Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ширкати баъзе варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпӣ рад шуд


Раиси Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук Себастян Коу ба номаи вазири варзиши Русия Виталий Мутко дар бораи ба Бозиҳои олимпии тобистона дар Рио-де-Жанейро роҳ додани варзишгароне, ки аз допинг истифода накардаанд, посухи рад додааст. Дар ин бора хабаргузории Интерфакс рӯзи 27 июл иттилоъ дод.

Вазири варзиши Русия аз Себастян Коу хоста буд ба варзишгароне, ки ба меъёрҳои муқарраркардаи Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ҷавобгӯянд, иҷозаи ширкат дар Бозиҳои олимпиро диҳад. Виталий Мутко мехост, ки ҳадди аққал се варзишгари маъруф - Елена Исинбаева, Мария Кучина ва Сергей Шубенков ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо кунанд.

Аз ин пеш Оҷонсии ҷаҳонии зидди допинг ё WADA аз тасмими Кумитаи байнулмилалии олимпӣ барои иҷозаи ширкати варзишгарони Русия дар Бозиҳои олимпии тобистона дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия изҳори нороҳатӣ кард. Раиси Оҷонсӣ Крейг Риди гуфт, гузориши барои WADA таҳиякардаи Ричард Макларен мавҷудияти барномаи допингии таҳти назорати ҳукумати Русияро тасдиқ кард. WADA ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ тавсия дода буд, ки дастаи мунтахаби Русияро аз ширкат дар Бозиҳои олимпӣ дар Рио маҳрум созад. Аммо Кумитаи байнулмилалии олимпӣ тасмим гирифт, ки ҳалли сарнавишти варзишгарони рус бар ӯҳдаи федератсияҳои байнулмилалӣ оид ба навъҳои алоҳидаи варзиш вогузор шавад.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки қарор аст дар Бозиҳои олимпӣ беш аз 300 варзишгари рус ширкат кунанд. Аммо баъзе расонаҳои ғарбӣ ҳадс мезананд, ки теъдоди ширкаткунандагони Бозиҳои олимпӣ аз Русия аз 40 нафар беш нахоҳад буд.

Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейро дар Бразилия аз 5 то 21 август идома хоҳанд кард. Бино ба иттилои ахир, раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар маросими ифтитоҳи ин Бозиҳо ширкат нахоҳад кард.

XS
SM
MD
LG