Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳе, ки “Қуръон”-ро сӯзонда буд, 12-нафара будааст


Муфаттишони Русия дар ҷараёни таҳқиқи парвандаи сӯзондани Қуръон дар метрои Маскав, муайян карданд, ки айбдоршавандагони ин амал узви гурӯҳи нажодпарасти "14/88"-анд.

Муфаттишони Русия муайян карданд, ки айбдоршавандагони сӯзондани китоби муқаддаси мусалмонон – “Қуръон” дар метрои Маскав дар соли 2013 ҳамчунин афроде ҳастанд, ки маъракаи “Вагони сафед”-ро ташкил карда, ба ғайр аз ин дар чандин ҳамлаи зидди шахсони ғайриславян ва куштори бераҳмонаи як шаҳрванди Тоҷикистон даст доштаанд.

Ин 12 нафар, ки худро узви гурӯҳи нажодпарасти "14/88" меноманд, бо шиорҳои «Барои миллати Русия» ва «Русия барои русҳо» ба кӯчаҳо мерезанд ва ҳар раҳгузари ғайриславянро ҳадафи латукӯб қарор медиҳанд. Номи "14/88" аз шиори фашистҳои Олмон гирифта шуда, “14” дар он ба маънои “Ориёиҳои сафед” ва “88” ба маънои “Ҳайл Ҳитлер” аст.

Яке аз вакилони дифои айбдоршавандагон Оксана Михалкина мегӯяд, «ҳамаи аъзои ин гурӯҳ неонатсистҳоянд ва ҳангоми даст задан ба ҷиноят ноболиғ буда, ҳоло ҳам ду нафари онҳо ба синни балоғат нарасидаанд. 11 нафари онҳо дар маҳбасанд ва раҳбари ин гурӯҳ сокини 24-солаи вилояти Твер Александр Соколови 23-сола аст.

Ҳамаи аъзои гурӯҳ бино бар банди Кодекси ҷиноии Федерасюни Русия -- “расондани осеби сангини ҷисмонӣ бо роҳҳои барои ҷомеа хатарнок бо ангезаи идеологӣ, нафрати миллӣ ва динӣ ё бадбинии иҷтимоӣ ва дар заминаи маслиҳати пешакӣ” айбдор мешаванд.

Ташаббуси ин гурӯҳро бо номи "Белый вагон", ки дар натиҷаи он ба камияш як шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо калтакҳои оҳанин зарбулат шуда, ба ҳалокат расид, наврасони дигар шаҳру вилоятҳои Русия пайгирӣ карданд.

Моҳи октябри соли 2013 навори видеоие бо ин ном ба нашр расид, ки дар он афроди илҳомгирифта аз даъватҳои гурӯҳи нажодпарасти "14/88" ба латукӯби бегонагон пардохтанд ва ҳангоме ки чанд нафар мусофирони ғайрирусро мезаданд, бақия шиори “Бикуш!”-ро сар медоданд. Дар ҳамин навор дида мешавад, ки кормандони полиси Русия манзараро тамошо ва аз ҳама гуна дахолат ба он худдорӣ мекунанд.

Аммо бархе аз чеҳраҳои фарҳангӣ ва расонаҳои либерали Русия маъракаи "Белый вагон"-ро шикасти ахлоқии Русия номиданд ва маҳкум карданд. Танҳо акнун созмондиҳандагони ин маърака дар назди додгоҳ ҷавоб медиҳанд.

Парванда зидди гурӯҳи "14/88" замоне боз шуд, ки раҳбари он Александр Соколов рӯзи 31-уми декабри соли 2013 дар истгоҳи метрои Маскав даст ба сӯзондани “Қуръон” – китоби муқаддаси мусалмонон зад. Пулис замоне ин ҷиноят ро гурӯҳӣ эълон намуд, ки ҳамроҳи Соколов ду нафари дигар дар метро ба онҳое, ки симои ғайриславянӣ доштанд, ҳамла мекарданд ва ниҳоят дар истгоҳи “Старокачаловская" китоби сабзеро, ки онҳо Қуръон меномиданд, поймол карданд ва ба оташ кашиданд.

Пеш аз ин онҳо аз як зодаи Осиёи Марказӣ талаб карданд, ки аз ислом мункир шавад. Ҳарчанд ин амалҳо дар охири декабр рӯй доданд, Соколов танҳо рӯзи 14 январи сорли 2014 боздошт шуд.

Дар ҷаласаи пешинаи додгоҳ рӯзи 16 январ Соколов иқрор кард, ки бо “афроди нодуруст ҳамнишин шудааст” ва розӣ шуд, бо тафтишот ҳамкорӣ кунад. Вай аз он шикоят кард, ки ду шарикаш дар парванда ҳамчун шоҳид зикр мешаванд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, онҳо “гуноҳи бештар кардаанд”.

Баъд аз иқрори Соколов 10 узви дигари даста низ боздошт шуданд.

Барои авбошии сарҷамъона ба онҳо то 7 соли ҳабс таҳдид мекунад, вале агар куштори шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Русия ба исбот расанд, мумкин аст, додгоҳ онҳоро ба мӯҳлатҳои бештар равонаи зиндон кунад.

XS
SM
MD
LG