Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хотираҳои ҳамкорон аз Бахтиёр Худойназаров (ВИДЕО)


Бахтиёр Худойназаров, ҳангоми наворгирии филми охиринаш "Бонуҳои майор Соколов"

Бахтиёр Худойназаров, ҳангоми наворгирии филми охиринаш "Бонуҳои майор Соколов"

Даҳҳо тан аз аҳли ҳунар ва синамои Тоҷикистон бо баргузории маросиме дар толори “Тоҷикфилм” бо ёдбуди Бахтиёр Худойназаров, арзи эҳтирому садоқати худро ба ин шахсият баён карданд.

"Ҳар яки мо медонем, ки зистан абадӣ нест, аммо дар банди ташвишҳои рӯзгор мо инро фаромӯш мекунем. Вақте бемор шавем ё касе аз наздиконамон нотоб бошад, ин гуфтаро ба хотир меорем. Ҳар нафас, ҳар табассум арзиши баландеро пайдо мекунад. Вале ҳатман бояд бемор бошӣ, ки қадри онҳоро дарк кунӣ. Кам нестанд шахсоне, ки абадӣ набудани ҳаётро хуб мефаҳманд ва барои ҳаёт мубориза мебаранд. Шарт нест, ки табиб ё наҷотбахш, оташнишон ё муаллим бошӣ. Кофист, ки фақат бошӣ. Кофист, ки ба дунё, ба одамоне ки моро иҳота кардаанд, назар дӯзӣ ва зебоиҳои оламро эҳсос намоӣ. Хушбахтӣ ҳамин аст, хушбахтӣ дидани якдигар ва дар ғаму шодӣ бо ҳам будан аст. Ташаккур, ки шумо инҷоед, бо мо ҳастед..."

Ин ҳарфҳо бо садои коргардони тоҷик, мудири киностудияи "Тоҷикфилм" Носир Саидов ҳамзамон бо аксҳои Бахтиёр Худойназаров оҳанги пурдарди Далер Назар дар маҳфили видоъ ё ёдбуди Бахтиёр дар Душанбе садо доданд. Садо сабтшуда буд. Аммо худи Носир Саидов ба андоазе ғамизада буд ва акш гулӯгираш мекард, ки натавонист сухан гӯяд.

Носир Саидов (аз чап) ва Сафар Ҳақдод дар маросим

Носир Саидов (аз чап) ва Сафар Ҳақдод дар маросим

Носир Саидов ҳамроҳ бо оҳангсоз ва овозхон Далер Назар бо Бахтиёр Худойназаров хеле наздик буданд ва онҳо шаби гузашта то саҳар нахуфтаву аксҳоро, ки паси ҳар яки онҳо хотираву ёдҳо ниҳонанд, интихоб намуданд ва субҳи имрӯз рӯи парда оварданд.

Дар ин маҳфил гуфтанд, ки марги бармаҳали Бахтиёр Худойназаров, Далер Назарро низ такон додаву шояд баъди ин, ӯ чандин оҳанги дигарро ба ёди дӯст ва ҳамкораш эҷод кунад.

Хабари марги Бахтиёр Худойназаров на танҳо ин ду дӯст ва ҳамкори қарини ӯ, балки ҳамаи аҳли ҳунар ва алоқамандони синаморо дар Тоҷикистон мотамзада кард. Ин буд, ки даҳҳо тан аз аҳли ҳунар ва синамои тоҷик дар маросими поси хотири Бахтиёр Худойназаров дар толори “Тоҷикфилм” гирди ҳам омаданд.

Синамошинос Саъдулло Раҳимов замоне ки Бахтиёр ба кор сар кард, раҳбари киностудияи "Тоҷикфилм" буд. Вай ба ёд меорад, ки Бахтиёр дарҳол баъд аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав бо идеяи бузург, яъне таҳияи филми “Братан” ба “Тоҷикфилм” омад. Вай гуфт,

Саъдулло Раҳимов

Саъдулло Раҳимов

Ҳамон солҳо бо дастгирии Давлат Худоназаров, ки раиси синамогарони Тоҷикистон буданд, ду кинокамераи беҳтарини ҷаҳониро харидорӣ кардем ва бо хоҳиши Бахтиёру Георгий Дзалаев, яке аз ин дастгоҳро барои навобардории филм ба онҳо додам. Ҳарчанд бахши техникии студия ба ин зид буданд, чун мегуфтанд, онҳо навкор ҳастанд. Ҳамин тавр шуд, ки вақти наворгири дар қатора онҳо ин камреро афтонданд ва дар студия ҷанҷоли сахт шуда, маро айбдор карданд. Аммо бо ин вуҷуд ман иҷозат додам, ки онҳо аз камераи дуюм истифода баранд. Хулоса мо бой надодем, дар ниҳоят филми "Братан" ба вуҷуд омад, ки дар ҷашнвораҳои ҷаҳонӣ 27 ҷоиза гирифт.”

Ба гуфтаи Саъдулло Раҳимов, ба воситаи ҳамин филм Бахтиёр шӯҳрат ёфт ва овозаи “Тоҷикфилм” ҳам дубора дар ҷаҳон вирди забонҳо шуд. Аммо мефзояд ҷаноби Раҳимов, бо он ки замони ҷанги шаҳрвандӣ вазъи киностудия хароб шуда, низоми филмсозиву кирояи филмҳо барҳам хӯрд, Бахтиёр низ маҷбур, тарки ватан кард. Хашм аз ҷанги Тоҷикистонро Бахтиёр Худойназаров, дар филми баъдияш “Қош ба қош” нишон дод. Зӯроварӣ ва фоҷиаи инсониро ӯ дар филми "Падари моҳтобӣ" низ ба намоиш гузошт, ки дар соҳили Баҳри Қайроққум дар Хуҷанд рӯи навор омад. Дар филмҳои дигараш коргардон дигар ба мавзӯи Тоҷикистон мустақим барнагашт, аммо ҳамаи филмҳои ӯ дар бораи дарди инсон буданд.

Сафар Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик, гуфт, ҳарчанд Бахтиёр дур аз ватан буд, вале ҳамеша бо ёди ватан мезист ва то ба охир шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистонро бо худ дошт: “Чанд соли ахир саломатияш чандон хуб набуд, дард дошт, бо асо мегашт ва филми ахири “Дар интизори баҳр”-ро бо мушкилӣ сохт. Омода буд ба Тоҷикистон ояд, вале зиндагӣ нақшаҳоро тағйир медиҳад. Мо хоста будем, дар Кохи Ҷомӣ охирин филми ӯро бо шукӯҳи хоса муаррафӣ кунем вале хеле марди серкор буд. Умраш ба парвозҳо сарф мешуд, вақташро ҳеҷ зоеъ намекард. Нарасиданашро ҳам ба Тоҷикистон сабаб дар ҳамин аст, на аз он ки хосту нахост,” – гуфт Сафар Ҳақдодов.

Сафар Ҳақдод аз Бахтиёр на танҳо чун филмсози барҷаставу мондагор, балки чун фарзанди баномус низ ёд кард, ки то охир аз волидайн парасторӣ мекард. Ба гуфтаи Сафар Ҳақдод, ҳарчанд худи Бахтиёр фарзанд надошт, вале бародарзодаашро, ки аз падар ятим мондааст, тарбият мекард.

Султон Мирзошоев

Султон Мирзошоев

Султон Мирзошоев, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон дар замони Иттиҳоди Шуравӣ, даргузашти Бахтиёр Худойназаровро барои синамои ҷаҳон талафоти бузург хонд. Ӯ мегӯяд “мо ифтихор аз он дорем, ки як ҷавони зебо ва ҷингиламуйи тоҷик дар арсаи синамои муосир дар тамоми ҷаҳон номвар гашт. На танҳо актрисаҳои зеботарин балки муаллифони филмномаҳои нав ба нав мехостанд, бо Бахтиёр ҳамкорӣ дошта бошанд. Ман бовар дорам, ки на танҳо синамогарони Тоҷикистон балки тамоми мардум хотираи азизи фарзанди содиқи ин сарзаминро пос хоҳанд дошт. ”

Дар зимн, Султон Мирзошоев пешниҳод намуд, ки хиёбони даромадгоҳи “Тоҷикфилм” ба нишони эҳтиром аз Бахтиёр Худойназоров, минбаъд ҳамчун хиёбони “Бахтик” ном бурда шавад. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, 29 май дар рӯзи зодрӯзи ин коргардони маъруф, маҳфили намоиши филмҳояш дар Душанбе баргузор шавад.

Иддае дигар аз синамогарони тоҷик низ саҳми Бахтиёрро дар рушди синамои тоҷик ва муаррифии он муҳим ва пурарзиш талаққӣ кардаанд. Бархе аз онҳо гуфтаанд, ки аз он ки наметавонанд дар маросими ҷанозаи Бахтиёр Худойназаров дар Олмон сурат мегирад, ширкат кунанд, хеле хиҷолатзадаву шармандаанд.

Даргузашти коргардони маъруф Бахтиёр Худойназаров дар синни 49-солагӣ дар Берлин ба яке аз хабарҳои аввали расонаҳои Русия табдил ёфта, вокуниши мақомот ва фарҳангиёни ин кишварро ба бор овардааст.

Вазири фарҳанги Русия Владимир Мединский аз даргузашти Бахтиёр Худойназаров изҳори андӯҳ кард. Дар изҳороти ӯ, ки расонаҳои Русия нашр кардаанд, гуфта мешавад: "Бахтиёр Худойназаров чандон филми зиёде наофарид, вале ҳамаи онҳо ҷоизаҳои хеле зиёд гирифтанд, зеро самимона ва инсонгароёна буданд." Мединский гуфтааст, "одилона нест, ки одамони ҷавон, ки ҳанӯз метавонистанд, корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, талаф мешаванд."

Мунаққиди саршиноси синамо Адрей Плахов дар ҳамдардире, ки нашрияи "Коммерсант" ба чоп расонд, нахустин ошноии худро бо Бахтиёр Худойназаров дар шаҳри Душанбе ёдовар шуда, менависад: "Вай душмане надошт, ӯро ҳама дӯст медоштанд, ҳам занҳояш, чӣ собиқ ва чӣ ҳозир ва чӣ ҳампешагонаш. Ҳама ӯро бо навозиш "Бахтик" меномданд. Аммо на дар Маскав ва на дар Берлин, ки солҳои охир мезист, вай худро ҳамчун худ ҳис намекард. Аз даст додани ватан ва решаҳо ҳатто дар сабки филмҳои ӯ ба мушоҳида мерасад ва тадриҷан аз устураи фазои рафтаи шӯравӣ, ки аксаран аломатҳои жанрӣ ва лаҳнро, ки ба ҳадди пафос мерасид, ба танз ва заҳрханд табдил меёфт."

Ба андешаи Плахов, Бахтиёр Худойназаров ба шакли комил вобастаи сабки аврупоӣ нашуд, зеро решаҳояш ба ӯ халал расонданд. "Марги нобаҳангоми ӯ хаттеро зери синамои пасошзравӣ кашид, ки имрӯз, зоҳиран, на даврони муосир, балки таърих рабт хоҳад дошт".

Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик

Бахтиёр Худойназаров, коргардони тоҷик

Хабари даргузашти коргардони маъруф дар сафҳаи аввали чанде аз рӯзномаҳои Русия табдил ёфта, садҳо нашрияи электронӣ ин воқеаро "талафоти бузурге барои синамои Русия номидаанд. Дар ҳоле ки дар аксари ин хабару таслиятҳо Бахтиёр Худойназаров "коргардони русиягӣ" номида мешавад, бархе аз расонаҳо ӯро "шӯравӣ" ва танҳо теъдоди андаке "коргардони тоҷик" унвон кардаанд.

Бахтиёр Худойназаров яке аз машҳуртарин коргардонҳои синамо, соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, пас аз хатми Донишкадаи кинематографияи Шӯравӣ дар Маскав соли 1989 бо филми “Братан” шӯҳрат ёфтааст. Филми дигари ӯ “Қош ба қош”, ки соли 1993 бардошта шуд, дар ҷашнвораи Венетсия ҷоизаи “Шери нуқра” гирифт.

Аз аввалин филмаш бо номи “Братан” Бахтиёр Худойназаров нишон дод, ки соҳиби сабк ва нигоҳи хоси синамоии худ аст. Ин сабк дар “Қош ба қош” рӯшантар ба назар расид, ҳарчанд дар вазъи душвори оғози ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон дар соли 1992 наворбардорӣ мешуд. Дар бархе аз саҳнаҳои он нишонаҳои ин ҷанг, ҳаракати афроди мусаллаҳ ва зиреҳпӯшҳо ба мушоҳида мерасад, ки коргардон онҳоро бадоҳатан ба навор гирифт ва ба матни филм ҳамроҳ кард. Ба сурати умум ғуссаи сахт аз вазъи ватанаш оҳанги ботинии ин филмро ташкил додааст.

Дар интизори баҳр» асари шашуми Бахтиёр Худоназаров буд, ки ҷашнвораи соли 2012-и Румро оғоз бахшид. Худоназаров, ки зодаи Тоҷикистон аст, ба ҷуз ин асар боз филми «Братан», «Қош ба қош», «Падари моҳтобӣ», «Шик» ва «Танкери Танго»-ро наворбардорӣ кардааст. Маъруфтарин филми Худоназаров «Падари моҳтобӣ» аст, ки соли 1999 наворбардорӣ шуда чандин ҷоизаи байнулмилалӣ гирифтааст.

Коргардон аз ҳамсари охираш ҷудо шуда, бефарзанд буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG