Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбози рус бо пардохти $1000 ҷубронпулӣ раҳо шуд


Додгоҳи гарнизони низомии шаҳри Душанбе як сарбози пойгоҳи 201-уми Русияро, ки ба лату кӯби ронандаи такси дар Душанбе муттаҳам мешуд шартан ба ду соли зиндон маҳкум намуд.

Денис Борисенко, сарбози пойгоҳи 201-уми Русия барои лату кӯб ва кӯшиши рабудани мошини Дилшод Хушов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ба ду соли шартии маырумият аз озодӣ маҳкум шуд ва боздоштгоҳро тарк намуд. Ҳамзамон бар пояи қонуни афви Русия сарбоз афв карда шуд.

Ҳодисаи лату кӯби Дилшод Хушов аз тарафи сарбози пойгоҳи 201-ум Денис Борисенко шаби 24 январи соли ҷорӣ дар наздикии маҳаллаи “Базаи сеюм”-и шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод. Ба думболи ин манбаи Радиои Озодӣ дар Идораи пулиси ноҳияи Шоҳмансур гуфт, “Денис Борисенко дар ҳолати мастӣ ронандаи таксиро лату кӯб карда, сипас мошинаи ӯро гирифта рафтанӣ мешавад. Аммо дучори садама шуда, аз сӯи маъмурони пулис боздошт мегардад.”

Шаҳло Юнусова, вакили мудофеи сарбози Пойгоҳи 201- уми Русия рӯзи 5 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳукми додгоҳ авохири сентябр содир шуд ва айбдоршаванда ду сол ҳукми шартӣ гирифт. Ин сарбоз ба таври қарордохӣ хизмат мекунад ва то охири мӯҳлати сарбозӣ хизматашро дар ҳамин пойгоҳ идома хоҳад дод.

Шаҳло Юнусова афзуд, ки додгоҳ хисороти ҷисмонии ронандаи тоҷикро 60 ҳазор рубли русӣ, муодили 1000 доллар муайян кард ва Борисенко ин маблағро ба Хушов додааст.

Зимнан Дилшод Хушов, таксисти осебдидаи тоҷик, рӯзи душанбеи 5 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки агарчӣ ин маблағ зиёд нест, аммо ӯ аз "судбозӣ" хаста шуда бо ҳамин маблағ иктифо кард ва аз гуноҳи сарбози рус гузашт.

Дар тули як соли ахир чанд сарбози Русия дар заминаи содир кардани ҷиноятҳои марбут ба лату кӯб ва талоши дуздии моли шаҳрвандони Тоҷикисто мавриди боздошт ва мурофиаҳои додгоҳӣ қарор гирифтанд. Додгоҳи гарнизони низомии пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон рӯзи 26 август, бо қарори худ ду сарбози ин пойгоҳ - Илдар Сахапов ва Федор Басимовро дар куштори шаҳрванди Тоҷикистон Раҳимҷон Тешабоев гунаҳгор эълон кард ва ба онҳо аз 13 то 17 сол ҳукми зиндон дод.

Тоҳир Султонов
Тоҳир Султонов

Дигар сарбози ин пойгоҳ дар шаҳри Қӯрғонтеппа Дмитрий Толстой рӯзи 21 август ба сару гардан ва пою шиками таксирони тоҷик Тоҳир Султонов беш аз 30 корд задааст. Ин таксирони тоҷик 10 рӯз дар беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон бистарӣ буд.

Хонаводаи таксирон мегӯяд, ки рагҳои дасти рости Тоҳир бо 19 зарбаи корди Толстоӣ канда шуда, панҷаҳояш аз ҳаракат мондаанд. Онҳо рӯзи 3 сентябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки алакай барои табобати писарашон ба маблағи беш аз 6 ҳазор доллари амрикоӣ дору ва хун харидаанд ва барои идомаи табобаташ аз пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон талаби кӯмаки пулӣ доранд.

Хонаводаи Султоновҳо ҳамчунин муҷозоти ин сарбози Русияро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG