Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сарбози руси гумонбар дар қатли 6 арманӣ


Валерий Пермяков дар қатли шаш узви як хонавода гумонбар дониста мешавад.
Валерий Пермяков дар қатли шаш узви як хонавода гумонбар дониста мешавад.

Маскав қатли як хонаводаи арманиро, ки дар он як сарбози рус гумонбар мешавад, маҳкум кард ва барои таҳқиқи ин ҳодиса як комиссияи вижа таъсис дод. Мақомоти Арманистон мегӯянд, ин сарбозро дар марз бо Туркия дастгир кардаанд.

Як сарбози рус, ки ба куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар шаҳри Гюмрии Арманистон гумонбар дониста мешавад, дар марзи ин кишвар бо Туркия боздошт шудааст. Бар пояи гузориши расонаҳои русӣ, ҳодисаи куштор низ дар марзи Арманистон бо Туркия сурат гирифтааст.

Тибқи ин гузоришҳо, дар рӯзи содир шудани ҷиноят, сарбози рус Валерий Пермяков, пойгоҳи низомиро худсарона бо силоҳ тарк кардааст. Ҷасади шаш узви хонаводаи Асестисянро наздиконашон пайдо кардаанд, ки дар миёни онҳо як духтарчаи яксола низ будааст.

Дар ҷои ҳодисаи ҷасадҳои зану шавҳар Сержаи 53-сола ва Асмик Аветисяни 51-сола, ҳамчунин писарашон Армени 33-сола, духтарашон Аиди 35 сола, келинашон Араксии 22-сола, ҳамчунин набераи дусолаи онҳо Асмик пайдо шудааст.

Ба навиштаи «Коммерсант», Асмики 2-сола, ки дар кат хоб будааст, бо зарби ханҷар кушта шудааст. Аммо Австисяни 51-сола, ки бар рӯи ин сарбоз дарро боз кардааст, аз зарби тир ба ҳалокат расидааст. Ҳодисаи куштори ин хонавода дар соати 06:30-и субҳи рӯзи душанбеи 12 январ рух додааст ва яке аз сокинони маҳал ба пулис гуфтааст, ки дар он лаҳзаҳо сару садоҳоро шунидааст. Гумонбар дар қатли афроди ин хона Валерий Пермяков бегоҳи ҳамон рӯз боздошт шудааст.

Дар ин ҳамла як писараки шашмоҳа маҷрӯҳ шудааст ва табибон вазъи ӯро “басо сангин” арзёбӣ мекунанд. Дар ҷойи ҳодиса патрону тир ва далели асосӣ пойафзоли низомие ошкор гардид, ки дар он ному насаби Пермяков сабт шудааст.

Хабаргузории русии ТАСС менависад, вазорати дифои Русия барои тафтиши куштори оммавӣ дар Гюмрӣ комиссиюни вижа таъсис дод, ки ба он муовини вазир Аркадий Бахин сарварӣ мекунад. Тафтиши парванда таҳти назорати раисиҷумҳури Арманистон Серж Саргсян қарор дорад. Пойгоҳи 102-уми низомии Русия мустақар дар Арманистон ҳифзи марзи Арманистону Туркияро дар душ дорад.

Ҳодисаи ба ин монанд аз сӯи сарбозони рус, соли гузашта дар Тоҷикистон низ ба вуқӯъ пайваста буд. Ҷасади Раҳимҷон Тешабоевро, ки дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе ба ҳайси “таксист” кор мекард, шаби 19 августи соли 2014 аз назди кӯле дар назди деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ бо гардани бурида пайдо карданд. Пулиси ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи 26 августи соли ҷорӣ ду сарбози пойгоҳи Русия -- Илдар Сахапов ва Федор Басимовро бо гумони даст доштан дар ин куштор дастгир кард. Раҳимҷон Тешабоев бо мошини “Опел-Астра”-аш асосан ба сарбозону афсарони як воҳиди пойгоҳи 201-и Русия дар маҳаллаи Гипроземи Душанбе хидмат мерасонд. Тешабоев 36 сол ва 3 фарзанд дошт.

Ба дунболи ин ҳодиса ин ду сарбозро ба Русия бурданд ва ташхис муайян кард, ки онҳо солим ҳастанд ва моҳи декабри онҳоро дубора ба Тоҷикистон оварданд. Феълан парванда аз ҷониби гурӯҳи муфаттишони Пойгоҳи 201 Русия идома дорад ва мувофиқи Созишномаи ҳузури Пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон бо назардошти масунияте, ки сарбозони Русия дар Тоҷикистон бархӯрдоранд, агар ҷинояте дар қаламрави Тоҷикистон содир кунанд, бар асоси қонунгузории Русия ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Пойгоҳи 201-и артиши Русия дар Тоҷикистон бо тақрибан 7000 афсару аскараш бузургтарин пойгоҳи хориҷии нирӯҳои хушкигарди артиши он кишвар ба шумор меравад. Воҳидҳои ин пойгоҳ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар буда, соли 2012, бо имзои як қарордод замони ҳузури он дар Тоҷикистон ба камияш то соли 2042 тамдид шуд.

XS
SM
MD
LG