Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзи 1 март дар шаҳри Маскав бо ширкати ҳазорон нафар раҳпаймоии тарафдорони мухолифин ба ёди Борис Немтсов баргузор шуд.

Рӯзи 1 март тарафдорони мухолифин дар шаҳри Маскав, пойтахти Русия ба ёди Борис Немтсов дар як раҳпаймоӣ гирди ҳам омаданд. Борис Немтсов шаби 27 ба 28 феврал дар натиҷаи сӯъиқасди мусаллаҳона дар маркази пойтахти Русия, дар рӯбарӯи Кремл кушта шуд.

Созмондиҳандагонаш мегӯянд, дар раҳпаймоии рӯзи 1 март дар Маскав дастикам 70 000 нафар ширкат доштанд, Пулиси Русия аммо шумори ширкаткунандагонро ҳудуди 7 000 мегӯяд.

Хабаргузории давлатии ТАСС гуфт, ҳудуди 6 000 тани дигар ба ёди Борис Немтсов дар шаҳри Санкт - Петербург гирди ҳам омаданд.

Рӯзи 28 феврал ҳазорон нафар дар маҳалли кушта шудани ин сиёсатмадори мунтақиди Кремл ва собиқ муовини сарвазиир Русия дар рӯи пули Василевский гулу қандил гузоштанд.

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қатли Немтсовро “иғво” номида, ба модари ӯ ваъда додааст, ки қотилони писарашро пайдо карда ва ба ҷавобгарӣ хоҳанд кашонд.

Муфаттишон мегӯянд, онҳо чанд фарзия, аз ҷумла эҳтимоли аз сӯи исломгароёни тундрав кушта шудани Немтсовро, ки яҳудӣ буд, таҳқиқ мекунанд. Фарзияи дигари матраҳ, ба гуфтаи тафтишот, эҳтимоли бо дасти худи мухолифин кушта шудани ӯ бо ҳадафи бадном кардани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст.

ПАХШИ ЗИНДА АЗ РАҲПАЙМОӢ БА ЁДИ НЕМТСОВ:

Ин дар ҳолест ки ҳамсафони ӯ дар ҷабҳаи мухолифин мегӯянд, Борис Немтсов қурбони фошгӯиҳояш дар бораи фасодзадагии ҳокимони кунунии Русия шудааст ва қатли вай ангезаҳои рӯшани сиёсӣ дошта, ҳушдоре ба боқӣ тарафдорони мухолифин аст, ки фаъолиятҳои сиёсии онҳо барояшон чӣ оқибате дошта метавонад.

Худи Борис Немтсов дар мусоҳибаҳояш мегуфт, ӯ метарсад, ки Путин ба далели фошгӯиҳояш дар бораи нақши Русия дар низои Украина шояд марги ӯро бихоҳад.

Гулгузорӣ ба ёди Немтсов дар Киев

Гулгузорӣ ба ёди Немтсов дар Киев

Раисиҷумҳури Украина Петро Порошенко рӯзи 28 феврал гуфт, ки Немтсов ду ҳафта қабл ба ӯ гуфтааст, ки мехоҳад шаҳодатҳо дар бораи дахолати Русия дар исёни ҷудоиталабон дар шарқи Украинаро нашр кунад. “Касе аз ин кор хеле метарсид... Ӯро ҳамонҳо куштанд,” – гуфт Порошенко дар сӯҳбате, ки телевизиони Украина намоишаш дод.

Киев ва ҳамин тавр, бисёриҳо дар Ғарб Русияро ба ирсоли сарбозон ва аслиҳа ба кӯмаки ҷудоиталабон дар вилоятҳои умдатан русзабони Донетску Луҳанск айбдор мекунанд. Вале Маскав инро рад мекунад.

Вакили мудофеи Борис Немтсов ба Радиои Озодӣ гуфт, сарфи назар аз онки кӣ куланги силоҳро зер кардааст, Немтсов қурбони режими сиёсии ҳоким дар Русия шуд.

Григорий Явлинский, раҳбари собиқи ҳизби мухолифи “Яблоко” дар саҳифааш дар шабакаи Facebook навишт, “масъулияти сиёсии ин куштор бар дӯши мақомот ва шахсан бар дӯши раисиҷумҳур Путин аст, ки ҷангро сар карда ва маъракаи тарғиботии пурадоватеро барои ҳимоят аз ин ҷанг пеш мебаранд.”

Алексей Навалний, раҳбари мухолифини Русия гуфт, қатли Немтсов хеле суолбарангез аст, чунки ӯ дар пешорӯи раҳпаймоии ба рӯзи 1 март барномарезишудаи мухолифин таҳти назорати пайваста қарор дошт. Навалний дар блогаш навишт, “ман бовар карда наметавонам, ки ӯ шабона бидуни онки беназорат бошад, дар атрофи Кремл сайругашт кунад.”

Муфаттишон мегӯянд, вақте Борис Немтсов ҳамроҳ бо зане, ки матбуоти Русия ӯро модели 23-сола аз Украина Анна Дуритская ном мебарад, дар наздикии Кремл сайругашт мекард, силоҳбадастон аз дохили мошин ба тарафи ӯ 8 тир андохтанд. Анна Дуритская осеб надидааст, вале 4 тир ба Борис Немтсов асобат карда, сабаби марги билофосилаи ӯ дар рӯи пули Василевский шудааст.

Шабакаи телевизионии “ТВ-Сентр”-и Маскав навори камераҳои назоратиеро намоиш дод, ки дар он қотили эҳтимолиро дар лаҳзаи фирор аз ҷои ҳодиса ва нишастанаш ба як мошин, ки баъди ин якбора ва босуръат ҳаракат мекунад, нишон медиҳанд.

Қатли Немтсов ба мавҷи маҳкумият дар саросари ҷаҳон рӯбарӯ шуд. Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи 28 феврал гуфт, ӯ “ба ҳоли шок афтода, ин куштори ваҳшиёнаро маҳкум мекунад.” Созмони “Amnesty International” гуфт, куштори Немтсов “бояд ба таври фарогир ва холисона таҳқиқ шавад.”

Борис Немтсов ҳамагӣ чанд соат баъд аз мусоҳибааш бо радиои “Эхо Москви”, ки дар он ӯ сиёсати “баду ҷангҷӯёна”-и Путинро шадидан интиқод кард, ва як рӯз қабл аз раҳпаймоии мухолифин дар шаҳри Маскав кушта шуд. Дар ин раҳпаймоӣ низ, қарор буд, тарафдорони мухолифин алайҳи сиёсати Русия дар Украина ва бӯҳрони иқтисодӣ дар дохили кишвар эътироз кунанд.

Баъди кушта шудани Немтсов, созмондиҳандагон раҳпаймоии рӯзи 1 мартро лағв карда, ба ҷои он мардумро ба як гирдиҳамоии ёдбуд дар маркази Маскав даъват карданд. Шаҳрдории Маскав бар хилофи дафъаҳои гузашта, ки баррасии дархостҳои мухолифин барои ташкили раҳпаймоиҳову эътирозҳоро бо ҳар баҳона тӯл медод, ин бор хеле зуд ба ин райпаймоӣ иҷозат дод

Борис Немтсов дар миёни раҳбарони мухолифини Русия нахустин касе нест, ки тавассути сӯъиқасд кушта мешавад. Дар соли 1998 Галина Старовойтова дар Петербург ва дар соли 2003 Сергей Юшенков дар Маскав ва ҳамин тавр, чандин фаъоли ҳуқуқи башару хабарнигори мунтақид, бо шумули Станислав Маркелов, Анна Политковская, Пол Хлебников ва Юрий Шекочихин низ қурбони сӯъиқасд шуданд.

Немтсов ва Путин. Акс аз соли 2000-ум

Немтсов ва Путин. Акс аз соли 2000-ум

Борис Немтсов соли 1959 таваллуд шуда, соли 1989, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд. Соли 1991, дар синни 32 ӯ волии вилояти Нижний Новгород интихоб шуд. Соли 1997 муовини сарвазир ва як муддат ҳамзамон вазири энержии Русия буд.

Немтсов дар ин мақом бо ибтикорҳое, чун маҷбуран ба мошинҳои сохти Русия шинондани мансабдорон шӯҳрат дошт ва ӯрояк муддат ҳатто вориси эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ҳам ном мебурданд. Аммо бӯҳрони иқтисодии соли 1998 ин нақшаҳоро ботил кард ва Елтсин соли 1999 Владимир Путинро вориси худ интихоб кард.

Немтсов дар интихоботи соли 2000 аз Путин пуштибонӣ кард, вале хеле зуд ба тарафи мухолифини ӯ гузашт.

XS
SM
MD
LG