Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати адлияи Русия аз Додгоҳи олӣ хостааст, фаъолияти "Мемориал", яке аз маъруфтарин созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар ин кишварро бубанданд.

Вазорати адлияи Русия аз Додгоҳи олии ин кишвар дархост кардааст, ки фаъолияти “Мемориал” - созмони мустақили ҳуқуқи башарро боздорад. Дар хабаре, ки дар сафҳаи интернетии Додгоҳи олӣ ба чоп расид, гуфта мешавад, ки мурофиаи додгоҳӣ барои баррасии парвандаи бастани “Мемориал” 13 ноябр баргузор хоҳад шуд.

Ин парвандаро вазорати адлияи Русия таҳия карда, 24 сентябр ба Додгоҳи олӣ фиристодааст. Додситонҳои Русия талош доштанд, ин созмони маъруфи дифоъ аз ҳуқуқи башарро бар асоси қонунҳои худ ба таври расмӣ чун “агенти хориҷӣ” сабти ном кунанд ва яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав ин дархостро пазируфт.

Дар гузоришҳо гуфта намешавад, ки вазорати адлия ба чӣ сабабҳо мехоҳад ин созмони ҳуқуқи башарро бибандад.

Фаъолони ҳуқуқи башар мегӯянд, ки парвандаи вазорати адлия дар бораи бастани фаъолияъти “Мемориал” асос надорад. Ба ин далел Ян Рачинский - яке аз раҳбарони “Мемориал” мегӯяд, ки онҳо мехоҳанд бар зидди ин парванда ба Додгоҳи Қонуни асосии Русия шикоят бибаранд. Ба ақидаи Рачинский, ин парванда берун аз чаҳорчӯбаи меъёрҳои қонун аст.

4 июли соли ҷорӣ Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кард, ки бар асоси он вазорати адлия ҳақ дорад ба таври иҷборӣ созмонҳои ғайритиҷоратиро, ки аз хориҷа сармоягузорӣ мешаванд, ба феҳристи “агентҳои хориҷӣ” дохил кунад.

Созмони мустақили “Мемориал” дар охири солҳои 80-уми қарни гузашта аз тарафи гурӯҳе аз норозиёни сиёсии вақти Шӯравӣ ташкил шуд. Андрей Сахаров - барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел - аз ҷумлаи созмондиҳандагони ин гурӯҳ буд.

“Мемориал” мавориди нақзи ҳуқуқи инсон дар қаламрави Шӯрави собиқро дар муддати чаҳоряк қарн сабти ном мекард ва он барои таърихнависон як сарчашмаи хуб ба шумор меравад.

Арсений Рогинский - раиси “Мемориал”

Арсений Рогинский - раиси “Мемориал”

Арсений Рогинский - раиси “Мемориал” ҳам худ як зиндонии сиёсии даврони Шӯравист ва маҳбуси ГУЛАГ ба шумор меравад. Вай мегӯяд, вазорати адлия ба таври расмӣ дар бораи боз кардани парванда ба онҳо хабар надодааст. Баръакс ин созмон аз Додгоҳи олӣ даъватнома гирифтааст, ки 13 ноябр ба мурофиаи додгоҳӣ барои бастани фаъолияти ин созмон ҳозир шавад.

Ба гуфтаи Рогинский, вазорати адлия чанд муддат боз бо сохтори ин созмон мушкил дошт. Раҳбари “Мемориал” мегӯяд, агар додгоҳ ҳукми бастани ин созмони ҳуқуқи башарро содир кунад, ин бад-он маъно нахоҳад буд, ки фаъолияи созмон қатъ хоҳад шуд. Баъзе аз бахшҳои ин созмон алоҳида сабти ном шуда, ба фаъолияти худ, албатта, идома хоҳанд дод, - гуфт ин ҳомии ҳуқуқ.

Русия бар асоси як қонуни 3 сол пешаш аз бисёре аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ки барои Кремл чун устухон дар гулӯ буданд, талаб дорад, ки азбаски аз хориҷ грант мегиранд, бояд худро ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабти ном кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин тақозоро як фишанги фишори дигар болои фаъолияти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон аз сӯи ҳокимони худкомаи Русия меноманд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG