Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти сарбози пойгоҳи Русия "барои латту кӯби таксист"


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Як сарбози пойгоҳи 201 барои латту кӯби Дилшод Хушов, сокини Душанбе боздошт шудааст. Вале масъулони пойгоҳ мегӯянд, ҳанӯз таҳқиқот ба анҷом нарасида, маълум нест, моҷароро кӣ сар кардааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Денис Борисенко – як сарбози пойгоҳи 201-уми Русия дар кишварро барои латту кӯб ва кӯшиши рабудани мошини Дилшод Хушов, ронандаи таксӣ ва сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, боздошт кардаанд.

Бино ба иттилои як манбаи муътамад дар Идораи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур, ки таҳқиқи қазияро бар дӯш дорад, Борисенко феълан дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати рақами яки пойтахт нигаҳдорӣ мешавад.

Ярослав Рошупкин, сухангӯи округи марказии Вазорати дифои Русия, ки пойгоҳи 201-и мустақар дар Тоҷикистон тобеи он аст, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, воқеан миёни Денис Борисенко ва Дилшод Хушов моҷаро бархостааст. Вале, ба қавли ӯ, мутахассисони пойгоҳ омилҳои ин моҷарроро таҳқиқ доранд ва ҳанӯз мушаххас наашудааст, ин моҷаро бо айби кӣ сар задааст.

"Мо аз расонаҳои Тоҷикистон дархост дорем, дар пӯшиши ин хабар мунсифона рафтор кунанд",-таъкид дошт Рошупкин. Вай гуфт, Денис Борисенко лейтенанти калон будааст.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тафтишотии Тоҷикистон мегӯянд, ҳодисаи латту кӯби Дилшод Хушов аз тарафи сарбози пойгоҳи 201-ум шаби 24 январи соли ҷорӣ дар наздикии маҳаллаи “базаи сеюм”-и шаҳри Душанбе иттифоқ уфтодааст. Манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи пулиси ноҳияи Шоҳмансур гуфт, “Денис Борисенко дар ҳолати мастӣ ронандаи таксиро латту кӯб карда, сипас мошинаи ӯро гирифта рафтанӣ мешавад. Аммо дучори садама шуда, баъдан аз сӯи маъмурони пулис боздошт мегардад.”

Ҳоло мошини Дилшод Хушов, ки бо айби Денис Борисенко дучори садама шудааст, дар ташхисгоҳ қарор доштааст. Мусоҳиби мо афзуд, таҳқиқи ин ҳодисаро тақрибан ба поён бурда, то чанд вақти дигар алайҳи сарбози Русия айб эълон хоҳанд кард.

Илдар Сахапов ва Федов Басимов

Илдар Сахапов ва Федов Басимов

Тайи моҳҳои охир бори дувум аст, ки номи сарбозону афсарони пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба ҷурми латту кӯб ва куштори ронандаи таксӣ дар Душанбе расонаӣ мешавад.

Қаблан, Илдар Сахапов ва Федор Басимов – ду сарбози пойгоҳи ҳарбии Русия ба ҷурми даст доштан дар қатли ронандаи таксӣ -- Раҳимҷон Тешабоев боздошт шуда, то кунун тафтиши парвандаашон идома дорад. Ин ду сарбози пойгоҳи Русия 26 августи соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд.

Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

Масъалаи рафтори низомиҳои рус дар хориҷ асосан баъди қазияи як моҳи пеши Валерий Пермяков, як сарбози пойгоҳи Русия дар Арманистон вирди забони расонаҳо шуд. Пермяков рӯзи 12 январ аз қисми низоми воқеъ дар шаҳри Гюмрӣ фирор карда, 7 узви як хонаводаи маҳаллиро аз тири автомати Калашникови бо худ бурдааш ба ҳалокат

Раҳимҷон Тешабоев

Раҳимҷон Тешабоев

расонд. Ӯро рӯзе баъд дар наздикии марзи Арманистон бо Туркия дастгир карданд. Русия баъди ин моҷаро ба хотири таскини хашми ҷомиаи Арманистон ваъда дод, ки муҳокимаи парвандаи ин сарбозашро дар худи Арманистон анҷом хоҳад дод ва аз соли 2016 такмили сафҳои пойгоҳҳои хориҷии артиши Русия танҳо аз ҳисоби сарбозони қарордодӣ сурат хоҳад гирифт.

Пойгоҳи низомии 201-и Русия бо наздик ба 7 ҳазор сарбозу афсари худ дар се шаҳри Тоҷикистон - Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб ҷойгир шудааст. Моҳи октябри соли 2012 Маскаву Душанбе мӯҳлати будубоши сарбозони рус дар қаламрави Тоҷикистонро то соли 2042 тамдид карданд.

Дар иваз Русия мебоист дар навсозии нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон кумак кунад. Бино бар созишнома, ин пойгоҳ ҳимояи манфиатҳои Русия ва якҷо бо артиши Тоҷикистон амнияти ин кишварро таъмин мекунад. Ду тараф онро омили таъмини субот ва амният дар минтақа арзёбӣ мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG