Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаноатмандии Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти оҷонсӣ


Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии зидди фасод аз фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди зертобеи худ изҳори қаноатмандӣ кардааст. Писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи март ба ин тараф раҳбарии ин ниҳодро ба дӯш дорад.

Рустами Эмомалӣ дар нишасти нимсолаи Оҷонсии зидди фасод, ки дар нимаи дуввуми рӯзи чаҳоршанбе, 15 июл дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баъди шунидани гузоришҳои Раёсатҳои ин ниҳод дар вилояти Суғду Хатлон ва Бадахшон, аз фаъолияти 6-моҳаи ин сохтор изҳори қаноатмандӣ кард.

Олим Забирзода, сухангӯи оҷонсии зидди фасод рӯзи 16 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нишасти нимсолаи оҷонсӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ сурат гирифт ва фаъолияти шашмоҳаи он ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Рустами Эмомалӣ гуфтааст, ки дар зарфи шаш моҳ, ротатсияи 88 корманди оҷонсӣ амалӣ карда шудааст ва ба сафи ин ниҳод асосан "ҷавонони касбӣ" ҷалб карда шудаанд. Моҳи июн радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар паи аттестатсия ё санҷиши ҳирфаии кормандони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон, ки як моҳ идома кард, 56 корманди ин ниҳод аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Ба гуфтаи Олим Забирзода, ин кормандон натавонистанд аз санҷиши касбӣ гузаранд ва биноан фаъолияти онҳо ба поён расид. 40 нафари онҳо кормандони бахши ҳуқуқӣ ва 16 нафарашон хидматчиёни назорати молиявӣ будаанд.

Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ниҳоди вижаи мубориза бо фасод амал мекунад, коррупсияву ришваситонӣ ҳамоно аз мушкилоти доғи ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бар тибқи як пурсиши афкори умуми дафтари рушди СММ дар Душанбе, 70 % аҳолии Тоҷикистон гуфтаанд, ки ҳадди аққал як бор пора додаанд. Таҳқиқоти дар чанд соли пеш анҷомшуда нишон медиҳад, ки фасодзадатин соҳаҳо - маориф ва хадамоти тиб аст.

Ба гуфтаи Оҷонсӣ, соли гузашта дар вазорати маориф 101 маврид ва дар вазорати тандурустӣ 70 ҷинояти марбут ба фасод ошкор шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ки солҳои пеш дар рӯйхати фасодкорони аслӣ буд, соли 2014, ба гуфтаи Оҷонсӣ, ҳамагӣ 46 ҷинояти марбут ба фасод доштаст. Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мутахассисони Оҷонсӣ, мизони фасод ё зиёни ба давлат воридшуда ҳудудан 128 миллион сомонӣ, муодили 25 миллион доллар буд ва аз ин рақам беш аз 28 миллион сомонӣ ё 6 миллион доллар ба хазинаи давлат баргаштааст.

Бар тибқи як хулосаи мутахассисони Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар соли 2014 кормандони идораҳои давлатӣ дар маҳалҳо 224 ва бонкҳои кишвар 214 ҷинояти марбут ба фасод содир карданд ва аз фасодкорҳои аслӣ буданд.

Бо ин вуҷуд, мунаққидон мегӯянд, ки фаъолияти ин оҷонсиро намешавад комил ва нишонрас номид, ба он хотир, ки ба "шасти" сохторҳои зидди коррупсия асосан "моҳиҳои хурд", аз қабили омӯзгорону табибон меафтанд. Ин масъаларо дар нишастҳои матбуотии раҳбарияти оҷонсӣ дар гузашта хабарнигорон ҳам зиёд матраҳ кардаанд.

Рустами Эмомалӣ, писари 27-солаи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъиин шуд. Ӯ, ки рутбаи генерал-майорӣ дорад, моҳи ноябри соли 2013 ба курсии раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон нишаста буд. Ин фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намуд ва соли 2009 дар анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

Ӯ фарзанди дуввуми раисиҷумҳури Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Хоҳари ӯ - Озодаи Раҳмон муовини аввали вазири умури хориҷист. Ҳарчанд мақомоти расмӣ ба ин сатҳ расидани Рустами Эмомалиро ҳосили талошҳои худаш медонанд, аммо бархе аз нозирони умур ҷаҳиши зуди ӯ аз ин мақом ба он мақомро кӯшиши ошно карданаш бо кори давлатӣ меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG