Пайвандҳои дастрасӣ

Торнамои тоҷикии "Спутник" фаъол шуд


Саҳифаи асосии сомонаи "Спутник"

Саҳифаи асосии сомонаи "Спутник"

Имрӯз, 15 феврал торнамои "Спутник", як хабаргузории марбут ба "Россия сегодня" бо матолиби тоҷикию русӣ боз шудааст.

Торнамои хабаргузории "Спутник"-и Русия, ки ба хабаргузории давлатии "Россия сегодня" марбут аст, рӯзи 15 феврал фаъол шуд. Дар ин сомона бо забонҳои тоҷикиву русӣ ахбори ахири Тоҷикистону минтақа, матолиби таҳлилӣ ва аксҳо ҷой дода шудаанд.

Аз дафтари матбуоти Оҷонси иттилоотии "Россия сегодня" дар шаҳри Маскав ба Радио Озодӣ иттилоъ доданд, ки торнамои "Спутник" ба ин оҷонси иттилоотӣ тааллуқ дорад. Ҳамзамон, ин манбаъ гуфт, ки ба далели ба дарозо кашидани сабти номи ин оҷонсӣ дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон, сомонаи хабаргузории "Спутник" феълан дар хориҷ аз ин кишвар роҳандозӣ шудааст.

"Россия сегодня" моҳи ноябри соли 2014 аз оғози фаъолияти хабаргузории "Спутник" хабар дода буд. Худи "Россия сегодня" бузургтарин тарҳи матбуотии Русия аст, ки ҳадаф аз он роҳ ёфтан дар бозорҳои матбуотии манотиқи мухталифи дунё ва таблиғи арзишҳо ва сиёсати ҳукумати кунунии Русия гуфта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба Озодӣ гуфтанд, ки "Россия сегодня" ва шӯъбаҳояш ҳанӯз расман иҷозати фаъолият нагирифтаанд.

Зимнан, Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 4 феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфта буд, ки Оҷонсии иттилоотии "Россия сегодня" ба чанд саволи шабҳабарнгези онҳо посух надодааст ва бинобар ин то кунун ин хабаргузориро сабтином накардаанд. Ҷаноби Аслов иброз дошт, "аммо ҳанӯз дар ин замина кор ҷараён дорад ва дар моҳҳои наздик маълум мешавад, ки оё сабтином хоҳад шуд, ё не."

"Россия сегодня" рӯзи 14 декабри соли гузашта як гурӯҳи бузурги кормандонашро дар Душанбе ҷавоб дод ва далелашро "бозсозии кадрӣ" номид. Ин Оҷонсии иттилоотии давлати Русия як соли пеш намояндагияш дар Тоҷикистонро боз кард, аммо ба далели сабти ном нашуданаш дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон натавонист расман корашро пеш барад.

Оҷонсии байналмиллалии иттилоотии "Россия сегодня" ​корхонаи воҳиди давлатии федералӣ аст, ки аз сӯи Владимир Путин дар заминаи оҷонсии “РИА Новости” ва радиои “Голос России” ба хотири таблиғи сиёсати давлатии Русия дар хориҷ моҳи декабри соли 2013 ташкил шудааст. Ин расона ҳоло бо номи “Спутник” низ фаъолият дорад, ки ба забонҳои мухталиф, аз ҷумла форсӣ, узбакӣ ва қирғизӣ низ хабар нашр мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG