гуфта буд, ки Тоҷикистон бо қатъи дастрасӣ ба баъзе сомонаҳои интернетӣ, худро ба рӯйхати кишварҳои “душмани интернет” наздик кардааст.

Ин созмон гуфта буд, Тоҷикистон бо мунтазам сонсур кардани интернет дар як радиф бо ҳамсояи худ Қазоқистон қарор гирифтааст ва дар ниҳояти амр метавонад дар як радиф бо Узбакистону Туркманистон ҷой бигирад.

Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон, низ мегӯяд, ки дар Осиёи Марказӣ Ӯзбакистону Туркманистон ва қисман Тоҷикистонро метавона ба феҳристи "душманони интернет" шомил кард. Ӯ меафзояд, ки НАНСМИТ мехоҳад то Рӯзи ҷаҳонии озодии баён – 3 май феҳристи душманони матбуот, аз ҷумла, интернетро дар Тоҷикистон таҳия ва нашр кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар хатти аввали ин феҳрист, албатта, Бек Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ҷой хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG