Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Телевизиони Русия гуфт, муҳоҷирон "тӯъма"-и Давлати исломӣ мешаванд


Акс аз барномаи шабакаи "Царьград"

Акс аз барномаи шабакаи "Царьград"

Як шабакаи телевизионии Русия аз фаъолшавии мубаллиғони гурӯҳи "Давлати исломӣ" миёни муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург нигаронӣ карда, гуфтааст, "онҳо тӯмаи ҷангиён мешаванд".

Шабакаи телевизионии "Царьград", ки марбут ба калисои масеҳиёни ортодокс ваё православи Русия мебошад, дар як гузориши худ аз фаъолшавии мубаллиғони гурӯҳи Давлати исломӣ миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Екатеринбург изҳори ташвиш кардааст. Ин шабакаи телевизионӣ мегӯяд, як тундрави тоҷик, ки бо номи Умар машҳур аст ва то соли 2012 дар бозори "Таганский Ряд" кор мекард, дар паси ин таблиғот қарор дорад.

Муаллифони барнома агарчӣ барои исботи гуфтаҳояшон мисоли мушаххас наоварданд, аммо таъкид карданд, ин таблиғот бар ивази ваъдаи пул, зиндагии хубу осоишта ва намоиш додани наворҳои ҷангиён дар Сурияву Ироқ миёни муҳоҷирон сурат мегирад.

Барномаҳои шабакаи телевизионии "Царьград" тариқи Ютуб низ пахш мешавад ва то кунун гузориш дар бораи ҷалби гурӯҳҳо ба сафи "Давлати исломӣ" аз сӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро ҳудуди ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Як моҳ пеш аз ин Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, тасдиқ карда буд, ки муҳоҷирони кории тоҷик ҳадафи таблиғоти мубаллиғони "Давлати исломӣ" дар Русия қарор мегиранд ва ба қавли ӯ то кунун 200 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба сафи тундравҳо дар Сурия пайвастаанд.

Баъзе коршиносон дар сӯҳбат бо мо гуфтанд, чунин гузоришҳо метавонад намунаи дигаре аз тарс додани мардуми Русия бошад, ки бубинед "хатари исломӣ" таҳдид мекунад ва муҳоҷирони корӣ ба тундрав табдил меёбанд. Эдуард Лемон, коршиносе аз донишгоҳи Эксетери Бритониё ба омӯзиши масъалаи муҳоҷирони кории тоҷик машғул аст ва мегӯяд, "бештари тундравҳои тоҷик дар Сурия муддатеро дар Русия сипарӣ кардаанд ва ин тааҷҷубовар нест, зеро дар Русия бештар аз як миллион муҳоҷири тоҷик кор мекунанд."​

Аммо Алишер Илҳомов, коршиноси умури муҳоҷирати Осиёи Марказӣ дар Маркази таҳқиқотии Шарқ ва Африқо дар Лондон, ба Радои Озодӣ гуфт, чунин гузоришҳо метавонанд омехтаи воқеият ва воҳима бошанд.

Ба гуфтаи Илҳомов, "муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ дар Русия шикори дастрас барои сафарбар кардан ба сафи тундравҳо мебошанд. Шумораи зиёди муҳоҷирон дар муҳити тақрибан беҳуқуқӣ ва нодориву ночорӣ ё бекорӣ барои ҷалб ба сафи тундравҳо муносибанд."

Соҷида Ҷаъфарова, мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ низ мегӯяд, ҳеч гоҳ нашунидааст, ки муҳоҷирони тоҷик рустаборонро ба сафи гурӯҳҳои тундрави Сурия ҷалб карда бошанд. "Аммо худи муҳоҷирон тавассути аслан қафқозиҳо ҷалб мешаванд ва аз роҳи Туркия ба Сурия мераванд,"-гуфт ӯ.

Ҷаъфарова илова кард, гузориши барномаи телевизионии "Царьград" метавонад боз як намунаи таблиғоти зидди муҳоҷирони тоҷик бошад, раванде, ки нав нест ва дар матбуоти Русия ба падидаи маъмулӣ табдил ёфтааст, махсусан ҳоло, ки Русия ба бӯҳрони иқтисодӣ рӯ ба рӯ шудааст. Мудири бахши тоҷикии Радиои Озодӣ афзуд, қабл аз пайдоиши масъалаи тундравҳои "Давлати исломӣ", мақомоти Русия бештар муҳоҷирони кории тоҷикро барои қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор мекард, ки он низ чандон воқеият надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG