Пайвандҳои дастрасӣ

"Набард"-и сенатори рус бо филмҳои "зиддирусӣ"


Постери филми "Набарди Сталинград"-и Фёдор Бондарчук дар Македония

Постери филми "Набарди Сталинград"-и Фёдор Бондарчук дар Македония

Як сенатори рус пешниҳод кардааст, то пахши филмҳои хориҷии "зиддирусӣ"-ро дар Русия қонунан манъ кунанд. Ин даъват дар пасманзари маъракаи таблиғи ақидаҳои ватандӯстӣ дар ин кишвар сурат мегирад.

Агар шумо аз тасвири якнавохти русҳои майзада ва фосид дар филмҳои тавлиди Ҳолливуд хаста шудаед ва мехоҳед русҳоро дар ҳарири як тасвири гулобӣ бубинед, пас бидонед, ки ин шабу рӯз Русия ҷойи шумост. Ба эҳтимоли қавӣ, аз ин ба баъд филмҳои коргардонҳои ғарбӣ, ки дар онҳо русҳо чеҳраи мусбат надоранд, аз бозори синамои Русия бардошта мешаванд.

Сенатори Русия Бату Хасиков рӯзи 25 уми август масъалаи маҳдуд кардани филмҳои хориҷии “зиддирусӣ”- ро дар миён гузошт ва аз филмсозони дохилӣ даъват кард, ки чеҳраи “мусбату ватандӯстона”-и Русияро ба намоиш гузоранд. Боту Хасиков гуфт, “филмҳое, ки аз Русия чеҳраи аҳриманӣ месозанд ва ҳар чизи марбут ба Русия ва фарҳанги онро содаву аблаҳона тасвир мекунанд, набояд ба экранҳои бузург роҳ ёбанд.“

Боту Хасиков, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи кикбоксинг, бо он ки аз филми мушаххасе ном набуд, эҳтиёткорона гуфт, ки ин набояд монеъи вуруди филмҳои ҳунарии хориҷӣ ба бозори Русия шаванд.

Аммо дар ҳамин рӯзи 25 август вазорати фарҳанги Русия номгӯи 100 филми “классикӣ”-ии хориҷиро пахш кард, ки тамошои онҳо тавсия мешавад. Ба ин рӯйхат, ки дар сомонаи интернетии вазорати фарҳанг нашр шудааст, “Замони муосир”- и Чарлз Чаплин, “Соати охируззамон”-и Френсис Форд Кополла ва филми “Титаник”- и Ҷеймс Камерон низ шомил ҳастанд.

Маълум нест, ки пахши рӯйхати филмҳои хориҷӣ ва изҳороти ҳамзамони сенатори Русия амали тасодуфӣ буд ё хайр, вале Хасиков гуфт, бо ибтикори марбут ба “Соли фарҳанг” дар Русия, филмсозҳои кишвар бояд асарҳои ватандӯстона таҳия кунанд. “Қаҳрамонҳои филмҳои имрӯза арзиш ва нумунае барои пайравӣ надоранд,”- гуфт Бату Хасиков ва филми “Мо - аз оянда”-ро ҳамчун як намунаи мусбат муаррифӣ кард. Дар ин филм чаҳор ҷавони рус дар замон сафар мекунанд ва ба давраи Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ бармегарданд. Намунаи дигари овардаи Хасиков филм дар бораи хоккейбози машҳур Валерий Харламов буд, ки ахиран раисиҷумҳури Русия Владимир Путин низ аз он ситоиш кард.

Даъвати Бату Хасиков дар пасманзари маъракаи густардаи “фарҳанги ватанпарастӣ” дар Русия садо дод, ки ҳукумати ин кишвар дар моҳҳои ахир ба роҳ мондааст. Тасвири манфии чеҳраи русҳо дар филмҳои хориҷӣ аз замони ҷанги сард боқӣ монда, ҳоло низ аз байн нарафтааст. Аксари русҳо аз дидани тасвири мазҳакаомез ва майзадаи ҳамватанони худ дар филмҳои ҳолливудӣ нороҳат мешаванд.

Владимир Мединский, вазири фарҳанги Русия, ки аз замони таъинаш ба ин мақом чанд асари таърихии ҳаваскорона навиштааст ва “афсонабофӣ”-и Ғарбро дар бораи русҳо гӯё “фош” кардааст, аз коргардонҳои рус даъват кард, ки филмҳои патриотии пурфурӯш таҳия кунанд. Ахиран вазорати фарҳанги Русия назоратро аз рӯи сармоягузории давлат ба соҳаи синамо таҳким бахшид.

Соли гузашта филми “Набарди Сталинград”- и Фёдор Бондарчук, ки дар хориҷ низ маъруфият пайдо кард, дар дохил ҳамчун беҳтарин намунаи филми ватандӯстона мурарифӣ шуд.

XS
SM
MD
LG