Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ба ҳабси абад маҳкум шудани сарбози рус дар Арманистон (ВИДЕО)


Муҳокимаи сарбози руси пойгоҳи Русия дар Арманистон 8 моҳ тӯл кашид ва яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар Арманистон аст.  Додгоҳ ӯро дар қатл, ғоратгарӣ ва талош барои убури ғайриқонунии марз гунаҳкор донист.

Додгоҳи Арманистон рӯзи 23-юми август як сарбози русро барои қатли бераҳмонаи як хонаводаи арманӣ дар соли 2015 ба зиндони абад маҳкум кард. Муҳокимаи Валерий Пермяков, дар шаҳри шимолуғарбии Гюмрӣ дар наздикии пойгоҳи низомии Русия баргузор шуд. Валерий Пермяков, ки ба гуноҳаш иқрор шудааст, дар мурофиаи рӯзи 19-уми август аз ҳаққи сухани охирин даст кашид.

Вай рӯзи 12-уми январи соли 2015 силоҳу муҳимоти ҷангиашро гирифта аз пойгоҳ фирор мекунад ва сипас ба хонаи оилаи Аветсиёнҳо ворид шуда, 7 узви оиларо ё ҳадафи тир қарор медиҳад, ё корд мезанад. Шаш нафар аз ҷумла, як кӯдаки 2-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд ва тифли шашмоҳаи дигар чанд рӯз баъд дар бемористон даргузашт.

Дар Тоҷикистон, ки мизбони пойгоҳи бузурги низомии Русия аст, ҳодисаҳои шабеҳе рух додаанд ва аз ҷумла як сарбози русро ба қатли духтари тоҷик Шоира Ҷобирова имсол ба 12 соли зиндон маҳкум карданд.

Валерий Пермяков баъди ин аз саҳнаи ҷиноят фирор карда ва мехоҳад, ба Туркия равад, аммо дар марзи Арманистон бо Туркия боздошт шудааст. Моҳи августи соли 2015 додгоҳи низомии Русия Валерий Пермяковро барои фирор аз артиш ва қонуншиканиҳои дигар ба 10 соли зиндон маҳкум кард ва баъдан барои идомаи муҳокима ба Арманистон интиқол дод.

Қатле, ки мардуми Арманистонро ба хашм овард

Қатли хонаводаи ҳафтнафарӣ аз дасти сарбози рус хашми мардуми Арманистонро барангехт ва садҳо нафар дар Ереван ва дар шаҳри Гюмрӣ ба зидди ҳузури низомии Русия дар кишварашон тазоҳурот карданд. Тазоҳургарон ҳамчунин мехостанд, ки муҳокимаро додрасҳои Арманистон пеш баранд, вале муҳокимаи Валерий Пермяков дар як қароргоҳи пойгоҳи низомии Русия дар Гюмрӣ сурат гирифт ва ҳоло маълум нест, ки ӯ ҳукми зиндонашро дар куҷо адо мекунад.

Расонаҳои Арманистон гуфтаанд, ки мумкин аст, ӯро барои адои ҷазо ба Русия бифристанд. Дар воҳиди низомии Русия дар Гюмрӣ, ки пойгоҳи стротегие дар Қафқози Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад, 3 ҳазор сарбоз хидмат мекунанд.

Ҳодисаҳои шабеҳ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, ки мизбони пойгоҳи бузурги низомии Русия аст, ҳодисаҳои шабеҳе рух додаанд ва аз ҷумла як сарбози русро ба қатли Шоира Ҷобирова, як духтари тоҷик имсол ба 12 соли зиндон маҳкум карданд.

Аз ин пештар Илдар Сахапов ва Федор Басимов, ду афсари пойгоҳи 201-уми Русияро барои сар буридани як ронандаи таксӣ дар Душанбе аз 13 то ба 17 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамаи ин афсарон барои адои ҳукм ба Русия фиристода шудаанд, чун бар асоси қарордоди дуҷониба дар бораи ҳузури пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон, сарбозони рус аз ҳаққи масуният бархӯрдоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG