Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шоми душанбеи 26 сентябр дар қаҳвахонаи “Ocean view”-и минтақаи Брайтон Бичи Ню-Йорк ғайримуқаррарӣ серодам буд. Малка Шаҳар, як номзади ҳизби ҷумҳурихоҳ ба маҷлиси аёлати Ню-Йорк фаъолону тарафдорони ҳизбашро барои тамошои нахустин мунозираҳои номзадҳои ҳизбҳои ҷумҳурихоҳу демократ дар интихоботи президентӣ даъват кард. Қишри ҷамъшуда якранг набуд, ҳама аз доираҳои мухталифи иҷтимоӣ намояндагӣ мекарданд. Танҳо чизе, ки онҳоро муттаҳид мекард, ин буд, ки забони муошираташон русӣ буду номзади интихоботиашон – Доналд Трамп.

Гурӯҳи дигари ҳамфикрон дар ҳамон соатҳо дар як синфхонаи донишгоҳи Ню-Йорк ҷамъ шуд. Онҳо ҳам ба русӣ сӯҳбат мекарданд, вале бо гурӯҳе, ки дар Брайтон Бич ҷамъ шуда буд, ҳеҷ умумияте надошт – онҳо аз номзади ҳизби демократ Ҳиллари Клинтон намояндагӣ мекарданд.

Ҳенри Голин, як физик ва тарафдори ҷумҳурихоҳон бовар дорад, ки интихоботи кунунии президентӣ дар Амрико дар асл ҷанги ду идеология аст. Вай медонад, ки барои Доналд Трам овоз медиҳад, чунки ин номзад бар зидди бебандуборӣ мубориза мебарад. Тарафдорони Клинтон мегӯянд, ки шахсони мисли Голин хаёлпарастанд ва воқеиятро нодида мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳе аз дӯстоне, ки дар соҳилҳои уқёнус шоҳиди ин баҳсҳо мешаванд, ҳамон русзабонҳои атрофанд, ки саргарми бозии нард ё домино, беихтиёр баҳсҳои сиёсии тарафдорону мухолифонро назорат мекунанд.

Филми бахши русии Радиои Озодиро дар ин ҷо тамошо кунед:

Иштибоҳи сервер

Воооҳ, тавре мебинед, ин чизе нест, ки мебоист ба Шумо нишон медодем!

ин тор ба бахши фаннӣ фиристода мешавад ва фавран баррасӣ мегардад. Бахшиш мепурсем.

Лутфан тугмаи Ҷустуҷӯро барои пайдо кардани ин мавод пахш кунед

XS
SM
MD
LG