Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АКСУ ВИДЕО: Рӯзгори "мисли тоҷикҳо сахт"-и Елена ва 10 фарзанди ӯ дар Хуросон


Як хонаводаи рустабори Хатлон, ки ҳанӯз дар замони Шӯравӣ барои бунёди нерӯгоҳи Норак аз Русия ба Тоҷикистон омада буд, ҳоло рӯзгори сахтеро пушти сар мекунад.

Елена Чиркайкина, сокини 51-солаи рустои Меҳнатободи ноҳияи Хуросон, сарвари як хонаводаи рустабори ин минтақа, 20 сол пеш, вақте рустаборони дигар дар чорчӯби барномаи густардаи ҳукумати Русия бо номи “Кӯчбандӣ” ё “Переселение” хонахез ба сӯи ватани бобоӣ шитофтанд, дар Тоҷикистон монд. Дар пасманзари хеле кам шудани русҳо ин оилаи иборат аз 11 нафар дар водии Вахш хонаводаи турнаеро мемонад, ки солҳо аз корвони ҳамқавмҳои худ қафо мондааст.

Баъд аз хукпарварӣ...

Рустаборҳо, ки дар қарни гузашта дар Хатлон баъди тоҷикҳову узбакҳо сеюмин гурӯҳи қавмӣ унвон мешуданд, бо таҳкими низоми Шӯравӣ ба минтақа омада ва бо суқути ин империя, аз он хориҷ шуданд. Аммо Елена Чиркайкина, ки баробари занҳои маҳаллӣ 10 фарзанд таваллуд кард ва унвони "Қаҳрамонмодар"-ро ба даст овард, натавонист бо ин хонаводаи бузургаш ба Русия равад.

​Елена Чиркайкина, ки дар замони Шӯравӣ аз хукпарварони пешсафи фермаи маҳаллӣ буд, баъд аз муҳоҷирати муштариёни гушти хук ва баъдан аз байн рафтани худи хукхона, касби дигар - сангкафониро пеша кард. Ӯ рӯзона бо фарзандонаш ба селроҳаи наздики русто мерафт ва то бегоҳ санг мекафонд. Муштариҳо ин сангҳоро барои пойдевори сохтмон ва ё сохтани роҳ истифода мекунанд.

Аҳли хонаводаи иборат аз 10 фарзанд ва чаҳор набераи Чиркайкина ҳар мошин сангро ҳудудан ба 150 сомонӣ мефурӯхтанд ва аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебурданд. Онҳо дар як моҳ 2-3 мошин санг ҷамъ мекарданд ва хурд мекарданд. Аммо чанде пеш ин “бизнес”-и онҳо ҳам соҳиб пайдо кард. Елена Чиркайкина мегӯяд, онҳоро аз маҳалли корашон ду моҳи пеш як гурӯҳ аз мардони деҳа ронданд ва тиҷорати онҳоро, ки солҳо манбаи даромадашон будааст, аз худ намудаанд.

"Як умр дар Тоҷикистон зистам"

Вақте аз ин зани рустабор пурсидем, чаро бачаҳояш мактаби олӣ нахонданд ва касберо аз худ накарданд, гуфт давраи мактабхонии бачаҳояш ба замони ҷанг рост омад ва дар деҳае, ки мардуми соҳиби кор бачаҳояшонро ба мактаб намедиҳанд, чи бирасад ба як хонаводае, ки ягон коргар надорад. Ӯ шавҳарашро 19 соли пеш аз даст дод ва бори рӯзгорро бар дӯши худ гирифт. Гузашта аз ин, духтарони ӯ, ки ҳарду ба ҷавонҳои тоҷик издивоҷ карда буданд, баъди муддате бо 1-2 бача ба хонаи бечораҳолонаи модар баргаштанд.

Рӯзгори сахти як хонаводаи рус дар Хуросони Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Елена Чиркайкина фарзанди хонаводаест, ки дар оғози асри гузашта барои бунёди нерӯгоҳи Норак ба Тоҷикистон даъват шуданд. Онҳо дар Норак муқимӣ шуданд. Елена баъди издивоҷ бо ҳамсараш ба вилояти Қӯрғонтеппа кӯч баст.

“Ман як умр дар Тоҷикистон зиндагӣ кардам, дар санг кор мекардем, вале ҳоло бекор ҳастем ва зиндагиямон вазнин аст. Мо зиндагӣ надорем, танҳо арзи ҳастӣ дорем, чун шароитамон вазнин аст. Як халта орд ба 10 рӯз мерасад. Дар Русия хешу таборамон ҳастанд, аммо бо ин хонавода ба онҷо рафта наметавонам. Барои кӯмак ба ҳукумати ноҳия муроҷиат кардам, ки натиҷа надод,” - мегӯяд ӯ.

Вақте ки ба хонаи Чиркайкина ворид шудем, дар дегашон ғизои маъмули русҳо - карамшӯрбо меҷӯшид, аммо дар дастурхон нон набуд. Фарзандони Елена гуфтанд, орди навъи дуюм тамом шудааст ва онҳо, ки аз мағозаи деҳаашон 500 сомонӣ, яъне наздики 100 доллар, қарздор шуда, метарсанд, дубора орд қарз бигиранд.

Иван, муҳоҷират ва бекорӣ

Ивани 23-сола, писари калонии ин хонаводаи рустабор, мисли садҳо ҷавони тоҷик мушкили муҳоҷиратро дар шаҳри Магнитогорски Русия дида, баъди 8 моҳ ба Меҳнатобод баргаштааст: “Кор мекардам, барои хонаводаам пул равон мекардам, вале ҳуҷҷатҳоро тайёр карда натавонистам. Баъд ба хона баргаштам. Охир, шаҳри худам нест он ҷо. Ҳозир мехоҳам, ба муҳоҷират равам, вале пул надорам,” - дарди дил кард Иван Чиркайкин.

Людмила Чиркайкина, духтари 27-сола, фарзанди бузурги Елена Чиркайкина мегӯяд, маълумоти олӣ надорад ва дар деҳаи онҳо барои занони бесавод ҷои кор нест: “Чанд бор муроҷиат кардем, касе кӯмакамон накард. Бо фарзандонам борҳо ба ҳукумат муроҷиат кардам, ки барои мо кӯмак кунад. Ҳоло бо ду фарзанд - Алеся ва Ҷаҳонгир - аз ҳамсарам ҷудо шудаам.”

Людмила ва Наташа, хоҳароне, ки аз шавҳаронашон талоқ гирифтаанд, барои фарзандони худ алимент ё кумакпулӣ намегирифтаанд.

Хонаи тангу рӯзҳои сахти зимистон

Иван мегӯяд, замистон дар ин хонаи танг онҳо рӯзҳои сангин ва сарди замистонро пушти сар кардаанд. Хоҳарон ва кӯдакон сурфа мезананд, вале барои духтур рафтану ташхис кардани онҳо пул надоранд. Иван мегӯяд, хоҳараш Наташа чанд соли пеш баъд аз сурфаи тӯлонӣ гирифтори бемории сил шуда буд, ҳоло аз сурфаи тӯлонии хоҳари дигараш Людмила нигарон аст.

Хонаводаи Елена Чиркайкина дар пайи омадани сел дар моҳи май соли 2014 дар баробари 20 хонавода зарари зиёд дидаанд, аммо ба ҷуз чанд кӯрпа аз созмонҳои хориҷӣ кумаке нагирифтаанд. Деҳаи Меҳнатободи ҷамоати “Обикиики”-и ноҳияи Хуросон аз маркази ноҳия 20 километр ва аз шаҳри Қӯрғонтеппа 12 километр дур ҷойгир шудааст, ки 130 хонавода зиндагӣ мекунад. Дар он ҷо 5 хонаводаи рус, ки ҳудудан аз 25 нафар иборат аст, низ ба сар мебаранд.

Людмила Хоҷаева, раиси Маркази фарҳангии русзабонҳо дар вилояти Хатлон дар сӯҳбати телефонӣ бо мо аз шарҳи масъалаи кӯмак ба оилаҳои камбизоат худдорӣ кард. Ҳамчунин, маълум нест, сафорати Русия дар Тоҷикистон барномаи кӯмак ба рустаборҳоро пеш мебарад ё на.

Ҷумъахон Ашӯров, як масъули Раёсати омори вилояти Хатлон, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ҳудуди 4000 рустабор дар қаламрави вилояти Хатлон зиндагӣ мекунанд, ки дар замони Шӯравӣ ба Тоҷикистон омадаанд. 50 дарсади онҳо дар навоҳӣ ва деҳот ба сар мебаранд. Бештари русҳо дар замони Шӯравӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, аммо ҳоло шумораи онҳо кам мондааст.

Айни видео дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG