Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев: "Танкҳои Русия ба Украина даромаданд"


Артиши Украина мегӯяд, Русия як корвони иборат аз 32 танк ва афроди ҷангӣ барои ҷудоиталабони тарафдори Маскав, ки контроли бахшҳое аз шарқи он кишварро дар ихтиёр доранд, ирсол кардааст.

Андрей Лисенко, сухангӯи артиши Украина рӯзи 7 ноябр гуфт, як ҷо бо 32 танк, 16 дастгоҳи тӯпхона 30 мошини ҳомили муҳимот аз Русия ба Украина даромадаанд. Вай мегӯяд, як корвони дигари мошинҳо ва радарҳои муҳаррик аз посгоҳи марзии дигар вориди Украина шудаанд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, агар марзшикании нави Русия собит шавад, ба бештар шудани кашмакаши низомӣ меанҷомад ва аз тарафи дигар ваъдаи Русия барои оташбасро зери суол хоҳад бурд. Дар даргирӣ миёни ҷудоиталабони тарафдори Русия ва ҳукумати марказӣ дар Киев, ки дар нимаи моҳи апрел оғоз шуд, то ба ҳол чаҳор ҳазор кушта шудаанд.

Оташбасе, ки дар Минск --пойтахти Белорус миёни тарафҳои даргир имзо шуд, борҳо шикаста шудааст. Бо интихоботи якшанбеи гузашта дар минтақаҳои шарқии Украина, интиқодҳои кишварҳои ғарбӣ ва Киев аз он, ва аз сӯи дигар ҳимоят ва таъйиди Маскав, ин оташбас аз ҳоло шикананда ба назар мерасад.

Андрей Лисенко, сухангӯи артиши Украина рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарӣ гуфт, фиристодани таҷҳизоти низомӣ ва афрод аз Русия идома дорад. Вай афзудааст, ки ин таҷҳизоти иборат аз 16 тӯп, 30 мошини борбари низомӣ ва муҳимоти ҷангӣ ба иловаи 32 танк будааст. Сухангӯи артиши Украина гуфт, дар 24 соати гузашта панҷ сарбози украинӣ кушта шудаанд.

Дар ҳоле, ки Русия аз Ғарб ва Киев ба хотири буҳрон дар Украина интиқод мекунад, НАТО мегӯяд, далелҳо дар мавриди фиристодани кӯмакҳои низомии он кишвар ба ҷудоиталабони украинӣ вуҷуд дорад. Кашмакаш дар Украина сабаби коҳиши равобити Русия бо Ғарб ба поинтарин сатҳи худ аз давраи Ҷанги Сард шудааст.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли як мақоми низомии НАТО гуфт, нерӯҳои эътилоф шоҳиди афзоиши силоҳҳо ва афроди артиши Русия дар наздикии марзҳо будаанд. Ӯ афзудааст, "агар убури Русия ба марзҳои Украина таъйид шавад, далели дигаре бар таҷовузи Русия ва нақши мустақими он дар бесубот кардани Украина хоҳад буд". Русия мусаллаҳ кардани ҷудоиталабони украиниро ҳамеша радд кардааст.

Дар байнияе, ки пас аз гуфтугӯи телефонии Петро Порошенко, президенти Украина бо Ангела Меркел, нахуствазири Олмон, дар торнамои раёсати ҷумҳури Украни нашр шуда, омадааст, "раиси ҷумҳури ба нақзи ошкори мавориди иҷрои тавофуқномаи оташбаси Минск ишора кард, ки ба афзоиши кашмакашҳои низомӣ мунҷар шудааст."

Дар ҳоле, ки Русия ҳанӯз ба иттиҳомоти ахири Киев посухе надодааст, вале пештар эълом карда буд, ки аз оташбас ҳимоят мекунад.

XS
SM
MD
LG