Пайвандҳои дастрасӣ

Рахна ба торнамои Путин -- посухи баста шудани торнамоҳо?


Ҳомиёни озодии баёни Русия аз барканории сардабири хидматнишондодаи торнамоии маъруфи Лента.ру ва баста шудани чанд сомонаи интернетӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.

Аксари нозирон ҳамла ба торнамоҳои расмии Русияро посух ба маҳдуд шудани дастрасии муштариён ба чанд сомонаи хабарӣ ва таҳлилӣ дар ин кишвар меноманд. Торнамои раёсатҷумҳурии Русия ҳадафи чанд ҳамлаи “ҳакер”-ҳо ё дуздони интернетӣ қарор гирифтааст. Кормандони ин сомона мегӯянд, ин пурқудраттарин ҳамла дар таърихи торнамои Путин буд.

Хадамоти матбуотии Кремл иттилоъ дод, ки торнамои раёсатҷумҳурӣ ва Бонки марказии Русия рӯзи ҷумъа даҳҳо бор аз тарафи дуздони интернетӣ зарба диданд ва чанд соат барои муштариёнашон дастнорас шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ талоши зиёда ба харҷ дода шуд, то ин торнамоҳо дубора дастраси мардум шаванд.

Дар ин байн радиои "Эхо Москви" ба нақл аз манбае дар дастгоҳи раёсатҷумҳурии Русия гуфтааст, гумон намеравад, ин ҳамлаҳо бо рӯйдодҳои Украина рабт дошта бошанд, зеро фиристодани паёмҳои занҷираӣ ба торнамои мазкур дар гузашта ҳам ҷой доштааст.

Дар изҳороти Хадамоти матбуотии Кремл гуфта мешавад, ин қавитарин ҳамла ба торнамои президенти Русия, Владимир Путин, буд. Торнамои Бонки марказии Русия низ бо ҳамлаи навъи “DDoS” аз кор афтод ва фақат баъд аз чанд соат дастрас гашт. Ҳамлаи “DDoS” дархости итилоъст, ки ҳамзамон аз садҳо ҳазор компютер фиристода шуда, серверҳои торнамоҳоро бо мушкиле рӯбарӯ мекунад, ки дар натиҷаи он торнамо аз шабакаи ҷаҳонии интернет нопадид мегардад.

Торнамои савуме, ки зери зарба монд, сомонаи хабарии Lenta.ru буд, ки гуфта мешавад, барои нашри матолиби танқидӣ дар бораи сиёсати Русия дар Украина, сардабири он Галина Тимченко иваз карда шуд ва ҳамаи кормандонаш ба нишони эътироз ин хабаргузориро тарк карданд. Сардабири торнамо барои нашри мусоҳибаи баҳсбарангез бо намояндаи миллатгароёни гурӯҳи “Сектори рост”-и Украина Одрий Тарасенко аз мақомаш барканор шуд, вале ҳайати эҷодӣ сардабири навро напазируфт ва ӯ ҳам маҷбур аз ин мақом даст кашид.

Ҳамзамон ширкатҳои интернетрасони Русия дастрасӣ ба чанд торнамои ошкорбаён ва мухолифи ҳукумати Путинро маҳдуд кард ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон аз фишор ба озодии баён дар Русия дар робита ба рӯйдодҳои Украина изҳори нигаронӣ мекунанд. Аз ҷумла торнамоҳои «Коммерсантом»-и украинӣ, «Грани.ру», «Каспаров.ру» ва «Еженеделний журнал» барои аҳолии Русия дастнорас шудаанд.

Сардабири «Еженеделний журнал» Александр Риклин мегӯяд, ҳарчанд ҳамеша зери фишор буд, ин бор ҳукумадорон ба гунаи ошкоро барояш гуфтаанд, ки сокит шудани ӯро мехоҳанд. Онҳо ошкоро торнамои моро бастанд ва бо ин роҳ ба ҳамаи расонаҳои пешсаф, ки кам ё беш аз ақидаи онҳо ҳимоят намекунанд, паём доданд.

Додситонии кулли Русия ҳамчунин дастур додааст, чандин торнамо барои "даъват ба фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва баҳам задани тартиботи ҷамъиятӣ" баста шаванд. Аз радиои "Эхо Москви" хоста шудааст, блогҳои яке аз сарони мухолифон Алексей Навалниро аз сафҳаҳои худ бардорад. Сухангӯи Навалний, Ана Ведута, ин иқдомро "поккории фазои иттилоотӣ" унвон намуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG