Пайвандҳои дастрасӣ

Бино бар хабари расонаҳои ғарбӣ, Душанбе сарнавишти фурудгоҳи низомии Айниро ба фоидаи Русия ҳал кардааст.

Матбуоти ғарбӣ бо ишора ба боздиди ахири вазири дифоъи Русия аз Тоҷикистон менависад, ки мувофиқаи ба ихтиёри русия гузоштани ин пойгоҳ дар ҷараёни ҳамин сафар ҳосил шудааст.

Аз сӯи дигар як манбаи мӯътамад дар Вазорати дифои Тоҷикистон ба радиори Озодӣ гуфт, ки Душанбе ҳанӯз ба қарори ниҳоӣ нарасидааст, ки оё фурудгоҳи низомии Айниро дар ихтиёри чӣ давлате қарор диҳад.

Айни замон, ин манбаъ тасдиқ кард, ки дар ин замина ҳукумати Тоҷикистон ҳоло бо баъзе кишварҳо аз ҷумла русия вориди музокирот шудааст ва “баҳси аслӣ ҳоло бар сари шарту шурути истифодаи ин фурудгоҳ аз ҷониби кишвари хостгори пойгоҳи Айнӣ” будааст.

Рӯзи чоршанбе баъзе нашрияҳои ғарбӣ навиштанд, ки
Анатлоий Сердюков: вазири дифои Русия
Тоҷикистон ва Русия ба тавофуқи усулӣ дар амри истифодаи фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ғарби Душанбе даст ёфтанд ва чунин тавофуқ дар ҷараёни боздиди ахири вазири дифои Русия Анатолий Сердюков ба Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Мартин Стифф таҳлилгари сомонаи интернетии Central Asia Newswire мегӯяд, масъала то ҷое ҳалшуда аст, ки дигар сӯҳбат “на бар сари эҳтимоли ба ихтиёри Русия вогузор шудани ин пойгоҳи ҳавоӣ, балки бар сари замони шурӯи истифодаи пойгоҳ аст. Танҳо тақозои Душанбе ин аст, ки ин фурудгоҳ мавриди истифодаи муштарак бошад. Талаби русҳо ин аст, ки пойгоҳи Айнӣ танҳо дар ихтиёри онҳо қарор дода шавад”.

Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Дар нишасти матбуотии охири моҳи январ Ҳамрохон Зарифӣ, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон низ гуфта буд, ки Душанбе бо Маскав музокираҳоро дар заминаи ба ихтиёри Русия вогузор шудани ин фурудгоҳ оғоз кардааст. Коршиносони низомӣ мегӯянд, фурудгоҳи Айнӣ, ки бо кӯмаки Ҳинд тармиму бозсохт шудааст, дар 10-километрии ғарби Душанбе ҷойгир буда, барои омодабоши сареъ, дар сурати хатарҳои амниятӣ шароити муносиб дорад: барои намуна аз қаламрави пойгоҳ дар кӯтоҳтарин фурсат метавон нирӯҳоро ба манотиқи пурсарусадои Рашт интиқол дод. Ба маҳалле, ки дар он баъзен гурӯҳҳои мусаллаҳ паноҳгоҳ ёфтаанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони дохиливу хориҷӣ Эмомалӣ Раҳмон манфиатдори он аст, ки Русия ҳузури низомиашро дар хоки Тоҷикистон тақвият диҳад, ба он хотир, ки аз раисиҷумҳур аз эҳтимоли такрори ҷанги дохилии солҳои 1990-ум ҳарос дорад. “Заминаҳое барои нооромиву бесуботӣ дар ҷомеаи ин кишвар амалан вуҷуд дорад ва инро хушунатҳои тирамоҳу зимистони ахир, куштори 28 низомӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва дар шарқи Тоҷикистон мустақар шудани даҳҳо ҷангиёни Толибон рӯшан ба намоиш гузошт.” - мегӯянд таҳлилгарон.

Айни замон, аз нигоҳи соҳибназарони дигар, бо ин роҳ мақомоти Тоҷикистон фишори Русияро заъифтар хоҳанд кард, ки то имрӯз барои талошҳои наздикшавиаш бо Ғарб ва дурӣ ҷустанаш аз Маскав борҳо мавриди “муҷозот” қарор гирифтааст.

Дар пасманзари сару садоҳои моҳҳои охир оиди эҳтимоли баъди шаш сол дубора вориди хоки Тоҷикистон шудани нирӯҳои марзбони Русия, таҳаввулоти нав метавонад гардиши тозае дар ҳамкориҳои низомии ду кишвар шавад. Мартин Стифф мегӯяд, ки ин бозгашт барои Маскав “як муваффақияти боэътибор” хоҳад буд. Пайғоми аслии он пеш аз ҳама ба ғарб фиристода хоҳад шуд, ки дар чунин ҳол ҳузур ва нуфузаш дар қаламрави Осиёи Марказиро коҳиш хоҳад ёфт."

Мирослав Ниёзов, таҳлилгари низомӣ, ки чанд сол пеш ҳамчун
Миирослав Ниёзов
дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон фаъолият кардааст, мегӯяд, дар сурати вуҷуд доштани чунин як созиш оид ба дастрасии русҳо ба фурудгоҳи низомие дар Тоҷикистон инро бояд чун як талош барои эҷоди тавозуни сиёсӣ арзёбӣ кард:
“Ин чиз бо манфиатҳои суннатии сиёсии мо ихтилоф надорад, чунки мо ҳоло ҳам дар банди тасаввуроти кӯҳна қарор дорем, ки шарики калидии стратегии мо бояд Русия бошад. Аммо ин чиз чӣ бадӣ дорад? Ман фикр мекунам, ки бо гузашти айём мо ба сиёсати бисёрқутба хоҳем гузашт. Дар он сурат, манфиатҳои миллӣ волотар аз суннатҳо хоҳанд буд”.

Оқои Ниёзов афзуд, ки тасмими Душанбе пеш аз ҳама аз андешаву манфиатҳои сиёсӣ маншаъ мегирад.

Мартин Стифф мегӯяд, суръати тоза касб кардани ҳамкориҳо бо Русия, ки бо доштани беш аз панҷ ҳазор низомӣ дар хоки Тоҷикистон ҳузури қавиеро соҳиб шудааст, на танҳо аз таҳдидҳои амниятӣ, балки аз андак ранҷишҳои Раҳмон аз Ғарб маншаъ мегирад.

Дар ҳоле, ки Русия, ба қавле ба тамоюлҳои давлатдориву пешрафтҳои демократии Тоҷикистон ва умуман шарикони сиёсиаш дар минтақа кор надорад, чопи номаҳои дипломатҳои амрикоӣ дар сомонаи ифшогари WikiLeaks дар ҳақи Раҳмон ва Тоҷикистон президентро нороҳат кардааст. Дар ин номаҳо аз мушкилоти сиёсии ҳукумати дарозумри президенти Тоҷикистон, мушкилоти марбут ба фасод, шеваи сахти саркӯби нирӯҳои мазҳабӣ интиқод шудааст.

Бархе ҳам мегӯянд, аз ин ҷост, ки бо назардошти ниёзҳои Амрико дар истифодаи фурудгоҳҳои ҳарбии минтақаӣ дар амалиёти Афғонистон баъди коҳиш ёфтани умури он дар пойгоҳи “Манас”-и Қирғизистон, Раҳмон ҳамкориро дар ин бахш бо Русия авлотар медонад.

Аммо таҳлилгари маъруфи покистонӣ Аҳмад Рашид мӯътақид аст, ки Ғарб аз тасмими Душанбе нороҳат нахоҳад шуд, чун як соли охир ҳамкории Амрикову Русия дар чаҳорчӯби НАТО дар амалиёти Афғонистон муассир будааст: “Ба назари ман, баъди интиқодҳои Русия НАТО ин воқеиятро эътироф кард, ки ҳузури нирӯҳошя дар Афғонистон ҳанӯз натавонистанд ба мағлубияти Толибон сабаб шавад. Аз ин хотир, дар як соли охир ҳамкориҳои НАТОву Русия хеле беҳбуд ёфтааст”.

Вай гуфт, артиши Афғонистон ва нирӯҳои ҳавоии он бо иҷозаи амрикоиҳо васоил ва таҷҳизоти русиро харидорӣ мекунанд, ки бо пули амрикоиҳо маблағгузорӣ мешавад. “Аз ин рӯ, дар ин замина набояд ҳеҷ мушкиле пеш ояд”, гуфт ӯ.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG