Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русияро кӣ рахна кард?


Вазорати корҳои хориҷии Русия рахна шудани сомонаи расмиашро тасдиқ кард. Тавре намояндаи ин вазорат Мария Захарова мегӯяд, дар ҳоли ҳозир мутахассисон таҳқиқ доранд, ки сомонаро кӣ рахна кардааст.

Пештар аз ин шабакаи телевизионии CNN хабар дода буд, ки 21 октябр рахнагари амрикоӣ бо лақаби The Jester сомонаи вазорати корҳои хориҷии Русияро рахна карда, он ҷо паём гузоштааст, ки Русия ҳамлаи киберӣ ба ИМА-ро қатъ кунад. "Эҳтимол, шумо тавонед, ки кишварҳои ҳамсоятонро тарс диҳед, аммо ин Амрико аст. Инҷо касе тарс намехӯрад", - навишта шудааст дар паёми рахнагари амрикоӣ.

Бино бар иттилои CNN, рахнагар дар посух ба ҳамлаи бузургтарин сомонаҳои амрикоӣ, монанди Twitter, PayPal, Amazon, Spotify, Ebay, Netflix ва Vox ба ин амал даст задааст.

Дар ибтидои моҳи октябр ИМА Русияро айбдор кард, ки бо ҳадафи халал расонидан дар раванди интихоботӣ ба ИМА ҳамлаи киберӣ мекунад. Москва ин айбҳоро рад мекунад. Баъдтар маълум шуд, ки Раёсати марказии таҳқиқотии ИМА ба ҳамлаи ҷавобӣ омода мешавад.

XS
SM
MD
LG