Пайвандҳои дастрасӣ

Гумонбарони қатли "таксист"-и тоҷикро ба Русия фиристоданд


Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов

Илдар Сахапов ва Фёдор Басимов

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев мегӯянд, ташхиси равонии ду сарбози пойгоҳи 201 дар Екатеринбург ҳудуди якуним моҳ идома карда, маълум нест, кор ба фоидаи онҳо ҳал хоҳад шуд, ё инҳо.

Ду сарбози пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон -- Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ки дар қатли Раҳимҷон Тешабоев, ронандаи тоҷик, муттаҳам мешаванд, шоми 3 октябр бо ҳавопаймои хатти сайри Душанбе-Екатеринбург барои ташхиси равонӣ ба ин шаҳр интиқол ёфтанд. Як мақоми наздик ба тафтишоти парвандаи марги Раҳимҷон Тешабоев ин хабарро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард.

Наздикони Раҳимҷон Тешабоев ҳам мегӯянд, рӯзи 3 октябр мақомоти тафтишотӣ онҳоро даъват карда, дар бораи ба Екатеринбург фиристодани сарбозон барои ташхиси равонӣ хабардор намудаанд. Гуфта мешавад, Ситоди округи ҳарбии ин пойгоҳ дар Екатеринбург ҷой дошта, давраи ташхиси равонии ин ду сарбоз тақрибан 1,5 моҳро дар бар мегирад.

Мақомоти тафтишотии ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, баъд аз ташхиси равонӣ ҳар ду сарбоз ба Душанбе оварда шуда, мурофиаи додгоҳияшон дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Аммо қаблан Нигора Ҳаитова, вакили хонаводаи Тешабоев, дар як аризаи расмӣ аз гурӯҳи тафтишотии парванда хоста буд, гумонбарони асосӣ дар қатли Раҳимҷон Тешабоев барои ташхиси равонӣ ба Маскав бурда нашаванд. Ба гуфтаи наздикони Тешабоев, вакили онҳо ин дархостро рӯзи 20 сентябр ба сардори гурӯҳи тафтишотии парвандаи бародараш -- Алексей Фёдоров, капитани адлияи бахши тафтишотии додситонии Русия супурдааст. Ба гуфтаи онҳо, дар ин ариза зикр шудааст, дар сурати ба фоидаи сарбозони гумонбар -- Илдар Сахапов ва Федор Басимов анҷом шудани натиҷаҳои ташхиси равонӣ дар Маскав онҳоро метавонанд ба далели бемории равонӣ аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод кунанд.

Ҷониби хонаводаи Тешабоев ба гурӯҳи тафтишотӣ пешниҳод кардаанд, ташхиси равонӣ ё дар Тоҷикистон сурат гирад ва ё гурӯҳи ташхискунанда аз Русия ба Тоҷикистон оварда шавад. Наздикони Раҳимҷон мегӯянд, ҳарду сарбози пойгоҳи 201-и Русия тариқи шартномавӣ хизмат мекарданд ва пеш аз ҷалб шуданашон ба артиш аз муоинаи тиббӣ гузашта, ҳамчун афроди солим сабт шудаанд. Онҳо тарс доранд, ки бо баҳонаи зарурати анҷоми ташхиси равонӣ ин ду сарбозро ба Русия “мегурезонанд.”

Ҷасади Раҳимҷон Тешабоевро, ки дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе ба ҳайси “таксист” кор мекард, шаби 19 август аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Пулиси ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26 августи соли ҷорӣ ду сарбози пойгоҳи Русияро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кард.

Як манбаи наздик ба ҷараёни тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, Фёдор Басимов аз Раҳимҷон Тешабоев 50 ҳазор рубл, муодили тақрибан 1 ҳазору 500 доллар қарздор будааст. Ӯ аз ҳамхидматаш Илдар Сахапов машварат мепурсад, ки бо “таксист” чӣ кунад? Мусоҳиби Озодӣ гуфт, онҳо тибқи маслиҳати пешакӣ ибтидо рӯзи 16 август талош кардаанд, то "масъаларо ҳал кунанд." Вале бори якум муваффақ нашуда, рӯзи 18 август Раҳимҷон Тешабоевро "моҳигирӣ меравем" гуфта, фиреб медиҳанд ва дар лаби кӯл Фёдор ронандаро медораду Элдар гарданашро мебурад.

Раҳимҷон Тешабоев бо мошини “Опел-Астра”-аш асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Тешабоев 36 сол ва 3 фарзанд дошт.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон ба камияш то соли 2042 тамдид шуд.

Феълан тафтиши парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони пойгоҳи 201-и Русия идома дорад, чунки мувофиқи созишномаи ҳузури пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон, сарбозони Русия дар Тоҷикистон аз масуният дар баробари ҷавобгарии ҷиноӣ бархӯрдоранд ва агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG