Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактабҳои русӣ серхаридор шудаанд


Довталабони таҳсил дар мактабҳои русии Тоҷикистон зиёд шудааст, чун ин мактабҳоро "беҳтар" аз мактабҳои тоҷикӣ медонистаанд.

Дар Тоҷикистон 26 мактаби русӣ ва ҳам 132 макотиби омехтаи русӣ бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбакӣ, инглисӣ ва қирғизӣ фаъолият доранд. Масъулини вазорати маориф ва илм мегӯянд, ки дар ин мактабҳо 163 ҳазор нафар, аз ҷумла, бештар аз 71 ҳазор духтарон таҳсил мекунанд.

Зарина Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, духтарчааш дар боғча бо забони русӣ таълим гирифтааст ва аз ин хотир мехоҳад, таҳсилро бо ҳамин забон идома диҳад. Бо Зарина пушти дари утоқи кории директори мактаби рақами 21-и пойтахт сӯҳбат доштем, мактабе, ки таҳсил он ҷо бо забони русист. Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, хонандаҳои

Зарина Мамадқулова, як сокини Душанбе мегӯяд, дӯст дорад фарзандонаш дар мактаби русӣ таҳсил кунанд.
Зарина Мамадқулова, як сокини Душанбе мегӯяд, дӯст дорад фарзандонаш дар мактаби русӣ таҳсил кунанд.

литсею мактабҳои русӣ, таври маъмул, донотару бо интизом ва огаҳтаранд ва роҳи ояндаашон ҳам бозтар аст, зеро шароити таълим дар ин мактабҳо аз шароити мактабҳои тоҷикӣ фарқ мекунад.

Мисли Зарина даҳҳо волидони дигар ҳам гуфтанд, ки маҳз барои ба ин мактаб қабул кардани фарзандашон омадаанд. Иброҳим Маҳмадов, сокини дигари шаҳри Душанбе, ки набераи худро барои мусоҳиба ба мактаб оварда буд, гуфт, аҳли хонаводаи онҳо аксаран мактабро бо забони русӣ хатм кардаанд. Аз ин хотир наберааш ҳам мехоҳад дар мактаби русӣ таҳсил кунад: «Дар хона апаву акааш бо забони русӣ гап мезананд, барои ҳамин инро ҳам ба мактаби русӣ овардем. Агар ин дар мактаби тоҷикӣ хонад, дар хона онҳо бо русӣ суҳбат мекунанд, фикр мекунам ин хуб нест. Барои ҳамин овардам, ки бо муаллима ва директории мактаб сӯҳбат кунад ва онҳо бинанд, ки то куҷо донистани забони русии набераам ба талаботашон мувофиқ аст».

Иброҳим Маҳмадов мегӯяд, ки дар хонаводаи онҳо ҳама ба русӣ сӯҳбат мекунанд ва мехоҳад ки набераҳояш дар мактаби русӣ таҳсил кунанд.
Иброҳим Маҳмадов мегӯяд, ки дар хонаводаи онҳо ҳама ба русӣ сӯҳбат мекунанд ва мехоҳад ки набераҳояш дар мактаби русӣ таҳсил кунанд.

Ба бовари волидон, таълиму тадрис дар мактабҳои русӣ барои ояндаи фарзандонашон муфид аст ва метавонад дари донишгоҳҳои муътабарро ба рӯи онҳо боз кунад. Онҳо ҳамчунин мутмаинанд, ки сифати таълим дар ин таълимгоҳҳо беҳтар аст, зеро муаллимони рус нисбатан масъулиятшиносу серталабанд.

Баҳром Исмоилов директори мактаби рақами 21-и ба номи Юрий Гагарин дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт гуфт, бар пояи нақша бояд имсол 30 нафар хонанда дар синфи якум қабул карда шаванд. Ӯ афзуд, ки дар бораи қабул ба мактаб баъди сӯҳбат бо худи кӯдакон тасмим гирифта мешавад: «Аксари волидон мехоҳанд, ки кӯдаконашон забони русиро омӯзанд. Вале мо дар аввал, на ин хоҳиши волидонро балки фаҳмиши кӯдакро ба инобат мегирем. Барои мисол, ҳар нафаре, ки фарзандашро ба ин мактаб овард, бояд бача фаҳмиши забони русиро дошта бошад. Бо бача сӯҳбат гузаронида мешавад. Бояд кӯдак бо муаллимаи русзабон озод сӯҳбат карда тавонад. Баъзеҳо мегӯянд, ки фарзанди ман китоб хонда метавонад ва ё ҳарфҳоро мешиносад, вале ин ба назар гирифта намешавад».

Баҳром Исмоилов гуфт, дар мактабҳои русӣ хонандагоне, ки яке аз волидонашон русзабонанд, бидуни сӯҳбат қабул карда мешаванд. Аммо гуфта мешавад, ки ҳоло нисбат ба мактабҳои миёнаи русӣ, дар литсею гимназияҳои бонуфузе мисли «Ҳотам ПВ» ва «Литсейи кӯдакони болаёқат», омӯзгорони баландихтисоси русзабон дарс мегӯянд. Аммо таҳсил дар ин ҷо пулакӣ аст ва аз ин рӯ на ҳама имкон доранд, ки кӯдаконашон дар ин мактабҳо таҳсил кунанд. Ва ин мактабҳои ба истилоҳ дорои «престиж» асосан фарзандони мансабдорон таҳсил мекунанд.

Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, ки бояд сифати таълим дар мактабҳои тоҷикӣ беҳтар ва теъдоди устодони ботаҷрибаву «боинсоф» зиёд карда шавад. Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари гимназияи «Ҳотам-ПВ», ки имрӯз дар кишвар бо пирӯзии хонандаҳояш дар озмунҳои байналмилалӣ маъруф аст, мегӯяд, барои беҳтар кардани сифати таълим дар мактабҳои тоҷикӣ кадрҳои баландихтисосу босавод таҳия шаванд. Зеро ба гуфтаи Ҳотамов, на забон, балки сифати таълим метавонанд хонандаро ба худ ҷалб кунад:

«Ҳарчанд вазорати маориф кwшиш мекунад, ки сифати таълимро беҳтар кунад, аммо ин вобаста аз раҳбарони мактабҳо аст. Дар бештари мактабҳо омӯзгорон боинсоф хеле кам ҳастанд, бархеҳо ба мактаб на ба ҷои дарс гуфтан меоянд, балки рӯзи худро ба қавле кур мекунанду халос. Ҳоло дар мактабҳои муаллимоне, ки дониши хуб доранд зиёд нестанд».

Ин ҳам дар ҳоле, ки вазорати маориф ва илм ҳам борҳо аз нарасидани муаллимони русӣ дар мактабҳо садо баланд карда буд. Ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, ҳоло дар шаҳри Душанбе 4 мактаби русӣ, дар ноҳияҳои тобеи кишвар 2 мактаб, дар Суғд 9 ва Хатлон 2 мактаби русӣ фаъолият мекунанд. Дар баробари таълим дар 2756 мактаби тоҷикӣ, инчунин дар 1070 мактаби дигар таълим дар баробари забони тоҷикӣ ба забонҳое чун русӣ, англисӣ, ӯзбакӣ ва қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

XS
SM
MD
LG